AFEX

Хати истеҳсоли панелҳои EPS

" «AFEX GROUP» барои мизоҷон бо омӯзиши бозори дохилии кишварамон пешниҳоди «ЛОИҲАИ НАВ» ва технологияҳои муосирро ба соҳибкорони мо барои…

Пешниҳоди инфиродӣ
Модел
WNS 1.0-1.0-Y
Шиддати идоракунӣ
220 В/50 Гц/1P
Шиддати корӣ
380 В/50 Гц/3P
Баромади буғ
1000 кг дар як соат
Фишори буғ
1.0 МПа
Самаранокӣ
>92%
Нарх

Тавсиф

Дар бораи таҷҳизот

" «AFEX GROUP» барои мизоҷон бо омӯзиши бозори дохилии кишварамон пешниҳоди «ЛОИҲАИ НАВ» ва технологияҳои муосирро ба соҳибкорони мо барои дар кишвар истеҳсол кардани маҳсулоти воридотӣ идома медиҳад! Бо маълумоти муфассал оид ба марҳилаҳо ва технологияҳои истеҳсоли маҳсулоти ПЕНОПОЛИСТИРОЛ шинос мешавем.

EPS – бо забони англисӣ (Enlarged Poli Stirol), яъне полистироли калонкардашуда маъно дорад. Пенополистирол (пенопласт) – маводи бо газ пуркардашуда мебошад, ки аз полистирол ва ҳосилаҳои он, инчунин сополимерҳои стирол ба даст оварда мешавад. Полистироли кафкдор яке аз навъҳои маъмули полистирол ба ҳисоб меравад. Технологияи муқаррарии истеҳсоли полистироли кафкдор чунин аст: гранулаҳои стирол, ки дар массаи полимер ҳал шудаанд, бо газ пур карда мешаванд ва баъдан масса бо буғ гарм карда мешавад. Дар ин раванд ҳаҷми донаҳои аслӣ то он даме калон мешавад, ки онҳо тамоми шакли блокро ишғол карда, якҷоя пухта нашаванд. Дар полистироли кафкдори анъанавӣ гази табиӣ истифода мешавад, ки дар стирол хеле хуб ҳал мешавад. Бо ёрии технологияҳое, ки мо ба Шумо пешниҳод мекунем, ҳамаи навъҳои маҳсулоти пенополистиролро истеҳсол кардан мумкин аст. Аммо «AFEX GROUP» ба мизоҷон тавсия медиҳад, ки тиҷорати худро бо истеҳсоли маҳсулоти нав оғоз кунанд. «МАҲСУЛОТИ НАВ» – ба маҳсулоте, ки дар ин лоиҳа истеҳсол кардан мумкин аст, талабот баланд аст ва муҳимтар аз ҳама, истеҳсоли он дар кишвари мо ҳанӯз ба роҳ монда нашудааст. Набудани рақобат имконияти Шуморо барои истеҳсоли ин маҳсулот ва шиносонидани бренди худ боз ҳам зиёд мекунад. Панелҳои ESP – панелест бо имкониятҳои муосир, осон ва қулай барои корҳои насби шлангҳои гармкунии фарш. Панелҳои ESP хонаи Шуморо тобистон аз гармӣ, зимистон аз сармо, аз об ва намӣ муҳофизат мекунанд. Дараҷаи сӯзишаш паст буда, дар давоми мӯҳлати истифода, ки аз 50 сол ҳам зиёд аст, хосияти худро гум намекунад.

