# Таҷҳизоти паймони истеҳсоли салфеткаи коғазӣ
> Дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо талабот ба маҳсулоти яккарата меафзояд, вале кам намешавад.
Каталог: Коркарди коғаз
SKU: 2
Навсозӣ шуд: 2026-07-14

Дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо талабот ба маҳсулоти яккарата меафзояд, вале кам намешавад. Зарфҳои яккарата барои хӯрок ва нӯшокӣ, махсусан салфеткаҳои яккаратаи аз коғаз истеҳсолшударо ҳар яки мо қариб ҳар рӯз истифода мебарем. Салфеткаҳои коғазии яккарата дар ошхонаҳо, қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо ва тӯйхонаҳо, ҳатто дар хона ҷои салфеткаҳои аз матоъ сохташударо пурра ишғол мекунанд. Зеро ин навъи салфеткаҳо ба ғайр аз он ки ба талаботи гигиенӣ пурра ҷавобгӯ мебошанд, барои истифода низ хеле қулайанд. Аз ин рӯ дар кишвари мо талабот ба ин навъи салфеткаҳо боз ҳам меафзояд. Пеш аз оғози ҳар кор ҳар як соҳибкор дар бораи ояндаи кори оғознамудааш андеша мекунад. Сабабҳои ба минтақаи мо мувофиқ будани ин тиҷоратро дар поён баён кардан мехоҳем: Азбаски дар кишвари мо ин соҳа чандон маъмул нагаштааст, бо маҳсулоти худ ворид шудан ба бозор душвор нахоҳад буд; Ашёи хоми маҳсулотро дар қаламрави кишвари мо дар ҳар вақт ва бо ҳар ҳаҷм пайдо кардан мумкин аст. Азбаски маҳсулоти тайёр ҷои зиёдро ишғол мекунад, истеҳсол дар вилоятҳо низ натиҷаи хуб медиҳад; Ба коргари махсуси баландихтисос зарурат нест; Азбаски мӯҳлати фурӯши маҳсулот ба харидор маҳдуд нест, Шумо метавонед аз он натарсед, ки он мисли маҳсулоти хӯрокворӣ мӯҳлаташ гузашта вайрон мешавад.

## Нишондиҳандаҳои асосӣ

- **Суръати истеҳсол:** 0-520 дона/мин
- **Шиддат:** 220 В
- **Андоза:** 3200x1050x1700 мм
- **Сарфи барқ:** 4.2 кВт
- **Мавод:** Металли зангногири S208
- **Ҷои истеҳсол:** Чин

## Хусусиятҳои техникӣ

| | |
|---|---|
| Ҷои истеҳсол | Чин |
| Шиддат | 220 В |
| Сарфи барқ | 4.2 кВт |
| Андоза | 3200x1050x1700 мм |
| Суръати истеҳсол | 0-520 дона/мин |
| Мавод | Металли зангногири S208 |

### Таҷҳизоти бастабандии маҳсулоти тайёр

| | |
|---|---|
| Ҷои истеҳсол | Чин |
| Шиддат | 220 В |
| Усули бастабандӣ | Бо ёрии гармкунӣ |

## Комплектатсия

### Қисмҳои таҷҳизот

- Қисми боркунии ашёи хом
- Вали нақшдор
- Валҳои қаткунанда
- Корди буриш
- Панели идоракунӣ

## Тавсиф

Ширкати «AFEX-GROUP» ба Шумо таҷҳизоти истеҳсоли чунин салфеткаҳоро пешниҳод мекунад. Дар ҳолати зарурати маълумоти иловагӣ дар бораи таҷҳизот Шумо метавонед озодона ба офиси мо муроҷиат намоед. Таҷҳизот автоматӣ буда, ашёи хоми тайёрро (селлюлоза) аз рулон бо андозаи зарурӣ бурида, ҳисоб карда, барои бастабандӣ омода месозад. Бо талаби харидор ба вали таҷҳизот нақши кандакорӣ ё бренд гузошта мешавад. Таҷҳизоти бастабандии маҳсулотро технологҳои баландихтисоси мо месозанд. (ин дастгоҳ ба нархи таҷҳизот дохил намешавад) Барои таҷҳизот ҳуҷраи андозааш на камтар аз 6 м\*3 м кифоя аст.

## Видео

- https://youtu.be/1mTqmU1Av_Y

Тегҳо: истеҳсоли салфетка, қоғаз, салфетка, таҷҳизот

**Нарх:** Расонидан, насб, кафолат — нархро дархост кунед.

---
Саҳифа (HTML): https://afex.uz/tj/product/tajhizoti-paymoni-istehsoli-salfetkai-koghazi/
tg · [ru](https://afex.uz/ru/product/kompaktnoye-oborudovaniye-dlya-proizvodstva-bumazhnykh-salfetok.md) · [uz](https://afex.uz/product/ixcham-qogoz-salfetka-ishlab-chiqarish-uskunasi.md) · [en](https://afex.uz/en/product/compact-paper-napkin-production-equipment.md) · [kk](https://afex.uz/kz/product/qagaz-mailyq-ondirudin-yqsham-jabdygy.md) · [zh-CN](https://afex.uz/cn/product/xiaoxing-canjin-zhi-ji.md)
