AFEX
Таҷҳизоти бофандагӣРамзи мол: AF-L020

Таҷҳизоти ултрасадоии бахякунӣ ва дӯзандагӣ AF-L020

Бо рушди замони мо навовариҳо ба ҳар як соҳа бошиддат ворид мешаванд.

Пешниҳоди инфиродӣ
Шиддат
380 В 50 Гц
Суръати кор
0-400 м/соат
Бари мато (бари бахякунӣ)
2200 мм
Андоза
7000x2700x2100
Вазн
3 т
Басомади корӣ
20 кГц
Нарх

Тавсиф

Дар бораи таҷҳизот

Бо рушди замони мо навовариҳо ба ҳар як соҳа бошиддат ворид мешаванд. Аз ҷумла дар соҳаи нассоҷӣ низ навовариҳои хеле сарфакор ва қулай дар ҳаёти мо ҷой мегиранд. Имрӯз AFEX-GROUP LLC ба Шумо таҷҳизоти ултрасадоии бахякуниро тавсия медиҳад, ки 3-4 сол боз ба бо нақшҳои гуногун оро дода шудан ва харидоргир гардидани маҳсулоти воридотии мо хизмат мекунад. Ин таҷҳизот бо як қатор осониҳои худ аз таҷҳизоти насли пешина фарқ мекунад. Ҳоло маҳсулоти бахякардашуда дар кишвари мо ва ҷаҳон хеле маъмул гардидааст. Барои истеҳсоли ин маҳсулоти бахякардашуда дастгоҳҳои анъанавӣ ва муосири бахякунӣ истифода мешаванд. Дастгоҳҳои анъанавӣ бахякуниро бо ёрии ришта иҷро мекунанд ва чунин раванди истеҳсолот аз баъзе камбудиҳо холӣ нест. Дар поён бахякунии нави ултрасадоӣ ва бахякунии анъанавӣ бо риштаро бо ҳам муқоиса мекунем.

  1. Таҷҳизоти бахякунӣ бо ришта назорати доимиро талаб мекунад ва хароҷоти таъмир баланд аст. (Сӯзанҳо, сервомуҳаррик, инвертор ва ғайра)
  2. Суръати бахякунӣ паст аст, бо назардошти нерӯи барқи сарфшуда коэффитсиенти кори фоиданок баланд нест.
  3. Навъи матои бахякардашаванда ва ғафсии онро доимо назорат кардан лозим аст, вагарна ин хато метавонад ба Шумо гарон афтад.
  4. Қимат будани таҷҳизот аз ҷиҳати нарх
  5. Аз меъёр зиёд будани садо дар ҷараёни кор

Мо ба Шумо таҷҳизоти ултрасадоии бахякуниро, ки ба талаботи замон пурра ҷавобгӯ аст, ва илова бар он дастгоҳи ултрасадоии дӯзандагиро пешниҳод мекунем. Хати тавсиякардаи мо кадом қулайиҳоро дорад.

  1. Арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолшаванда ба таври назаррас арзон мешавад
  2. Азбаски суръат баланд аст, фармоишҳо сари вақт иҷро мешаванд
  3. Азбаски бахякунӣ тавассути қолиби махсус иҷро мешавад, хароҷот барои таҷҳизот нисбатан арзон аст. Муҳимтар аз ҳама, дар ҷараёни бахякунӣ умуман ришта истифода намешавад.
  4. Бо мақсади ба ҳадди ақал расонидани хароҷоти Шумо мо барои дӯхтани қисмҳои канори маҳсулот таҷҳизоти ултрасадоии дӯзандагиро низ тавсия медиҳем. Дар ин таҷҳизот Шумо бисёр корҳои дигарро низ иҷро карда метавонед.
  5. Аз маҳсулоти чарми сунъӣ низ истифода бурдан мумкин аст
  6. Ҳатто ҳангоми бисёркарата шустан сифати бахякунӣ тағйир намеёбад

Бо ёрии таҷҳизоти бахякунии тавсиякардаи мо Шумо метавонед маҳсулоти 2-қабата (мато+синтепон) ва 3-қабата (мато+синтепон+мато) истеҳсол кунед. Дар поён Шумо метавонед бо нишондиҳандаҳои техникии таҷҳизот шинос шавед.