Марҳилаҳои истеҳсоли маҳсулот

Аввал марҳилаҳои истеҳсоли маҳсулотро умуман шарҳ медиҳем. Сипас бо ёрии расмҳои таҷҳизот як-як равшан менамоем. Ҳамаи равандҳои технологӣ аз генератори буғ оғоз мешаванд. Барои истеҳсоли EPS маҳз буғи гарм лозим аст. Барои таъмини бефосилагии раванди буғкунӣ деги буғии газӣ мунтазам кор мекунад. Ҳамчун ашёи хом гранулаҳои полистирол ба зарфи махсус ҷойгир карда мешаванд. Баъд маҳсулот тавассути дозатор ба дег фиристода мешавад. Дар он ҷо гранулаҳои полистирол бо ёрии оби гарм, буғ ва ҳавои гарми 90-120C° то 30-50 маротиба калон карда мешаванд. Ҳар қадар ҳарорати ҳаво баландтар бошад, гранулаҳо ҳамон қадар калон мешаванд ва зичиашон низ паст мегардад. Саққочаҳои аз гранулаҳо калоншуда тавассути шнек ба бункерҳои махсус ҷойгир карда мешаванд. Дар он ҷо дар давоми 24 соат саққочаҳо хушк мешаванд. Ба саққочаҳое, ки дар бункерҳои махсус хушк шудаанд, дар таҷҳизоти шаклдиҳӣ барои қолибрезии вазни аморфӣ буғи гарм дода мешавад. Дар таҷҳизоти шаклдиҳӣ саққочаҳо зич шуда, деформатсия мешаванд. Сипас панелҳои EPS ҳосил мешаванд. Панелҳои тайёри EPS бо ёрии таҷҳизоти ламинатсия ламинатсия карда мешаванд.

Механизми истеҳсол

Майдони зарурӣ

Майдоне, ки барои ин хат талаб карда мешавад, бояд на камтар аз 600 метри мураббаъ бошад. Баландии шифт аз 6 метр зиёд аст. Агар барои ворид ва хориҷ кардани ашёи хом ва маҳсулоти тайёр имконияти даромадани мошинҳои сабуки боркаш бошад, ҳосилнокии кор боз ҳам меафзояд.

Таъминоти зарурӣ

Унсурҳои инфрасохтори иншооти саноатӣ – бояд бо гази табиӣ, энергияи барқ ва об таъмин бошад. •Сарфи гази табиӣ - 70 м³/соат •Иқтидори барқии хат - 100 кВт/380 В, 50 Гц. •Трансформатори зарурӣ - зиёда аз 160 кВт/380 В, 50 Гц. •Барои 1 тонна маҳсулот - 300 кВт сарфи энергия. •Шумораи коргарон 5-8 нафарро талаб мекунад.

Таҷҳизот ва дастгоҳҳои таркиби хат

•Деги буғӣ. •Генератори буғ. •Таҷҳизоти ғанигардонии зарраҳои EPS. •Зарфҳои махсуси EPS. •Компрессори ҳаво. •Зарфи ҳаво (танк). •Таҷҳизоти автоматии шаклдиҳӣ. •Қолиби панелҳои системаи гармкунии ESP. •Манораи хунуккунандаи об. •Насоси марказгурези об. •Таҷҳизоти ламинатсия. •Системаи қубурҳо. Мо маълумоти зарурӣ оид ба маҳсулот ва механизми истеҳсолро муфассал донистем. Акнун бо таҷҳизоти таркиби хат шинос мешавем. Майдони гармкунии деги буғӣ 30 м² буда, он инчунин 3,5 м³ обро бо ёрии гази табиӣ буғ мекунад. Барои таъмини бефосилагии раванди буғкунӣ деги буғии газӣ мунтазам кор мекунад. Буғи ҳосилшуда тавассути қубурҳо ба аккумулятори буғ фиристода мешавад.
01

Деги буғӣ (истеҳсоли буғ)

