1 / 12Хати истеҳсоли плитаҳои оҳанбетонӣ
Тиҷорати истеҳсоли маҳсулоти бетонӣ, азбаски бисёр соҳаҳоро фаро мегирад, яке аз фаъолиятҳои даромаднок аст.
Тавсиф
Дар бораи таҷҳизот
Тиҷорати истеҳсоли маҳсулоти бетонӣ, азбаски бисёр соҳаҳоро фаро мегирад, яке аз фаъолиятҳои даромаднок аст. ''AFEX -GROUP'' дар истеҳсоли плитаҳои оҳанбетонӣ, ки яке аз маҳсулоти бетонӣ мебошанд, технологияҳои муосирро пешниҳод мекунад.
акси маҳсулот
Равандҳои технологии истеҳсоли маҳсулот
Тайёр кардани омехтаи бетон – барои баробар рехтани плита қоришмаи бетон бояд намнок бошад.
Тайёр кардани конструксияҳои арматура – бо ёрии таҷҳизоти кашидани сим арматураҳо таранг кашида мешаванд. Барои равона кардан насб кардани таҷҳизоти рехтани плитаи бетонӣ дар ҷойи зарурӣ. Расонидани ашёи хом бо ёрии мошини интиқоли ашёи хом. Буридани маҳсулоти тайёршуда бо андозаҳои муайян.
Барои истеҳсоли плитаҳои бетонӣ ашёи хоми зерин лозим аст:
Семент, шағал, рег, арматураҳои металлӣ.Инфрасохтори зарурӣ барои оғози фаъолият:
Майдони зарурӣ: набояд аз 500 м² кам бошад. Энергияи барқ: 70 кВт/380 В. Шумораи коргарон: 4-5 нафар. Ҳамчун манбаи асосии тамоми инфрасохтор об низ талаб карда мешавад. Крани махсусе, ки барои ин лоиҳа лозим аст, вобаста ба талаби муштарӣ бо мувофиқа аз ҷониби ширкати мо насб карда мешавад.Таҷҳизоти таркиби хат:
1. Бункери нигоҳдории семент (силос). 2. Таҷҳизоти чен карда андохтани ашёи хом. 3. Миксери тайёркунандаи қоришма. 4. Мошини расонандаи ашёи хом. 5. Таҷҳизоти рехтани плитаи бетонӣ. 6. Таҷҳизоти буридани плитаҳои бетонӣ. 7. Таҷҳизоти кашидани сим. Ҳамаи равандҳои технологӣ дар истеҳсоли маҳсулот аввал аз бор кардани ашёи хом ба таҷҳизоти чен карда андохтан оғоз мешаванд.
Бункери нигоҳдории семент – ба ин зарф семент аз қисми болоӣ бор карда мешавад. Сементи боршуда бо ёрии конвейери винтӣ аз қисми поёнӣ барои тайёр кардани қоришма ба миқдори лозимии муайяншуда ба миксер бор карда мешавад.


Таҷҳизоти чен карда андохтани ашёи хом – ин таҷҳизот шағал ва реги омехта бо санги майдаро ба миқдори муайян дар тарозу чен карда, барои тайёр кардани қоришма ба бункери боркунӣ мерасонад. Таҷҳизот имкон дорад дар як соат 56 м³ ашёи хоми сангӣ ва регӣ расонад. Ҳамаи равандҳо дар панели идоракунӣ идора карда мешаванд.
Миксери тайёркунандаи қоришма – таҷҳизот бо ёрии бункери боркунӣ ашёи хоми сангӣ ва региро бор мекунад, семент аз бункери нигоҳдории семент тавассути конвейери винтӣ бевосита расонида мешавад, сипас то бо об намнок шудан омехта карда мешавад. Ҳамаи равандҳо дар панели идоракунӣ идора карда мешаванд.
Мошини расонандаи ашёи хом – қоришмаи дар миксери омехтакунанда тайёршударо ба таҷҳизоти шаклдиҳии плитаи бетонӣ мерасонад. Борбардории мошин 1.5 тонна.

Таҷҳизоти рехтани плитаи бетонӣ – қоришмаи бетонро шакл медиҳад, яъне ба ҳолати плита меорад. Таҷҳизот имконияти истеҳсоли маҳсулоти дарозиашон аз 4,5 метр то 15 метр, баландиашон 220 мм ва паҳниашон 1200мм-ро дорад. Дар ин таҷҳизот дар як рӯз (8 соат) 500 метр плитаи оҳанбетонӣ рехтан мумкин аст. Дар истеҳсоли маҳсулот навъҳои гуногуни ковокиҳои плита мавҷуданд, масалан: доира, қатра ва байзашакл. Муштарӣ ҳангоми харидани таҷҳизот метавонад яке аз ин навъҳоро харад.
Таҷҳизоти буридани плитаҳои бетонӣ – плитаҳои бетонии шаклдодашударо пас аз хушк шудан бо дарозии лозимӣ мебурад.
Таҷҳизоти кашидани сим – барои баланд бардоштани мустаҳкамии плитаҳои бетонӣ арматураҳои пӯлодӣ истифода мешаванд; ин таҷҳизот пеш аз рехтани плита арматураҳоро кашида таранг мекунад.

Қисмҳои эҳтиётӣ:


Видеолавҳа аз раванди кор
Дархости зуди нарх
Ном ва рақами телефони худро гузоред — боқимондаро мутахассиси мо ҳал мекунад.
Маълумоти шумо ба шахсони сеюм дода намешавад
Видео
Раванди кори таҷҳизот.
Расонидан ва ба кор андохтан
Аз машварат то ба кор андохтан — раванд дар чор марҳила, дар асоси шартнома.

Машварат
Эҳтиёҷоти шуморо муайян карда, конфигуратсия ва пешниҳоди тиҷоратӣ омода мекунем.

Шартнома
Мӯҳлат, тартиби пардохт ва шартҳои кафолат дар шартнома қайд карда мешаванд.

Расонидан
Таҷҳизот аз истеҳсолкунанда то иншооти шумо расонида мешавад.

Насб ва омӯзиш
Мутахассисони мо таҷҳизотро ба кор андохта, операторҳоро меомӯзонанд.
Саволҳои маъмул
Саволҳои аз ҳама бештар додашаванда оид ба расонидан, шартнома ва пайгирӣ.
Оё фармоишҳоямро онлайн пайгирӣ кардан мумкин аст?
Борҳо дар чанд муддат расонида мешаванд?
Кадом усулҳои расонидан мавҷуданд?
Барои бастани шартнома аз ман чӣ талаб карда мешавад?
Лоиҳаи шуморо якҷоя муҳокима мекунем
Барои гирифтани маслиҳат оид ба интихоби таҷҳизот, ҳалли техникӣ ва пешниҳодҳо бо мо тамос гиред.
Моро пайгирӣ кунед
Таҷҳизоти нав, ба кор андохтан ва равандҳои истеҳсолӣ — дар каналҳои расмии мо.
Таҷҳизоти монанд

Хати истеҳсоли дарҳои металлӣ

Заводи истеҳсоли асфалт

Таҷҳизоти истеҳсоли профили кунҷӣ (кунҷаки сӯрохдор)

Таҷҳизоти барқии бардоранда (барои сохтмон мувофиқ)

Хати истеҳсоли аграф (овеза)
Дар анбор мавҷудТаҷҳизоти пошидани андова AF-KLL120-A

Таҷҳизоти сайёри буриши плиткаҳои кафел