01

Нишондиҳандаҳои умумӣ

9 параметр
Нишондиҳандаҳои умумӣ
Кишвари истеҳсол
Чин
Шиддат
380 В 50 Гц
Иқтидори истеъмолӣ
1.5 кВт-5 кВт+0.75 кВт-2 кВт+0.75 кВт
Генератори ултрасадо
600 Вт*(6-20 дона)
Бари мато (бари бахякунӣ)
2200 мм
Андоза
7000x2700x2100 (ДxПxБ)
Вазн
3 т
Суръати кор
0-400 м/соат
Басомади корӣ
20 кГц

Дар соҳибкороне, ки навакак мехоҳанд дар ин соҳа кор оғоз кунанд, худ аз худ саволҳо пайдо мешаванд: ин корро чӣ гуна оғоз кунам, ашёи хоми заруриро аз куҷо гирам, оё барои оғози кор мутахассис ҳаст — дастаи AFEX-GROUP маслиҳатҳои худро дареғ намедорад ва мо мутахассисони баландихтисос дорем. Ҳоло дар бозорҳои мо маҳсулоти маъмул, яъне кӯрпаҳои бахякардашуда, болиштҳо, либосҳои болоӣ, рӯйпӯшҳо барои курсиҳои автомобил ва ғайраро истеҳсол кардан мумкин аст. Дар поён барои диққати Шумо намунаҳои баъзе маҳсулотро пешниҳод мекунем.

Барои қисмҳои канори маҳсулоти худ Шумо метавонед аз мошини оддии дӯзандагӣ низ истифода баред, аммо мо ба Шумо мошини ултрасадоии дӯзандагиро тавсия медиҳем. Барои ин таҷҳизот ришта лозим нест ва намуди маҳсулоти Шумо аз дигарон ба куллӣ фарқ мекунад. Бо интихоби роликҳои зарурӣ Шумо метавонед қисми канорро бо нақшҳои гуногуни гулдор тайёр кунед. Дар ин ҳол басомадҳо ба нуқтаи зарурӣ дода шуда, ҳолате монанди кафшеркунӣ ба амал меояд. Ин барои маҳсулоти тайёри намуди мато+синтепон+мато қулай буда, онро барои худи мато низ истифода бурдан мумкин аст.

Бо ёрии ду таҷҳизоти дар боло пешниҳодшуда Шумо метавонед бисёр маҳсулоти дар бозори кишвари мо харидоргирро истеҳсол кунед. Мо барои рушди тиҷорати Шумо бо тамоми ҷидду ҷаҳд кӯшиш кардем, зеро Шумо бо як маҳсулот маҳдуд намемонед ва арзиши аслии маҳсулоти Шумо нисбат ба пешниҳодкунандагони маҳсулоти шабеҳ хеле арзонтар меафтад ва ҳоло рақибони Шумо каманд. Умедворем, ки тиҷорати имрӯз пешниҳодкардаи мо ба Шумо писанд омад.

AFEX · МАШВАРАТ
Операторҳо онлайн

Дархости зуди нарх

Ном ва рақами телефони худро гузоред — боқимондаро мутахассиси мо ҳал мекунад.

ТаҷҳизотТаҷҳизоти ултрасадоии бахякунӣ ва дӯзандагӣ AF-L020

Маълумоти шумо ба шахсони сеюм дода намешавад

Хусусиятҳои техникӣ

Маълумот аз ҷониби истеҳсолкунанда пешниҳод шудааст; конфигуратсия метавонад вобаста ба фармоиш тағйир ёбад.