9 параметр
Деги буғӣ (истеҳсоли буғ)
Модел
WNS 1.0-1.0-Y
Баромади буғ
1000 кг дар як соат
Фишори буғ
1.0 МПа
Самаранокӣ
>92%
Сарфи сӯзишворӣ
30 кг/соат/50 м3/соат
Шиддати идоракунӣ
220 В/50 Гц/1P
Шиддати корӣ
380 В/50 Гц/3P
Навъи сӯзишворӣ
Гази табиӣ
Вазн
6,8 т
Вазифаи асосии генератори буғ дар як маром нигоҳ доштани ҳарорати буғи ҳосилшуда мебошад. Барои сарфаи энергия тарафи берунии он бо маводи изолятсионӣ пӯшонида шудааст, ки ин барои нигоҳ доштани гармӣ муҳим аст. Генератори буғ буғро тавассути қубурҳо ба таҷҳизоти ғанигардонии зарраҳои EPS мефиристад.
02

Генератори буғ

4 параметр
Генератори буғ
Иқтидор
6 м3
Фишори корӣ
Ҳадди аксар 8 бар
Андоза
3750*1500 мм
Вазн
1 т
Таҷҳизоти ғанигардонии зарраҳои EPS – ин таҷҳизот дили ин хат ба ҳисоб меравад. Барои таҷҳизот ҳамчун ашёи хом гранулаҳои полистирол ба зарфи махсус ҷойгир карда мешаванд. Баъд маҳсулот тавассути дозатор ба дег фиристода мешавад. Дар он ҷо гранулаҳои полистирол бо ёрии оби гарм, буғ ва ҳавои гарми 90-120C° то 30-50 маротиба калон карда мешаванд. Ҳар қадар ҳарорати ҳаво баландтар бошад, гранулаҳо ҳамон қадар калон мешаванд ва зичиашон низ паст мегардад. Маҳсулоти ҳосилшуда, яъне саққочаҳои аз гранулаҳо калоншуда тавассути шнек ба бункерҳои махсус ҷойгир карда мешаванд.
03

Таҷҳизоти ғанигардонии зарраҳои EPS

12 параметр
Таҷҳизоти ғанигардонии зарраҳои EPS
Модел
PSJ-1100
Зарфи васеъкунанда
F1100x1500(h)
Диапазони зичӣ
12-60 кг/м3
Самаранокӣ
150-300 кг/соат
Фишори буғ
0,4-0,8 МПа
Фишори ҳаво
0,6-0,8 МПа
Вуруди буғ
50 мм
Вуруди ҳаво
50 мм
Истеъмоли буғ
3-8 кг/давр
Сарфи ҳаво
0,5-0,9 м3/давр
Вазн
2500 кг
Андозаи умумӣ
2800*2200*4600 мм
Саққочаҳои калоншуда тавассути шнек ба бункерҳои махсус ҷойгир карда мешаванд. Дар он ҷо дар давоми 24 соат саққочаҳо хушк мешаванд. Саққочаҳои хушкшуда тавассути қубурҳо ба таҷҳизоти автоматии шаклдиҳӣ фиристода мешаванд.
04

Зарфҳои махсуси EPS

5 параметр
Зарфҳои махсуси EPS
Шумораи зарфҳои махсус
4 дона
Ғунҷоиш
19 м3 /дона
Ғунҷоиши умумӣ
76 м3
Ҳаҷм
2.2x2.2x4 м
Вазн
800 кг
Компрессори ҳаво – ин дастгоҳ барои таҷҳизоти ғанигардонии зарраҳои EPS ва таҷҳизоти автоматии шаклдиҳӣ дастгоҳи ёрирасон ба ҳисоб меравад.
05

Компрессори ҳаво (истеҳсоли ҳавои фишурда)

2 параметр
Компрессори ҳаво (истеҳсоли ҳавои фишурда)
Ҷараён
2.4 м3/мин, фишори корӣ 8 бар
Иқтидор
15 кВт
Зарфи ҳаво (танк) – ин дастгоҳ, ки ҳавои фишурдаро нигоҳ медорад, барои таҷҳизоти ғанигардонии зарраҳои EPS ва таҷҳизоти автоматии шаклдиҳӣ дастгоҳи ёрирасон ба ҳисоб меравад.
06

