1 / 8Хати истеҳсоли докаи тиббӣ (стерилизатсиянашуда) AF-L015
Маҳсулоте, ки дар соҳаи тиб ва ҳангоми ба ягон беморӣ гирифтор шудани ҳар яки мо бештар истифода мешавад, докаи тиббӣ мебошад.
- Модел
- AWM-X301
- Шиддат
- 380 В 50 Гц
- Диаметри бобинаи печонидашаванда
- F350x255 мм F400x255 мм
- Иқтидори муҳаррик
- 1,5 қ.а
- Андозаи таҷҳизот
- 2780*1050*2010 мм
- Диаметри доира
- 400 мм
Тавсиф
Дар бораи таҷҳизот
Маҳсулоте, ки дар соҳаи тиб ва ҳангоми ба ягон беморӣ гирифтор шудани ҳар яки мо бештар истифода мешавад, докаи тиббӣ мебошад. Истеҳсоли докаи тиббӣ ҳоло дар қатори тиҷоратҳое қарор дорад, ки дар кишвар ба роҳ монда шудаанд. Табиист, ки Шумо фикр кунед: «Пас чаро ин хатро пешниҳод мекунед?», вале пайгирони мо хуб медонанд, ки «AFEX-GROUP» LLC ҳамеша ба Шумо таҷҳизоти нав ва камёбро пешниҳод мекунад. Мақсади мо равшан аст — ба Шумо пешниҳод кардани соҳаи сердаромад ва саҳм гузоштан дар афзоиши даромади Шумо.
Ба ҳамаи мо маълум аст, ки имрӯз харидор пеш аз ҳама ба маҳсулоти босифат ниёз дорад. Аммо докаҳои тиббие, ки ҳоло дар кишвари мо истеҳсол мешаванд, дар таҷҳизоти оддии анъанавии истеҳсоли дока истеҳсол карда мешаванд ва сифати онҳо метавонад ба харидори имрӯза писанд наояд. Аввал дар ҳар кас метавонад савол пайдо шавад, ки оё ашёи хом барои ҳарду таҷҳизот гуногун аст. Албатта, барои ҳарду дока риштаи пахтагии якхела истифода мешавад. Бо мақсади паст кардани арзиши аслии докаи оддии тиббӣ баъзан докаҳои тайёршуда алоҳида сафед карда мешаванд, дар таҷҳизоте, ки мо ба Шумо тавсия медиҳем, бошад, аз ашёи хоми тайёри пешакӣ сафедкардашуда низ истеҳсол кардан мумкин аст. Ин имкон медиҳад, ки маҳсулоти истеҳсолшуда фавран бастабандӣ шавад ва сифати баланди он нигоҳ дошта шавад.

Ин таҷҳизот барои аз риштаҳои ғалтакҳои сершумор ташкил додани қаторҳои уфуқии барои таҷҳизоти бофандагии мо зарурӣ ва печондани онҳо ба бобина хизмат мекунад. Ашёи хом дар кишвар истеҳсол мешавад ва вобаста ба сифаташ аз 2,3$ то 3$ арзиш дорад. Ба мизоҷон маслиҳат медиҳем, ки бобинаҳои алюминиро иловатан харидорӣ кунанд, зеро дар раванди кор онҳо ба Шумо бисёр ба кор меоянд. Як адад таҷҳизоте, ки дар поён ба Шумо пешниҳод мекунем, метавонад барои 4-5 таҷҳизоти бофандагӣ риштаҳои бобинадор тайёр кунад.
Таҷҳизоти тайёр кардани бобина аз риштаҳои ғалтак

- Модел
- AWM-X301
- Шумораи ғалтакҳои насбшаванда
- 128
- Шиддат
- 380 В 50 Гц
- Диаметри бобинаи печонидашаванда
- F350x255 мм F400x255 мм
- Иқтидори муҳаррик
- 1,5 қ.а.
- Дарозии майдони зарурӣ
- на камтар аз 6,5 м
- Андозаи таҷҳизот
- 2780*1050*2010 мм
Ин таҷҳизот метавонад дар як вақт ду қатор (агар бари маҳсулот то 10 см бошад, 4 қатор) бофад. Дар таҷҳизот муҳаррикҳои махсуси инвертордор истифода шудаанд, ки дар раванди кор суръати бофандагиро ба таври худкор назорат мекунанд. Дар қисми қафои таҷҳизот қисми махсуси нигоҳдории бобина мавҷуд аст, ки риштаҳоро ба докаи бофташаванда баробар мерасонад. Дар омади гап, бо ёрии ин таҷҳизот бинтҳои эластикиро низ бофтан мумкин аст, танҳо таҷҳизоти якумро ба модели дигар иваз кардан лозим аст.

