1 / 4Таҷҳизоти истеҳсоли исфанҷи металлӣ AF-B006
Исфанҷҳои металлӣ яке аз воситаҳои асосие мебошанд, ки дар корҳои хоҷагидории соҳибхоназанон ба кор меоянд.
- Модел
- AF-130C
- Шиддат
- 380/220В50/60Гц
- Диаметри силиндрҳо
- 130мм
- Андозаи таҷҳизот
- 1700x900x1500мм
- Вазн
- 450кг
- Иқтидор
- 1,5кВт/соат
Тавсиф
Дар бораи таҷҳизот
Исфанҷҳои металлӣ яке аз воситаҳои асосие мебошанд, ки дар корҳои хоҷагидории соҳибхоназанон ба кор меоянд. Зеро ҳангоми тоза кардани чиркҳое, ки исфанҷҳои мочалкадор аз зарфҳо тоза карда наметавонанд, исфанҷҳои металлӣ ба ёрии мо мерасанд ва хизмати ин гуна исфанҷҳо дар тоза шустани зарфҳо бемисл аст. Бо ёрии исфанҷҳои металлӣ чиркҳои душворпоккунандаро аз дегҳо, чойникҳо, тобаҳо, кастрюлҳои металлӣ, плитаҳои газӣ, плитаҳои барқӣ, раковинаҳо, грилҳо, дастгоҳҳои пухтани стейк, сихҳо ва дигар зарфҳои шабеҳи металлӣ ба осонӣ тоза кардан мумкин аст. Чунин исфанҷҳо, ки яке аз ихтироъҳои судманди замони мо ба ҳисоб мераванд, аз металл сохта шуда, хеле мустаҳкаманд. Ин, чунон ки дар боло гуфтем, дар тоза кардани зарфҳои душвортозашаванда то дурахшон шуданашон ба мо кӯмаки калон мерасонад.
Дастаи "AFEX-GROUP" ба Шумо маҳз чунин таҷҳизоти истеҳсоли исфанҷҳои металлиро пешниҳод мекунад. Бо ба роҳ мондани тиҷорати истеҳсоли исфанҷи металлӣ Шумо метавонед даромади хуб ба даст оред.
Барои ҷойгир кардани таҷҳизот ба Шумо як ҳуҷраи андозааш ақаллан 3x3 м бо шиддати барқи 380 В кифоя аст.
Таҷҳизоти истеҳсоли исфанҷи металлӣ

- Кишвари истеҳсол
- Чин
- Соли истеҳсол
- 2019
- Модел
- AF-130C
- Шиддат
- 380/220В50/60Гц
- Иқтидор
- 1,5кВт/соат
- Шумораи силиндрҳо
- 2дона
- Диаметри силиндрҳо
- 130мм
- Ҳаҷми истеҳсол
- 8 кг/соат
- Андозаи таҷҳизот
- 1700x900x1500мм
- Вазн
- 450кг
- истифодаи таҷҳизот хеле осон аст ва барои ин дониш ва малакаи махсус талаб карда намешавад, технологи мо таҷҳизотро насб карда, ба кор андохта ва нишон дода, ҳамаи малакаҳоро ба Шумо меомӯзонад (хизмати технолог ба нархи таҷҳизот дохил нест)
- Ҳамчун ашёи хом барои маҳсулот сими SS 410 истифода мешавад ва мо ба Шумо дар ёфтани ин сим кӯмак мерасонем
- Ба қисмҳои асосии таҷҳизот 1 сол кафолат дода мешавад.
- Шумо метавонед таҷҳизотро дар як рӯз то 20 соат, дар давоми 10 сол бемалол истифода баред.
- Таҷҳизот ҳангоми ба маҳсулот табдил додани ашёи хом партови ҳадди ақал (қариб тамоман не) ҳосил мекунад. Ин ба Шумо имкон медиҳад, ки маҳсулоти бештар истеҳсол кунед.
- Ба таҷҳизот ҳисобкунаки автоматӣ ва тарозуи электронӣ насб шудааст, ки ба Шумо дақиқии хеле баландро таъмин мекунад.