Зарфи ҳавои фишурда бо лавозимот

2 параметр
Зарфи ҳавои фишурда бо лавозимот
Иқтидор
3 м3
Фишори корӣ
Ҳадди аксар 10 бар
Дар таҷҳизоти автоматии шаклдиҳӣ барои шакл додани маҳсулот буғи гарм дода мешавад. Дар натиҷаи шаклдиҳӣ саққочаҳо зич шуда, ба ҳолати маҳсулоти яклухт меоянд. Андозаи маҳсулот 150x75 см. Вақти коркарди таҷҳизот 100-120 сония. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда 155x1370 см, ғафсиаш 35 см. Бо иваз кардани қисми қолиби таҷҳизот Шумо метавонед навъҳои дигари маҳсулотро истеҳсол кунед.
07

Таҷҳизоти вакуумии автоматии шаклдиҳӣ

16 параметр
Таҷҳизоти вакуумии автоматии шаклдиҳӣ
Модел
PSZ-1720
Ҳаҷм
1720*1600 мм
Ҳаҷми маҳсулот
1550x1370x350 (баландӣ) мм
Кушодашавии ҳадди аксар
1400 мм
Кушодашавии ҳадди ақал
200 мм
Вуруди буғ
80 мм
Ҷои вуруди об
80 мм
Ҷои вуруди ҳаво
80 мм
Фишори буғ
0,5-0,7 МПа
Фишори об
0,3-0,6 МПа
Фишори ҳаво
>0.5 МПа
Фишори ронандаи моеъ
5,5 кВт
Иқтидори насос
5,5 кВт
Иқтидори насоси инспиратор
165 м3/с
Вазн
5700 кг
Ҳаҷми умумӣ
5000x2300x3300 мм

Қолиби панел

Қолиби панелҳои системаи гармкунии ESP – барои истеҳсоли панелҳо бо имкониятҳои муосир, осон ва қулай барои корҳои насби шлангҳои гармкунии фарш. Системаи хунуккунӣ асосан барои кӯмак ба хунук кардани об дар раванди истеҳсол истифода мешавад. Барои хунук кардани об ҳавзҳои калони об заруранд. Ҳавзи об 4x4x2,5 м. Агар замин барои ҳавзҳои калони об маҳдуд бошад ва ҳарорати маҳаллӣ баланд бошад, он гоҳ барои зудтар хунук кардани об манораи хунуккунандаи об илова карда мешавад
08

Манораи хунуккунандаи об

8 параметр
Манораи хунуккунандаи об
Иқтидор
30 т/соат
Ҳарорати оби воридшаванда
60 °C
Ҷараёни об
50 м3/соат, t=5 °C
Диаметр
2215*2830 мм
Ҷараёни ҳаво
28000 м3/соат
Диаметри вентилятор
1400 мм
Иқтидори муҳаррик
1,5 кВт
Фишори оби таъминотӣ
(104 Па):2.65

Насоси марказгурези об

Насоси марказгурез ҳамчун дастгоҳи ёрирасон барои манораи об ё ҳавзи оби системаи хунуккунӣ истифода мешавад. Бо мақсади беҳтар кардани сифати маҳсулот истифодаи ин таҷҳизот осон ва қулай аст. Дараҷаи майдашавии маҳсулоти ламинатсияшудаи ESP паст мешавад. Аз гузаштани об ва намӣ пешгирӣ мекунад. Маҳсулоти ламинатсияшудаи ESP бо намуди дизайнии худ сифатнокии худро нишон медиҳанд.
09

Таҷҳизоти ламинатсия

11 параметр
Таҷҳизоти ламинатсия
Ҳаҷм
7200 мм x 2200 мм x 2600 мм
Вазни умумӣ
4.8 т
Андоза
3750*1500 мм
Вазн
1 т
Шаклдиҳӣ (дарозӣ)
1500 мм
Шаклдиҳӣ (паҳнӣ)
900 мм
Шаклдиҳӣ (баландӣ)
100 мм
Гармкунии плёнка
3-7 дона/мин
Сатҳи истеҳсол
8x11=88 дона
Иқтидори барқ
60 кВт
Ашёи хом
ПВХ,PP,PS,PET,PE,HIPS B.тарҳ ва хусусияти функсия

