# Хати истеҳсоли вафлӣ барои яхмос AF-L31
> Бо гарм шудани ҳаво мавсими тиҷорати яхмос оғоз меёбад.
Каталог: Озуқаворӣ
SKU: 60dc5f630bd70c1b417b510a
Навсозӣ шуд: 2026-07-15

Бо гарм шудани ҳаво мавсими тиҷорати яхмос оғоз меёбад. Умуман, истеҳсоли яхмос ва маҳсулоти барои он зарурӣ ҳамеша яке аз соҳаҳои сердаромад буд. Имрӯз мо Шуморо бо тиҷорате шинос мекунем, ки маблағи на он қадар калон талаб мекунад, вале хеле сердаромад аст.

## Тавсиф

Ин таҷҳизоти мо вафлии печонидашуда барои яхмос истеҳсол мекунад ва ҳамзамон Шумо метавонед барои яхмоси шакли курра намуди нави вафлии тақсимчашакл ва найчаи вафлӣ низ истеҳсол кунед. Ширкати AFEX-GROUP ҳамеша беҳтарин тиҷоратҳоро ба Шумо муаррифӣ мекунад, ин дафъа низ ҳамин тавр аст. Биёед аввал ба захираҳое, ки барои кори таҷҳизоти мо заруранд, таваққуф кунем.

- Бино ё ҷой барои истеҳсол: як хонаи на камтар аз 50 м2
- Қувваи корӣ: 2 нафар
- Таъминот ва сарфи барқ: 380 В 50 Гц 18 кВт/соат
- Таъминоти газ: Не
- Ашёи хом: 100% ашёи хоми маҳаллӣ
- Соҳаи истифода: Хӯрокворӣ
- Ҳаҷми рӯзонаи истеҳсоли маҳсулот: дар 10 соат 10000-12000 дона маҳсулот

Ягона ҷиҳате, ки ҳангоми хуб омӯхтани бозор бояд ба он диққат диҳед, муайян кардани андозаи вафлии дар минтақаи Шумо серхаридор аст. Барои ин Шумо бояд диаметри қисми болоии вафлии печонидашуда ва дарозии онро чен кунед.

### МИКСЕР БАРОИ ТАЙЁР КАРДАНИ ХАМИРИ МОЕЪ 60 Л

Пеш аз ҳама барои тайёр кардани вафлии яхмос маҳсулоти заруриро (орд, шакар, об ва ғайра) пай дар пай ба миксер андохта, хуб тайёр мекунанд. Вазифаи асосии таҷҳизот хуб омехта кардани маҳсулот ва ба ҳолати зарурии моеъ овардани онҳост. Агар хуб омехта нашавад, ҳангоми гузаштан аз таҷҳизоти махсуси рехтан метавонад мушкил пеш ояд.

ТАҶҲИЗОТИ РЕХТАНИ ХАМИРИ МОЕЪ

Ин таҷҳизот барои бо вазни якхела рехтани хамири моеъи дар миксер тайёршуда ба қисми пухтан истифода мешавад. Барои кори таҷҳизот компрессор зарур аст ва он ҳангоми фармон додани датчики махсус ба кор медарояд.

### ТАҶҲИЗОТИ БЕФОСИЛАИ ТАЙЁР КАРДАНИ ВАФЛӢ, 15-ҚОЛИБА

Ин таҷҳизоти мо аз 15 қолиби пухтани вафлӣ, ки бо ҷараёни барқ кор мекунанд, иборат буда, онҳо даврашакл ҷойгир шудаанд. Суръати гардиши таҷҳизот ва дараҷаи гармии ҳар як қисми пухтани вафлиро алоҳида назорат кардан мумкин аст. Бо иваз кардани қолибҳои пухтан нақшҳои рӯи вафлиро тағйир додан мумкин аст. Барои он ки кори таҷҳизот ба талаботи гигиенӣ пурра ҷавобгӯ бошад, он аз металли зангногир сохта шудааст. Таҷҳизоти рехтан дар як соат 1000-1200 дона маҳсулот истеҳсол карда метавонад.

### ТАҶҲИЗОТИ ПЕЧОНИДАНИ ВАФЛӢ БА ШАКЛИ КОНУС

Бо ёрии ин таҷҳизот вафлиҳои мудаввар ба шакли конус оварда мешаванд. Дар таҷҳизот ду қисми печонанда мавҷуд аст, ки аз баланд будани суръати кори таҷҳизот шаҳодат медиҳад. Барои таҷҳизот бо талаби мизоҷ қолиб фармоиш дода мешавад ва он андозаи маҳсулоти ниҳоиро муайян мекунад.

### КОМПРЕССОРИ ҲАВО 30 Л

Компрессори ҳаво барои додани ҳаво ба силиндрҳо дар раванди рехтан ва қолабгирии маҳсулот истифода мешавад.

## Видео

- https://www.youtube.com/watch?v=x8qj2J00-nI

Тегҳо: аз чин, вафлӣ, истеҳсол, чин, Яхмос

**Нарх:** Расонидан, насб, кафолат — нархро дархост кунед.

---
Саҳифа (HTML): https://afex.uz/tj/product/khati-istehsoli-vafli-baroi-yakhmos-af-l31/
tg · [zh-CN](https://afex.uz/cn/product/bingqilin-dan-tong-shengchan-xian-af-l31.md) · [ru](https://afex.uz/ru/product/liniya-po-proizvodstvu-vafel-dlya-morozhenogo-af-l31.md) · [en](https://afex.uz/en/product/waffle-production-line-for-ice-cream-af-l31.md) · [uz](https://afex.uz/product/muzqaymoq-uchun-vafli-ishlab-chiqarish-uskunasi-af-l31.md) · [kk](https://afex.uz/kz/product/balmuzdaqqa-arnalgan-vafli-ondiru-jelisi-af-l31.md)
