# Таҷҳизоти истеҳсоли дастмолчаҳои тари яккабаста AF-B003
> Барои он ки тиҷорат даромади хуб орад, интихоби навъи истеҳсол хеле муҳим аст.
Каталог: Коркарди коғаз
SKU: AF-B003
Навсозӣ шуд: 2026-07-14

Барои он ки тиҷорат даромади хуб орад, интихоби навъи истеҳсол хеле муҳим аст. Истеҳсоли маҳсулоти истеъмоли доимӣ бошад, беҳтарин интихоб маҳсуб мешавад. Имрӯз яке аз маҳсулоте, ки пурра ба истеъмоли ҳаррӯза ворид шудааст, ба ибораи дигар, яке аз маҳсулоти серистифода дастмолчаҳои тар мебошанд. Ин навъи дастмолчаҳо бо бартарии гигиенӣ ва универсалии худ ба ҷузъи ҷудонопазири ҳаёти ҳаррӯзаи мо табдил ёфтаанд. Бо назардошти ин, дастаи "AFEX-GROUP" LLC ба Шумо таҷҳизоти автоматии истеҳсоли дастмолчаҳои тарро пешниҳод мекунад.

## Нишондиҳандаҳои асосӣ

- **Ҳосилнокӣ:** 40-200 дона/мин
- **Андоза:** 1800\*1000\*1500 мм
- **Вазн:** 850 кг
- **Сарфи барқ:** 3.5 кВт
- **Мавод:** Металли зангногири 304

## Хусусиятҳои техникӣ

### Истеҳсоли Чин

| | |
|---|---|
| Андоза | 1800*1000*1500 мм (Д*П*Б) |
| Сарфи барқ | 3.5 кВт |
| Андозаи маҳсулоти тайёр | Д:60-220 мм П:30-110 мм Б:5-55 мм |
| Ҳосилнокӣ | 40-200 дона/мин |
| Мавод | Металли зангногири 304 |
| Вазн | 850 кг |

## Тавсиф

Ин маҳсулоте, ки дар назари аввал хурд менамояд, дар асл яке аз намудҳои сердаромадтарини тиҷорат ба ҳисоб меравад. Зеро шумораи истифодабарандагони он рӯз то рӯз меафзояд. Акнун дар бораи он ки чаро бояд ин тиҷоратро оғоз кард, таваққуф мекунем:

- Маҳсулоти доимо серталаб мавсим интихоб намекунанд. Талабот ба онҳо ҳам дар тобистон ва ҳам дар зимистон якхела – баланд аст. Дастмолчаҳои тар яке аз чунин маҳсулот мебошанд.
- Барои оғози ин тиҷорат доштани таҷрибаи зиёд ҳатмӣ нест. Барои соҳибкороне, ки тиҷорати худро нав оғоз мекунанд, ин маҳз ҳамон чизест, ки лозим аст.
- Таҷҳизоте, ки мо пешниҳод мекунем, пурра автоматикунонида шудааст ва аз Шумо заҳмати зиёдро талаб намекунад. Ин маънои онро дорад, ки Шумо метавонед қувваи кориро сарфа кунед.
- Бозори фурӯши маҳсулот маҳдуд нест. Яъне Шумо метавонед онҳоро дар мағозаҳои калон, ҷойҳои хӯрокхӯрӣ ва дорухонаҳо низ фурӯшед.
- Шумо инчунин метавонед бо тарабхонаҳои калон, нуқтаҳои фаст-фуд ва дигар ҷойҳо ҳамкорӣ карда, дар асоси фармоиш кор кунед.
- Шумо имконият доред, ки тибқи фармоиш дар асоси OEM, яъне бо гузоштани логотип ва номи фармоишгар, маҳсулот расонед. Бо ин Шумо албатта метавонед фармоишҳои доимӣ дошта бошед.
- Муҳимтар аз ҳама, барои оғози ин тиҷорат сармояи хеле калон талаб карда намешавад
- Бо харидани таҷҳизоти иловагии бастабандӣ (550$) Шумо имконият пайдо мекунед, ки дастмолчаҳои тари 10-20-30... донагӣ бастабандишударо бароред. Танҳо ҳар як маҳсулоти дохили он низ дар шакли бастабандишуда хоҳад буд. Ҷиҳати хуби он дар он аст, ки дар назди харидорон хатари хушк шудани он тамоман вуҷуд надорад.

Таҷҳизот барои истеҳсоли дастмолчаҳои тари яккабаста дар бастаи амудӣ пешбинӣ шудааст ва дастмолчаҳо бо қатшавии дохилӣ ва берунӣ ҷойгир мешаванд. Таҷҳизот универсалӣ буда, ҷараёнро аз истеҳсол то бастабандӣ худаш иҷро мекунад.

Пас аз харидани таҷҳизот аввалин саволе, ки соҳибкорон дар бораи он фикр мекунанд: "Барои маҳсулот кадом ашёи хом лозим аст ва онро аз куҷо гирифтан мумкин аст???"

Ҳамин тавр, ашёи хом барои истеҳсоли дастмолчаҳои тар матои ғайрибофта мебошад ва дар ёфтани он ширкати "AFEX-Group" ба харидорон кӯмаки наздик мерасонад.

## Видео

- https://youtu.be/cleLlqED4_g

Тегҳо: аз чин, донагӣ, истеҳсол, салфетка, салфеткаи намнок, Салфеткаи тар, тар, чин

**Нарх:** Расонидан, насб, кафолат — нархро дархост кунед.

---
Саҳифа (HTML): https://afex.uz/tj/product/tajhizoti-istehsoli-dastmolchahoi-tari-yakkabasta-af-b003/
tg · [uz](https://afex.uz/product/donalik-nam-salfetka-ishlab-chiqarish-usukunasi.md) · [en](https://afex.uz/en/product/machine-for-the-production-of-granular-wet-wipes-af-b003.md) · [zh-CN](https://afex.uz/cn/product/dan-pian-shi-jin-shengchan-shebei-af-b003.md) · [ru](https://afex.uz/ru/product/mashina-dlya-proizvodstva-granulirovannykh-vlazhnykh-salfetok-af-b003.md) · [kk](https://afex.uz/kz/product/jeke-oralgan-dymqyl-mailyqtar-ondiru-jabdygy-af-b003.md)