Системаи қубурҳо

Системаи қубур барои хати истеҳсолӣ – таҷҳизоти ғанигардонии зарраҳои EPS, таҷҳизоти автоматии шаклдиҳӣ, аз ҷумла қубурҳои пайвасткунандаи буғ (вуруд ва хориҷ), компрессори ҳаво (вуруд ва хориҷ) ва оби хунуккунӣ ба ҳисоб меравад. Барои идоракунии устувори буғ клапани пасткунандаи фишор истифода мешавад. Он байни дег ва аккумулятор насб карда мешавад.

Видео аз раванди кори хат

AFEX · МАШВАРАТ
Операторҳо онлайн

Дархости зуди нарх

Ном ва рақами телефони худро гузоред — боқимондаро мутахассиси мо ҳал мекунад.

ТаҷҳизотХати истеҳсоли панелҳои EPS

Маълумоти шумо ба шахсони сеюм дода намешавад

Хусусиятҳои техникӣ

Маълумот аз ҷониби истеҳсолкунанда пешниҳод шудааст; конфигуратсия метавонад вобаста ба фармоиш тағйир ёбад.

Деги буғӣ (истеҳсоли буғ)

9 параметр
Модел
WNS 1.0-1.0-Y
Баромади буғ
1000 кг дар як соат
Фишори буғ
1.0 МПа
Самаранокӣ
>92%
Сарфи сӯзишворӣ
30 кг/соат/50 м3/соат
Шиддати идоракунӣ
220 В/50 Гц/1P
Шиддати корӣ
380 В/50 Гц/3P
Навъи сӯзишворӣ
Гази табиӣ
Вазн
6,8 т

Генератори буғ

4 параметр
Иқтидор
6 м3
Фишори корӣ
Ҳадди аксар 8 бар
Андоза
3750*1500 мм
Вазн
1 т

Таҷҳизоти ғанигардонии зарраҳои EPS

12 параметр
Модел
PSJ-1100
Зарфи васеъкунанда
F1100x1500(h)
Диапазони зичӣ
12-60 кг/м3
Самаранокӣ
150-300 кг/соат
Фишори буғ
0,4-0,8 МПа
Фишори ҳаво
0,6-0,8 МПа
Вуруди буғ
50 мм
Вуруди ҳаво
50 мм
Истеъмоли буғ
3-8 кг/давр
Сарфи ҳаво
0,5-0,9 м3/давр
Вазн
2500 кг
Андозаи умумӣ
2800*2200*4600 мм

Зарфҳои махсуси EPS

5 параметр
Шумораи зарфҳои махсус
4 дона
Ғунҷоиш
19 м3 /дона
Ғунҷоиши умумӣ
76 м3
Ҳаҷм
2.2x2.2x4 м
Вазн
800 кг

Компрессори ҳаво (истеҳсоли ҳавои фишурда)

2 параметр
Ҷараён
2.4 м3/мин, фишори корӣ 8 бар
Иқтидор
15 кВт

Зарфи ҳавои фишурда бо лавозимот

2 параметр
Иқтидор
3 м3
Фишори корӣ
Ҳадди аксар 10 бар

Таҷҳизоти вакуумии автоматии шаклдиҳӣ

16 параметр
Модел
PSZ-1720
Ҳаҷм
1720*1600 мм
Ҳаҷми маҳсулот
1550x1370x350 (баландӣ) мм
Кушодашавии ҳадди аксар
1400 мм
Кушодашавии ҳадди ақал
200 мм
Вуруди буғ
80 мм
Ҷои вуруди об
80 мм
Ҷои вуруди ҳаво
80 мм
Фишори буғ
0,5-0,7 МПа
Фишори об
0,3-0,6 МПа
Фишори ҳаво
>0.5 МПа
Фишори ронандаи моеъ
5,5 кВт
Иқтидори насос
5,5 кВт
Иқтидори насоси инспиратор
165 м3/с
Вазн
5700 кг
Ҳаҷми умумӣ
5000x2300x3300 мм

