1 / 12Хати ихчами истеҳсоли хӯроки паррандагон (8-12 т/шабонарӯз)
Дар кишвари мо масъалаи амнияти озуқаворӣ ҳамеша мубрам буд.
Тавсиф
Дар бораи таҷҳизот
Дар кишвари мо масъалаи амнияти озуқаворӣ ҳамеша мубрам буд. Бинобар ин ширкати AFEX-GROUP хати ихчами истеҳсоли хӯроки махсуси ғанигардонидашударо барои парварандагони мурғҳои бройлер ва тухмӣ, шутурмурғ, қоз ва мурғобӣ пешниҳод мекунад. Илова бар ин, бо тағйир додани қисми майдакунии ин таҷҳизот барои чорво низ хӯроки донашакл истеҳсол кардан мумкин аст. Раванди истеҳсоли хӯрок ва худи он вобаста ба давраи парвариши парранда 3 андоза дорад. Ин 3 навъи маҳсулот на танҳо бо андоза, балки бо таркиб низ фарқ мекунанд. Дар байни мардум онҳоро бо номҳои Старт, Рост ва Финиш меноманд. Биёед аввал бо марҳилаҳои истеҳсоли маҳсулот ва таҷҳизоте, ки дар он иштирок мекунанд, шинос шавем.
ТАҶҲИЗОТИ МАЙДАКУНӢ ВА ОМЕХТАКУНИИ МАҲСУЛОТИ ДОНАГӢ, ҳаҷми 1000 л (МИКСЕР)
Таҷҳизоти миксер бо майдакунаки насбшуда маҳсулоти донагиро майда карда, ҳамзамон ба бахши омехтакунӣ мефиристад. Инчунин ба ин таҷҳизот тавассути бункери иловагӣ маҳсулотеро, ки майда кардан лозим нест, илова кардан мумкин аст: он маҳсулотро ба боло бардошта, сипас омехта мекунад. Аз ин рӯ омехташавии маҳсулот бо таносуби якхела ба даст меояд.
ТРАНСПОРТЁРИ ШНЕКИИ БАРДОРАНДАИ МАҲСУЛОТ
Азбаски таҷҳизоти гранулятор нисбатан баланд аст, бардошта рехтани маҳсулот ба он каме душворӣ эҷод мекунад ва ҳамзамон қувваи кории иловагиро талаб менамояд. Барои ҳалли ин мушкилот мо ба Шумо таҷҳизоти транспортёри шнекиро тавсия медиҳем. Он барои рехтани маҳсулоти дар миксер тайёршуда ба таҷҳизоти гранулятор истифода мешавад. Истифодаи таҷҳизот дониши иловагиро талаб намекунад ва он ба таври автоматӣ кор мекунад.
ТАҶҲИЗОТИ ГРАНУЛЯТОР
Таҷҳизоти гранулятор дар марҳилаи истеҳсол қисми асосӣ ба ҳисоб меравад, ки маҳсулоти нимтайёри хокашакли ба он рехташударо ба шакли гранула меорад. Грануляторе, ки ширкати мо тавсия медиҳад, технологияи навтарин буда, функсияи намнок кардани ашёи хомро бо буғ дорад. Раванди буғдиҳӣ муҳим аст, зеро дар ин раванд маҳсулот безарар гардонида мешавад ва дар ҳарорати баланд бактерияҳои зараровар нобуд мешаванд. Азбаски паррандаҳо табиатан зуд бемор мешаванд, ҳоло харидорон хӯроки бо буғ коркарднашударо харидан намехоҳанд. Барои он ки таҷҳизот ба Шумо муддати дароз хизмат кунад, қолибҳо ва гилзаҳои шнеки он аз металли зангногир сохта шудаанд.
Вобаста ба навъ ва синну соли паррандае, ки Шумо мехӯронед, гранулаҳои андозаи зарурӣ интихоб карда мешаванд. Ширкати мо ба Шумо 2 қолиби андозаи дилхоҳро ройгон пешниҳод мекунад. Барои қолибҳои иловагӣ бошад бояд аз 480$ пардохт кунед.
БУҒГЕНЕРАТОР
Таҷҳизоти буғдиҳӣ бо фишори баланд унсури зарурии маҳсулот ба ҳисоб меравад. Барои солим калон шудани чӯҷаҳои мизоҷони Шумо низ коркард бо буғ хеле зарур аст. Бо талаби мизоҷон ин буғгенератор бо ҷараёни барқ кор мекунад, бо фармоиш вариантҳое, ки бо гази табиӣ кор мекунанд, низ мавҷуданд. Азбаски таҷҳизоти буғдиҳӣ бо системаи идоракунии PLC идора карда мешавад, онро дар сатҳ ва ҳаҷми зарурӣ танзим кардан мумкин аст. Таҷҳизот ҳатто дар ҳолатҳое, ки системаи идоракунӣ мутобиқ нест, ҳангоми аз фишори муқарраршуда зиёд шудани фишор, барои пешгирии хатари таркидани дег аз фишори аз ҳад зиёд ба таври автоматӣ кушода мешавад. 2, маҳсулот бо муҳофизат аз сатҳи пасти об муҷаҳҳаз аст: ҳангоми қатъ шудани обтаъминкунӣ дег ба таври автоматӣ корашро қатъ мекунад ва ба осеб дидани унсури гармкунии барқии дег роҳ намедиҳад. 3, маҳсулот муҳофизат аз ихроҷи ҷараёнро дар бар мегирад: ҳатто агар аз кори нодурусти дег пайвасти кӯтоҳ ба вуҷуд ояд, дег ба таври автоматӣ худ ба худ хомӯш мешавад, назорати саривақтӣ ва хуб таъмин гардидааст.
ТАҶҲИЗОТИ МАХСУСИ ҒАЛБЕРКУНӢ БАРОИ ГРАНУЛА
Таҷҳизоти ғалберкунӣ гранулаҳоро аз пораҳои майдашуда, ки ба ҳолати хока омадаанд, ҷудо мекунад. Ҳамзамон барои хунук кардани гранула пеш аз ба халта андохтан низ хизмат мекунад. Мизоҷони мо метавонанд бо талаби худ микрони ғалберро бо андозаи дигар фармоиш диҳанд.
Бо ёрии таҷҳизоти дар боло овардашуда Шумо метавонед тиҷорати худро бемалол оғоз кунед. Аз ҷониби ширкати мо дастгоҳи дӯхтани халтаҳо РОЙГОН дода мешавад. Илова бар ин, харидани тарозуи барои Шумо қулай ба мақсад мувофиқ аст.Дархости зуди нарх
Ном ва рақами телефони худро гузоред — боқимондаро мутахассиси мо ҳал мекунад.
Маълумоти шумо ба шахсони сеюм дода намешавад
Видео
Раванди кори таҷҳизот.
Расонидан ва ба кор андохтан
Аз машварат то ба кор андохтан — раванд дар чор марҳила, дар асоси шартнома.