Акнун ба қисми барои ҳамаи мо ҷолибтарин мегузарем, яъне тахминан ҳисоб мекунем, ки бо ба роҳ мондани ин тиҷорат чӣ қадар даромад гирифтан мумкин аст.
Як кило ашёи хоми барои маҳсулот истифодашаванда – сими SS 410 – тақрибан 20 ҳазор сум арзиш дорад (нарх метавонад тағйир ёбад). Агар исфанҷи металлии Шумо 10 грамм бошад, аз як килограмм ашёи хом тақрибан 100 дона исфанҷи металлӣ истеҳсол мекунед. Таҷҳизот иқтидори дар як соат истеҳсол кардани то 8 кг маҳсулотро дорад. Пас, Шумо метавонед дар як соат 800 дона исфанҷи металлӣ истеҳсол кунед. Агар таҷҳизотро дар давоми 8 соат истифода баред, дар як рӯз то 6400 дона исфанҷи металлӣ истеҳсол карда метавонед.
Пас, дар давоми 8 соат Шумо 64 кг ашёи хом истифода мебаред.
Таҷҳизот дар 1 соат 1,5 киловатт энергияи барқ сарф мекунад. Агар барои равшан кардани бино ва дигар мақсадҳо дар як соат 2 киловатт энергияи барқ сарф шавад, дар давоми 10 соат 20 киловатт энергияи барқ сарф мешавад.
Ҳоло аз мағозаҳо як донаи чунин исфанҷи металлиро аз 500 то 1000 сум харидан мумкин аст. Агар Шумо маҳсулоти худро ба мағозаҳо бо нархи яклухт, яъне аз 300 сум (метавонад аз ин нарх гаронтар ҳам бошад) фурӯшед, дар як рӯз тақрибан 400 000 сум фоидаи соф ба даст оварда метавонед.
Барои ин кифоя аст, ки Шумо қобилияти соҳибкории худро ба кор андохта, маҳсулоти истеҳсолкардаатонро фурӯшед.
Дархости зуди нарх
Ном ва рақами телефони худро гузоред — боқимондаро мутахассиси мо ҳал мекунад.
Маълумоти шумо ба шахсони сеюм дода намешавад
Хусусиятҳои техникӣ
Маълумот аз ҷониби истеҳсолкунанда пешниҳод шудааст; конфигуратсия метавонад вобаста ба фармоиш тағйир ёбад.
Таҷҳизоти истеҳсоли исфанҷи металлӣ
10 параметр- Кишвари истеҳсол
- Чин
- Соли истеҳсол
- 2019
- Модел
- AF-130C
- Шиддат
- 380/220В50/60Гц
- Иқтидор
- 1,5кВт/соат
- Шумораи силиндрҳо
- 2дона
- Диаметри силиндрҳо
- 130мм
- Ҳаҷми истеҳсол
- 8 кг/соат
- Андозаи таҷҳизот
- 1700x900x1500мм
- Вазн
- 450кг
Расонидан ва ба кор андохтан
Аз машварат то ба кор андохтан — раванд дар чор марҳила, дар асоси шартнома.

Машварат
Эҳтиёҷоти шуморо муайян карда, конфигуратсия ва пешниҳоди тиҷоратӣ омода мекунем.

Шартнома
Мӯҳлат, тартиби пардохт ва шартҳои кафолат дар шартнома қайд карда мешаванд.

Расонидан
Таҷҳизот аз истеҳсолкунанда то иншооти шумо расонида мешавад.

Насб ва омӯзиш
Мутахассисони мо таҷҳизотро ба кор андохта, операторҳоро меомӯзонанд.
Саволҳои маъмул
Саволҳои аз ҳама бештар додашаванда оид ба расонидан, шартнома ва пайгирӣ.
Оё фармоишҳоямро онлайн пайгирӣ кардан мумкин аст?
Борҳо дар чанд муддат расонида мешаванд?
Кадом усулҳои расонидан мавҷуданд?
Барои бастани шартнома аз ман чӣ талаб карда мешавад?
Лоиҳаи шуморо якҷоя муҳокима мекунем
Барои гирифтани маслиҳат оид ба интихоби таҷҳизот, ҳалли техникӣ ва пешниҳодҳо бо мо тамос гиред.
Моро пайгирӣ кунед
Таҷҳизоти нав, ба кор андохтан ва равандҳои истеҳсолӣ — дар каналҳои расмии мо.
Таҷҳизоти монанд

Хати васлкунии хомут (фишорандаи шланг)

Дастгоҳи буриши лазерӣ AFX-6015 6000W

Дастгоҳи буриши лазерӣ AFX-6015 3000W

Дастгоҳи пневматикии хамкунии варақ AFL-1250e

AFEX таҷҳизоти портативии тамғагузории металл

Дозатор барои маҳсулоти часпак (ғализ) 50-5000 мл

Таҷҳизоти маркировкаи сатҳҳои металлии AFEX