Манораи хунуккунандаи об

8 параметр
Иқтидор
30 т/соат
Ҳарорати оби воридшаванда
60 °C
Ҷараёни об
50 м3/соат, t=5 °C
Диаметр
2215*2830 мм
Ҷараёни ҳаво
28000 м3/соат
Диаметри вентилятор
1400 мм
Иқтидори муҳаррик
1,5 кВт
Фишори оби таъминотӣ
(104 Па):2.65

Таҷҳизоти ламинатсия

11 параметр
Ҳаҷм
7200 мм x 2200 мм x 2600 мм
Вазни умумӣ
4.8 т
Андоза
3750*1500 мм
Вазн
1 т
Шаклдиҳӣ (дарозӣ)
1500 мм
Шаклдиҳӣ (паҳнӣ)
900 мм
Шаклдиҳӣ (баландӣ)
100 мм
Гармкунии плёнка
3-7 дона/мин
Сатҳи истеҳсол
8x11=88 дона
Иқтидори барқ
60 кВт
Ашёи хом
ПВХ,PP,PS,PET,PE,HIPS B.тарҳ ва хусусияти функсия

Комплектатсия

Ҷузъҳое, ки ба таркиби таҷҳизот дохил мешаванд. Нишондиҳандаҳои техникии ҳар яке дар бахши боло оварда шудаанд.

  • Деги буғӣ (истеҳсоли буғ)01

    Деги буғӣ (истеҳсоли буғ)

    9 параметр

    • Модел: WNS 1.0-1.0-Y
    • Баромади буғ: 1000 кг дар як соат
    Нишондиҳандаҳо
  • Генератори буғ02

    Генератори буғ

    4 параметр

    • Иқтидор: 6 м3
    • Фишори корӣ: Ҳадди аксар 8 бар
    Нишондиҳандаҳо
  • Таҷҳизоти ғанигардонии зарраҳои EPS03

    Таҷҳизоти ғанигардонии зарраҳои EPS

    12 параметр

    • Модел: PSJ-1100
    • Зарфи васеъкунанда: F1100x1500
    Нишондиҳандаҳо
  • Зарфҳои махсуси EPS04

    Зарфҳои махсуси EPS

    5 параметр

    • Шумораи зарфҳои махсус: 4 дона
    • Ғунҷоиш: 19 м3 /дона
    Нишондиҳандаҳо
  • Компрессори ҳаво (истеҳсоли ҳавои фишурда)05

    Компрессори ҳаво (истеҳсоли ҳавои фишурда)

    2 параметр

    • Ҷараён: 2.4 м3/мин
    • Иқтидор: 15 кВт
    Нишондиҳандаҳо
  • Зарфи ҳавои фишурда бо лавозимот06

    Зарфи ҳавои фишурда бо лавозимот

    2 параметр

    • Иқтидор: 3 м3
    • Фишори корӣ: Ҳадди аксар 10 бар
    Нишондиҳандаҳо
  • Таҷҳизоти вакуумии автоматии шаклдиҳӣ07

    Таҷҳизоти вакуумии автоматии шаклдиҳӣ

    16 параметр

    • Модел: PSZ-1720
    • Ҳаҷм: 1720*1600 мм
    Нишондиҳандаҳо
  • Манораи хунуккунандаи об08

    Манораи хунуккунандаи об

    8 параметр

    • Иқтидор: 30 т/соат
    • Ҳарорати оби воридшаванда: 60 °C
    Нишондиҳандаҳо
  • Таҷҳизоти ламинатсия09

    Таҷҳизоти ламинатсия

    11 параметр

    • Ҳаҷм: 7200 мм x 2200 мм x 2600 мм
    • Вазни умумӣ: 4.8 т
    Нишондиҳандаҳо

Видео

Раванди кори таҷҳизот.

