# Таҷҳизоти ултрасадоии бахякунӣ ва дӯзандагӣ AF-L020
> Бо рушди замони мо навовариҳо ба ҳар як соҳа бошиддат ворид мешаванд.
Каталог: Саноати сабук › Таҷҳизоти бофандагӣ
SKU: AF-L020
Навсозӣ шуд: 2026-07-14

Бо рушди замони мо навовариҳо ба ҳар як соҳа бошиддат ворид мешаванд. Аз ҷумла дар соҳаи нассоҷӣ низ навовариҳои хеле сарфакор ва қулай дар ҳаёти мо ҷой мегиранд. Имрӯз AFEX-GROUP LLC ба Шумо таҷҳизоти ултрасадоии бахякуниро тавсия медиҳад, ки 3-4 сол боз ба бо нақшҳои гуногун оро дода шудан ва харидоргир гардидани маҳсулоти воридотии мо хизмат мекунад. Ин таҷҳизот бо як қатор осониҳои худ аз таҷҳизоти насли пешина фарқ мекунад. Ҳоло маҳсулоти бахякардашуда дар кишвари мо ва ҷаҳон хеле маъмул гардидааст. Барои истеҳсоли ин маҳсулоти бахякардашуда дастгоҳҳои анъанавӣ ва муосири бахякунӣ истифода мешаванд. Дастгоҳҳои анъанавӣ бахякуниро бо ёрии ришта иҷро мекунанд ва чунин раванди истеҳсолот аз баъзе камбудиҳо холӣ нест. Дар поён бахякунии нави ултрасадоӣ ва бахякунии анъанавӣ бо риштаро бо ҳам муқоиса мекунем.

## Нишондиҳандаҳои асосӣ

- **Шиддат:** 380 В 50 Гц
- **Суръати кор:** 0-400 м/соат
- **Бари мато (бари бахякунӣ):** 2200 мм
- **Андоза:** 7000x2700x2100
- **Вазн:** 3 т
- **Басомади корӣ:** 20 кГц

## Хусусиятҳои техникӣ

| | |
|---|---|
| Кишвари истеҳсол | Чин |
| Шиддат | 380 В 50 Гц |
| Иқтидори истеъмолӣ | 1.5 кВт-5 кВт+0.75 кВт-2 кВт+0.75 кВт |
| Генератори ултрасадо | 600 Вт*(6-20 дона) |
| Бари мато (бари бахякунӣ) | 2200 мм |
| Андоза | 7000x2700x2100 (ДxПxБ) |
| Вазн | 3 т |
| Суръати кор | 0-400 м/соат |
| Басомади корӣ | 20 кГц |

## Тавсиф

- Таҷҳизоти бахякунӣ бо ришта назорати доимиро талаб мекунад ва хароҷоти таъмир баланд аст. (Сӯзанҳо, сервомуҳаррик, инвертор ва ғайра)
- Суръати бахякунӣ паст аст, бо назардошти нерӯи барқи сарфшуда коэффитсиенти кори фоиданок баланд нест.
- Навъи матои бахякардашаванда ва ғафсии онро доимо назорат кардан лозим аст, вагарна ин хато метавонад ба Шумо гарон афтад.
- Аз меъёр зиёд будани садо дар ҷараёни кор

Мо ба Шумо таҷҳизоти ултрасадоии бахякуниро, ки ба талаботи замон пурра ҷавобгӯ аст, ва илова бар он дастгоҳи ултрасадоии дӯзандагиро пешниҳод мекунем. Хати тавсиякардаи мо кадом қулайиҳоро дорад.