Таҷҳизоти махсуси бофтани докаи тиббӣ

- Модел
- BKM-2/140
- Шумораи ғалтакҳои насбшаванда
- 8-14
- Шиддат
- 380 В 50 Гц
- Бари маҳсулоти бофташаванда
- 140 мм
- Иқтидори муҳаррик
- 1,5 қ.а.
- Суръати бофандагӣ
- 160 м/соат (1000-1200 гардиш/мин)
- Андозаи таҷҳизот
- 1250*1200*1850 мм
- Ашёи хом
- Риштаи нахи пахта
Дар бораи ин таҷҳизот зиёд таваққуф кардан намехоҳем. Зеро кори ин таҷҳизот фаҳмо ва равшан аст. Ин таҷҳизот ба Шумо печҳои хурди ҳаҷми зарурӣ тайёр мекунад. Азбаски таҷҳизот нисбатан содда сохта шудааст, истифодаи он тамоман душвор нест. Муҳаррике, ки бо ёрии педали махсус ба ҳаракат меояд, кори асосиро иҷро мекунад. Ҳамин ки пойро аз педал бардоред, кор қатъ мегардад.
Таҷҳизоте, ки аз печи калон печҳои хурд месозад

- Модел
- AXC-P 102
- Диаметри доира
- 400 мм
- Шиддат
- 220 В 50 Гц
- Бари маҳсулот
- 10 мм 140 мм
- Иқтидори муҳаррик
- 1 қ.а.
- Суръати печонидан
- 110 м/мин (1000-1200 гардиш/мин)
- Андозаи таҷҳизот
- 1200*800*900 мм
- Ашёи хом
- Докаи тиббии бофташуда
ТАҶҲИЗОТИ НИМАВТОМАТИИ БАСТАБАНДӢ
Раванди охиринро чун ҳамеша таҷҳизоти бастабандӣ иҷро мекунад. Мо бо назардошти буҷаи бисёре аз соҳибкорон ба онҳо пешниҳод кардани таҷҳизоти нимавтоматии бастабандиро раво донистем. Агар Шумо зиёда аз 3 таҷҳизоти бофандагӣ харед, ба Шумо таҷҳизоти автоматии уфуқии бастабандӣ лозим мешавад. Барои таҷҳизоти нимавтоматии бастабандӣ ба Шумо тамғаи аз 3 тараф пӯшида ва танҳо аз як тараф кушода лозим аст. Санаи истеҳсолро низ бо ёрии таҷҳизоти бастабандӣ чоп кардан мумкин аст. Инчунин дар ҳолати зарурӣ дигар маҳсулотро низ бастабандӣ кардан мумкин аст. Дар ҳар гуна маҳсулот ташаккули таассуроти аввалини харидор муҳим аст, бинобар ин ба тарҳи бастаи маҳсулоти истеҳсолкардаи худ диққати махсус диҳед.
Таҷҳизоти бастабандӣ (нимавтоматӣ)