Расонидан ва ба кор андохтан

Аз машварат то ба кор андохтан — раванд дар чор марҳила, дар асоси шартнома.

  1. 1

    Машварат

    Эҳтиёҷоти шуморо муайян карда, конфигуратсия ва пешниҳоди тиҷоратӣ омода мекунем.

  2. 2

    Шартнома

    Мӯҳлат, тартиби пардохт ва шартҳои кафолат дар шартнома қайд карда мешаванд.

  3. 3

    Расонидан

    Таҷҳизот аз истеҳсолкунанда то иншооти шумо расонида мешавад.

  4. 4

    Насб ва омӯзиш

    Мутахассисони мо таҷҳизотро ба кор андохта, операторҳоро меомӯзонанд.

Саволҳои маъмул

Саволҳои аз ҳама бештар додашаванда оид ба расонидан, шартнома ва пайгирӣ.

Оё фармоишҳоямро онлайн пайгирӣ кардан мумкин аст?
Шумо метавонед фармоишҳоро онлайн пайгирӣ кунед. Дар Ӯзбекистон яке аз аввалинҳо механизме таҳия карда шуд, ки тавассути системаи GPS борҳоро назорат намуда, ҷойгиршавии онҳоро муайян мекунад ва вақти расиданашонро тахминан ҳисоб мекунад. Шумо ин маълумотро танҳо бо ворид кардани рақами шартнома гирифта метавонед.
Борҳо дар чанд муддат расонида мешаванд?
Мӯҳлати расонидани борҳо дар аксари ҳолатҳо ба истеҳсолкунанда вобаста аст. Расонидани аксари таҷҳизоти истеҳсолии ҳаҷман калон нисбат ба таҷҳизоти оддӣ 2-3 маротиба вақти зиёдтар талаб мекунад. Дар сурати мавҷуд будани таҷҳизоти тайёр мӯҳлати расонидан аз 30 рӯз оғоз мешавад.  Вақте, ки барои расмиятдарории гумрукии таҷҳизот дар ҳудуди Ӯзбекистон ва равандҳои сертификатсия сарф мешавад, ба ин дохил намешавад.
Кадом усулҳои расонидан мавҷуданд?
Вобаста ба навъи мол ва мӯҳлати қабули фармоиш борҳо аз хориҷа ба ҳудуди Ӯзбекистон бо усулҳои зерин расонида мешаванд: Тавассути роҳҳои ҳавоӣ Тавассути роҳи оҳан Тавассути нақлиёти заминӣ Тавассути нақлиёти омехта
Барои бастани шартнома аз ман чӣ талаб карда мешавад?
Барои мизоҷи ширкати мо шудан аз Шумо инҳо талаб карда мешаванд: ШАҲОДАТНОМАИ тасдиқкунандаи субъекти соҳибкорӣ; Реквизитҳои бонкӣ; Рақами мушаххаси андозсупоранда (СТИР); Нусхаи шиносномаи роҳбар; Мӯҳри корхона барои тасдиқи шартнома
Машварат

Лоиҳаи шуморо якҷоя муҳокима мекунем

Барои гирифтани маслиҳат оид ба интихоби таҷҳизот, ҳалли техникӣ ва пешниҳодҳо бо мо тамос гиред.

Занг занед+998 93 381 6699Дш–Шб: 9:00 – 18:00
AFEX · ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

Моро пайгирӣ кунед

Таҷҳизоти нав, ба кор андохтан ва равандҳои истеҳсолӣ — дар каналҳои расмии мо.

Таҷҳизоти монанд

Ҳамаро дидан