AFEX
Коркарди коғазРамзи мол: 60a65cb70bd70c6d5c339d80

Таҷҳизоти истеҳсоли салфеткаҳои диспенсерӣ

Таҷҳизоти истеҳсоли салфеткаҳои коғазии яккаратаи пешниҳодкардаи ширкати мо ба қатори таҷҳизоте дохил мешавад, ки бештар аз ҳама муштариёни…

Пешниҳоди инфиродӣ
Шиддат
380В50Гц
Андозаҳои маҳсулот
130*80мм
Андоза
2600*1500*1500мм
Вазн
1200кг
Иқтидор
4,5кВт/соат
Ҳаҷми истеҳсол
400-600 дона/мин
Нарх

Тавсиф

Дар бораи таҷҳизот

Таҷҳизоти истеҳсоли салфеткаҳои коғазии яккаратаи пешниҳодкардаи ширкати мо ба қатори таҷҳизоте дохил мешавад, ки бештар аз ҳама муштариёни моро ба худ ҷалб карда ва аз ҷониби онҳо зиёд харидорӣ шудааст. Таваҷҷуҳи зиёд ба ин тиҷорати даромаднокро бо паҳншавии васеи ин гуна салфеткаҳо дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо ва талаботи баланд ба онҳо шарҳ додан мумкин аст. Муштариёни мо, ки таҷҳизоти ҳамин навъи салфеткаҳоро харидаанд, ба истилоҳи халқӣ «корашон пеш рафта», тиҷорати худро васеъ мекунанд. Бисёре аз муштариёни мо акнун ба истеҳсоли салфеткаҳои диспенсерӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд.

Салфеткаҳои диспенсерӣ кашфиёти аҷибе мебошанд ва ҳамаи мо ин гуна салфеткаҳоро дар қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо ва дигар нуқтаҳои хӯрокхӯрӣ бисёр дидаем ва аз онҳо истифода кардаем. Онҳо дар диспенсерҳои махсус дар ҳолати қатшуда ҷойгиранд. Ин гуна салфеткаҳо нисбат ба салфеткаҳои муқаррарии чоркунҷа як қатор бартариҳо доранд. Онҳо дар диспенсерҳои махсус ҷойгир карда мешаванд, ки ин тоза нигоҳ доштани салфеткаҳо ва гигиенаи баландро таъмин мекунад. Бартарии онҳо дар он аст, ки бо як ҳаракат салфеткаро бе расондан ба дигар салфеткаҳо бемалол гирифтан мумкин аст. Инчунин дар диспенсер қарор доштани салфеткаҳо ва якто-якто гирифтани онҳо аз диспенсер исрофи салфеткаи зиёдатиро пешгирӣ мекунад ва барои соҳибони қаҳвахонаю тарабхонаҳо хароҷоти зиёдатиро кам мекунад. Ба диспенсерҳо бошад, ҳар гуна рекламаро низ ҷойгир кардан мумкин аст. ТАҶҲИЗОТИ ИСТЕҲСОЛИ САЛФЕТКАИ ДИСПЕНСЕРӢ Таҷҳизоти истеҳсоли салфеткаҳои диспенсерӣ аз ҷиҳати кор бо таҷҳизоти салфеткаҳои муқаррарии чоркунҷа якхела ба ҳисоб меравад.Талаботи зарурӣ барои таҷҳизот:
  • Ҷараёни барқ бо шиддати 380 волт
  • ба ҳисоби миёна 20-25 метри мураббаъ ҷой (танҳо барои таҷҳизот, барои маҳсулот ва ашёи хом ҷойи калонтар лозим аст)
  • ақаллан 2 нафар коргар
Аввал ашёи хом гирифта шуда, ба таҷҳизот насб ва ба кор андохта мешавад. Пас аз он ашёи хом аз байни валҳо мегузарад ва нақши валҳо дар ашёи хом инъикос меёбад. Дар марҳилаи навбатӣ салфеткаҳо ба таври амудӣ ва уфуқӣ қат карда мешаванд. Баъд аз ин салфеткаҳо қат шуда, ба ҳолате меоянд, ки ҳарфи L-ро ба хотир меорад. Дастгоҳи кашиши ҳаво, ки ба таҷҳизот пайваст аст, вазифаи қат кардани салфеткаҳоро иҷро мекунад.

ДАСТГОҲИ КАШИШИ ҲАВО

Пас аз қат шудан салфеткаҳо бо андозаи лозимӣ бурида шуда, дар системаи автоматии ҳисобкунӣ шумурда мешаванд.
01

Таҷҳизоти истеҳсоли салфеткаи диспенсерӣ

8 параметр
Таҷҳизоти истеҳсоли салфеткаи диспенсерӣ
Кишвари истеҳсол
Чин
Шиддат
380В50Гц
Иқтидор
4,5кВт/соат
Андозаҳои маҳсулот
130*80мм (мувофиқи талаби муштарӣ метавонад тағйир ёбад)
Ҳаҷми истеҳсол
400-600 дона/мин
Функсияи ҳисобкунии автоматӣ
Мавҷуд
Андоза
2600*1500*1500мм
Вазн
1200кг
Дар марҳилаи охир пас аз шумурда шудан дар системаи автоматии ҳисобкунӣ салфеткаҳои диспенсерӣ дар таҷҳизоти нимавтоматии бастабандӣ бастабандӣ карда мешаванд.