- Кишвари истеҳсол
- Чин
- Модел
- FR900
- Шиддат
- 220 В 50 Гц
- Сарфи барқ
- 600 Вт/соат
- Суръати корӣ
- 12 м/мин
- Андоза
- 880*440*370 мм
- Вазн
- 26 кг
- Маводи бастабандӣ
- PE/PP/HDPE
Бо ёрии таҷҳизоти зикршуда Шумо метавонед тиҷорати худро оғоз кунед. Дар ин ҷода мо ҳеҷ гуна кӯмакро аз Шумо дареғ намедорем. Ҷойҳои арзони ашёи хом низ танҳо дар назди мо!
Дархости зуди нарх
Ном ва рақами телефони худро гузоред — боқимондаро мутахассиси мо ҳал мекунад.
Маълумоти шумо ба шахсони сеюм дода намешавад
Хусусиятҳои техникӣ
Маълумот аз ҷониби истеҳсолкунанда пешниҳод шудааст; конфигуратсия метавонад вобаста ба фармоиш тағйир ёбад.
Таҷҳизоти тайёр кардани бобина аз риштаҳои ғалтак
7 параметр- Модел
- AWM-X301
- Шумораи ғалтакҳои насбшаванда
- 128
- Шиддат
- 380 В 50 Гц
- Диаметри бобинаи печонидашаванда
- F350x255 мм F400x255 мм
- Иқтидори муҳаррик
- 1,5 қ.а.
- Дарозии майдони зарурӣ
- на камтар аз 6,5 м
- Андозаи таҷҳизот
- 2780*1050*2010 мм
Таҷҳизоти махсуси бофтани докаи тиббӣ
8 параметр- Модел
- BKM-2/140
- Шумораи ғалтакҳои насбшаванда
- 8-14
- Шиддат
- 380 В 50 Гц
- Бари маҳсулоти бофташаванда
- 140 мм
- Иқтидори муҳаррик
- 1,5 қ.а.
- Суръати бофандагӣ
- 160 м/соат (1000-1200 гардиш/мин)
- Андозаи таҷҳизот
- 1250*1200*1850 мм
- Ашёи хом
- Риштаи нахи пахта
Таҷҳизоте, ки аз печи калон печҳои хурд месозад
8 параметр- Модел
- AXC-P 102
- Диаметри доира
- 400 мм
- Шиддат
- 220 В 50 Гц
- Бари маҳсулот
- 10 мм 140 мм
- Иқтидори муҳаррик
- 1 қ.а.
- Суръати печонидан
- 110 м/мин (1000-1200 гардиш/мин)
- Андозаи таҷҳизот
- 1200*800*900 мм
- Ашёи хом
- Докаи тиббии бофташуда
Таҷҳизоти бастабандӣ (нимавтоматӣ)
8 параметр- Кишвари истеҳсол
- Чин
- Модел
- FR900
- Шиддат
- 220 В 50 Гц
- Сарфи барқ
- 600 Вт/соат
- Суръати корӣ
- 12 м/мин
- Андоза
- 880*440*370 мм
- Вазн
- 26 кг
- Маводи бастабандӣ
- PE/PP/HDPE
Комплектатсия
Ҷузъҳое, ки ба таркиби таҷҳизот дохил мешаванд. Нишондиҳандаҳои техникии ҳар яке дар бахши боло оварда шудаанд.
01Таҷҳизоти тайёр кардани бобина аз риштаҳои ғалтак
7 параметр
- Модел: AWM-X301
- Шумораи ғалтакҳои насбшаванда: 128
02Таҷҳизоти махсуси бофтани докаи тиббӣ
8 параметр
- Модел: BKM-2/140
- Шумораи ғалтакҳои насбшаванда: 8-14
03Таҷҳизоте, ки аз печи калон печҳои хурд месозад
8 параметр
- Модел: AXC-P 102
- Диаметри доира: 400 мм
04
Видео
Раванди кори таҷҳизот.
Расонидан ва ба кор андохтан
Аз машварат то ба кор андохтан — раванд дар чор марҳила, дар асоси шартнома.

Машварат
Эҳтиёҷоти шуморо муайян карда, конфигуратсия ва пешниҳоди тиҷоратӣ омода мекунем.

Шартнома
Мӯҳлат, тартиби пардохт ва шартҳои кафолат дар шартнома қайд карда мешаванд.

Расонидан
Таҷҳизот аз истеҳсолкунанда то иншооти шумо расонида мешавад.

Насб ва омӯзиш
Мутахассисони мо таҷҳизотро ба кор андохта, операторҳоро меомӯзонанд.
Саволҳои маъмул
Саволҳои аз ҳама бештар додашаванда оид ба расонидан, шартнома ва пайгирӣ.
Оё фармоишҳоямро онлайн пайгирӣ кардан мумкин аст?
Борҳо дар чанд муддат расонида мешаванд?
Кадом усулҳои расонидан мавҷуданд?
Барои бастани шартнома аз ман чӣ талаб карда мешавад?
Лоиҳаи шуморо якҷоя муҳокима мекунем
Барои гирифтани маслиҳат оид ба интихоби таҷҳизот, ҳалли техникӣ ва пешниҳодҳо бо мо тамос гиред.
Моро пайгирӣ кунед
Таҷҳизоти нав, ба кор андохтан ва равандҳои истеҳсолӣ — дар каналҳои расмии мо.
Таҷҳизоти монанд

Таҷҳизоти автоматии печондани ресмон

Хати истеҳсоли маҳсулоти бофташуда (ҷемпер, палто, либосҳои кӯдакона ва ғайра) AF-L023

Таҷҳизоти автоматии истеҳсоли трансферҳо бо стразҳои ширешдор

Хати бофтани тасмаи резинӣ (эластикӣ)

Таҷҳизоти кушодани нахи пахта

Таҷҳизоти дӯзандагии ултрасадоӣ

Хати истеҳсоли дастмол
Дар анбор мавҷуд