Нишондиҳандаҳои умумӣ

9 параметр
Кишвари истеҳсол
Чин
Шиддат
380 В 50 Гц
Иқтидори истеъмолӣ
1.5 кВт-5 кВт+0.75 кВт-2 кВт+0.75 кВт
Генератори ултрасадо
600 Вт*(6-20 дона)
Бари мато (бари бахякунӣ)
2200 мм
Андоза
7000x2700x2100 (ДxПxБ)
Вазн
3 т
Суръати кор
0-400 м/соат
Басомади корӣ
20 кГц

Видео

Раванди кори таҷҳизот.

Расонидан ва ба кор андохтан

Аз машварат то ба кор андохтан — раванд дар чор марҳила, дар асоси шартнома.

  1. 1

    Машварат

    Эҳтиёҷоти шуморо муайян карда, конфигуратсия ва пешниҳоди тиҷоратӣ омода мекунем.

  2. 2

    Шартнома

    Мӯҳлат, тартиби пардохт ва шартҳои кафолат дар шартнома қайд карда мешаванд.

  3. 3

    Расонидан

    Таҷҳизот аз истеҳсолкунанда то иншооти шумо расонида мешавад.

  4. 4

    Насб ва омӯзиш

    Мутахассисони мо таҷҳизотро ба кор андохта, операторҳоро меомӯзонанд.

Саволҳои маъмул

Саволҳои аз ҳама бештар додашаванда оид ба расонидан, шартнома ва пайгирӣ.

Оё фармоишҳоямро онлайн пайгирӣ кардан мумкин аст?
Шумо метавонед фармоишҳоро онлайн пайгирӣ кунед. Дар Ӯзбекистон яке аз аввалинҳо механизме таҳия карда шуд, ки тавассути системаи GPS борҳоро назорат намуда, ҷойгиршавии онҳоро муайян мекунад ва вақти расиданашонро тахминан ҳисоб мекунад. Шумо ин маълумотро танҳо бо ворид кардани рақами шартнома гирифта метавонед.
Борҳо дар чанд муддат расонида мешаванд?
Мӯҳлати расонидани борҳо дар аксари ҳолатҳо ба истеҳсолкунанда вобаста аст. Расонидани аксари таҷҳизоти истеҳсолии ҳаҷман калон нисбат ба таҷҳизоти оддӣ 2-3 маротиба вақти зиёдтар талаб мекунад. Дар сурати мавҷуд будани таҷҳизоти тайёр мӯҳлати расонидан аз 30 рӯз оғоз мешавад.  Вақте, ки барои расмиятдарории гумрукии таҷҳизот дар ҳудуди Ӯзбекистон ва равандҳои сертификатсия сарф мешавад, ба ин дохил намешавад.
Кадом усулҳои расонидан мавҷуданд?
Вобаста ба навъи мол ва мӯҳлати қабули фармоиш борҳо аз хориҷа ба ҳудуди Ӯзбекистон бо усулҳои зерин расонида мешаванд: Тавассути роҳҳои ҳавоӣ Тавассути роҳи оҳан Тавассути нақлиёти заминӣ Тавассути нақлиёти омехта
Барои бастани шартнома аз ман чӣ талаб карда мешавад?
Барои мизоҷи ширкати мо шудан аз Шумо инҳо талаб карда мешаванд: ШАҲОДАТНОМАИ тасдиқкунандаи субъекти соҳибкорӣ; Реквизитҳои бонкӣ; Рақами мушаххаси андозсупоранда (СТИР); Нусхаи шиносномаи роҳбар; Мӯҳри корхона барои тасдиқи шартнома
Машварат

Лоиҳаи шуморо якҷоя муҳокима мекунем

Барои гирифтани маслиҳат оид ба интихоби таҷҳизот, ҳалли техникӣ ва пешниҳодҳо бо мо тамос гиред.

Занг занед+998 93 381 6699Дш–Шб: 9:00 – 18:00
AFEX · ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

Моро пайгирӣ кунед

Таҷҳизоти нав, ба кор андохтан ва равандҳои истеҳсолӣ — дар каналҳои расмии мо.

Таҷҳизоти монанд

Ҳамаро дидан