AFEX · МАШВАРАТ
Операторҳо онлайн

Дархости зуди нарх

Ном ва рақами телефони худро гузоред — боқимондаро мутахассиси мо ҳал мекунад.

ТаҷҳизотТаҷҳизоти истеҳсоли салфеткаҳои диспенсерӣ

Маълумоти шумо ба шахсони сеюм дода намешавад

Хусусиятҳои техникӣ

Маълумот аз ҷониби истеҳсолкунанда пешниҳод шудааст; конфигуратсия метавонад вобаста ба фармоиш тағйир ёбад.

Таҷҳизоти истеҳсоли салфеткаи диспенсерӣ

8 параметр
Кишвари истеҳсол
Чин
Шиддат
380В50Гц
Иқтидор
4,5кВт/соат
Андозаҳои маҳсулот
130*80мм (мувофиқи талаби муштарӣ метавонад тағйир ёбад)
Ҳаҷми истеҳсол
400-600 дона/мин
Функсияи ҳисобкунии автоматӣ
Мавҷуд
Андоза
2600*1500*1500мм
Вазн
1200кг

Расонидан ва ба кор андохтан

Аз машварат то ба кор андохтан — раванд дар чор марҳила, дар асоси шартнома.

  1. 1

    Машварат

    Эҳтиёҷоти шуморо муайян карда, конфигуратсия ва пешниҳоди тиҷоратӣ омода мекунем.

  2. 2

    Шартнома

    Мӯҳлат, тартиби пардохт ва шартҳои кафолат дар шартнома қайд карда мешаванд.

  3. 3

    Расонидан

    Таҷҳизот аз истеҳсолкунанда то иншооти шумо расонида мешавад.

  4. 4

    Насб ва омӯзиш

    Мутахассисони мо таҷҳизотро ба кор андохта, операторҳоро меомӯзонанд.

Саволҳои маъмул

Саволҳои аз ҳама бештар додашаванда оид ба расонидан, шартнома ва пайгирӣ.

Оё фармоишҳоямро онлайн пайгирӣ кардан мумкин аст?
Шумо метавонед фармоишҳоро онлайн пайгирӣ кунед. Дар Ӯзбекистон яке аз аввалинҳо механизме таҳия карда шуд, ки тавассути системаи GPS борҳоро назорат намуда, ҷойгиршавии онҳоро муайян мекунад ва вақти расиданашонро тахминан ҳисоб мекунад. Шумо ин маълумотро танҳо бо ворид кардани рақами шартнома гирифта метавонед.
Борҳо дар чанд муддат расонида мешаванд?
Мӯҳлати расонидани борҳо дар аксари ҳолатҳо ба истеҳсолкунанда вобаста аст. Расонидани аксари таҷҳизоти истеҳсолии ҳаҷман калон нисбат ба таҷҳизоти оддӣ 2-3 маротиба вақти зиёдтар талаб мекунад. Дар сурати мавҷуд будани таҷҳизоти тайёр мӯҳлати расонидан аз 30 рӯз оғоз мешавад.  Вақте, ки барои расмиятдарории гумрукии таҷҳизот дар ҳудуди Ӯзбекистон ва равандҳои сертификатсия сарф мешавад, ба ин дохил намешавад.
Кадом усулҳои расонидан мавҷуданд?
Вобаста ба навъи мол ва мӯҳлати қабули фармоиш борҳо аз хориҷа ба ҳудуди Ӯзбекистон бо усулҳои зерин расонида мешаванд: Тавассути роҳҳои ҳавоӣ Тавассути роҳи оҳан Тавассути нақлиёти заминӣ Тавассути нақлиёти омехта
Барои бастани шартнома аз ман чӣ талаб карда мешавад?
Барои мизоҷи ширкати мо шудан аз Шумо инҳо талаб карда мешаванд: ШАҲОДАТНОМАИ тасдиқкунандаи субъекти соҳибкорӣ; Реквизитҳои бонкӣ; Рақами мушаххаси андозсупоранда (СТИР); Нусхаи шиносномаи роҳбар; Мӯҳри корхона барои тасдиқи шартнома
Машварат

Лоиҳаи шуморо якҷоя муҳокима мекунем

Барои гирифтани маслиҳат оид ба интихоби таҷҳизот, ҳалли техникӣ ва пешниҳодҳо бо мо тамос гиред.

Занг занед+998 93 381 6699Дш–Шб: 9:00 – 18:00
AFEX · ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

Моро пайгирӣ кунед

Таҷҳизоти нав, ба кор андохтан ва равандҳои истеҳсолӣ — дар каналҳои расмии мо.

Таҷҳизоти монанд

Ҳамаро дидан