Машварат
Эҳтиёҷоти шуморо муайян карда, конфигуратсия ва пешниҳоди тиҷоратӣ омода мекунем.

Шартнома
Мӯҳлат, тартиби пардохт ва шартҳои кафолат дар шартнома қайд карда мешаванд.

Расонидан
Таҷҳизот аз истеҳсолкунанда то иншооти шумо расонида мешавад.

Насб ва омӯзиш
Мутахассисони мо таҷҳизотро ба кор андохта, операторҳоро меомӯзонанд.
Саволҳои маъмул
Саволҳои аз ҳама бештар додашаванда оид ба расонидан, шартнома ва пайгирӣ.
Оё фармоишҳоямро онлайн пайгирӣ кардан мумкин аст?
Борҳо дар чанд муддат расонида мешаванд?
Кадом усулҳои расонидан мавҷуданд?
Барои бастани шартнома аз ман чӣ талаб карда мешавад?
Лоиҳаи шуморо якҷоя муҳокима мекунем
Барои гирифтани маслиҳат оид ба интихоби таҷҳизот, ҳалли техникӣ ва пешниҳодҳо бо мо тамос гиред.
Моро пайгирӣ кунед
Таҷҳизоти нав, ба кор андохтан ва равандҳои истеҳсолӣ — дар каналҳои расмии мо.
Таҷҳизоти монанд

Хати истеҳсоли халтаҳои спанбонд

Хати истеҳсоли антифриз

Хати истеҳсоли линолеум

Хати истеҳсоли плёнкаи гармхона

Хати истеҳсоли халтаҳои спанбонд

Хати хурди истеҳсоли собун

Хати истеҳсоли қубурҳо ва профилҳои металлӣ