- Азбаски суръат баланд аст, фармоишҳо сари вақт иҷро мешаванд
- Азбаски бахякунӣ тавассути қолиби махсус иҷро мешавад, хароҷот барои таҷҳизот нисбатан арзон аст. Муҳимтар аз ҳама, дар ҷараёни бахякунӣ умуман ришта истифода намешавад.
- Бо мақсади ба ҳадди ақал расонидани хароҷоти Шумо мо барои дӯхтани қисмҳои канори маҳсулот таҷҳизоти ултрасадоии дӯзандагиро низ тавсия медиҳем. Дар ин таҷҳизот Шумо бисёр корҳои дигарро низ иҷро карда метавонед.
- Аз маҳсулоти чарми сунъӣ низ истифода бурдан мумкин аст
- Ҳатто ҳангоми бисёркарата шустан сифати бахякунӣ тағйир намеёбад

Бо ёрии таҷҳизоти бахякунии тавсиякардаи мо Шумо метавонед маҳсулоти 2-қабата (мато+синтепон) ва 3-қабата (мато+синтепон+мато) истеҳсол кунед. Дар поён Шумо метавонед бо нишондиҳандаҳои техникии таҷҳизот шинос шавед.

Дар соҳибкороне, ки навакак мехоҳанд дар ин соҳа кор оғоз кунанд, худ аз худ саволҳо пайдо мешаванд: ин корро чӣ гуна оғоз кунам, ашёи хоми заруриро аз куҷо гирам, оё барои оғози кор мутахассис ҳаст — дастаи AFEX-GROUP маслиҳатҳои худро дареғ намедорад ва мо мутахассисони баландихтисос дорем. Ҳоло дар бозорҳои мо маҳсулоти маъмул, яъне кӯрпаҳои бахякардашуда, болиштҳо, либосҳои болоӣ, рӯйпӯшҳо барои курсиҳои автомобил ва ғайраро истеҳсол кардан мумкин аст. Дар поён барои диққати Шумо намунаҳои баъзе маҳсулотро пешниҳод мекунем.

Барои қисмҳои канори маҳсулоти худ Шумо метавонед аз мошини оддии дӯзандагӣ низ истифода баред, аммо мо ба Шумо мошини ултрасадоии дӯзандагиро тавсия медиҳем. Барои ин таҷҳизот ришта лозим нест ва намуди маҳсулоти Шумо аз дигарон ба куллӣ фарқ мекунад. Бо интихоби роликҳои зарурӣ Шумо метавонед қисми канорро бо нақшҳои гуногуни гулдор тайёр кунед. Дар ин ҳол басомадҳо ба нуқтаи зарурӣ дода шуда, ҳолате монанди кафшеркунӣ ба амал меояд. Ин барои маҳсулоти тайёри намуди мато+синтепон+мато қулай буда, онро барои худи мато низ истифода бурдан мумкин аст.

Бо ёрии ду таҷҳизоти дар боло пешниҳодшуда Шумо метавонед бисёр маҳсулоти дар бозори кишвари мо харидоргирро истеҳсол кунед. Мо барои рушди тиҷорати Шумо бо тамоми ҷидду ҷаҳд кӯшиш кардем, зеро Шумо бо як маҳсулот маҳдуд намемонед ва арзиши аслии маҳсулоти Шумо нисбат ба пешниҳодкунандагони маҳсулоти шабеҳ хеле арзонтар меафтад ва ҳоло рақибони Шумо каманд. Умедворем, ки тиҷорати имрӯз пешниҳодкардаи мо ба Шумо писанд омад.

## Видео

- https://youtu.be/XfzWhlnF5qI

Тегҳо: аз чин, истеҳсол, қаватдӯзӣ, чин

**Нарх:** Расонидан, насб, кафолат — нархро дархост кунед.

---
Саҳифа (HTML): https://afex.uz/tj/product/tajhizoti-ultrasadoii-bakhyakuni-va-duzandagi-af-l020/
tg · [uz](https://afex.uz/product/ultratovushli-qavish-va-tikuv-uskunalari-af-l020.md) · [zh-CN](https://afex.uz/cn/product/chaosheng-bo-hang-feng-ji-ji-feng-he-shebei-af-l020.md) · [kk](https://afex.uz/kz/product/ultradybystyq-syru-jane-tigin-jabdyqtary-af-l020.md) · [ru](https://afex.uz/ru/product/ultrazvukovoye-shveynoye-oborudovaniye-af-l020.md) · [en](https://afex.uz/en/product/ultrasonic-welding-and-sewing-equipment-af-l020.md)
