1 / 12Хати истеҳсоли тӯрҳои оҳанӣ (сетка)
Ассалому алайкум, хонандагон ва мизоҷони азизи AFEX-GROUP.
- Диаметри сим
- 3 мм-6 мм
- Муҳаррики асосӣ
- 2,2 кВт
- Муҳаррики иловагӣ
- 0,75 кВт
- Дарозии ҳадди аксари буриш
- 3 м
- Ҳаҷми истеҳсол
- 30-40 м/мин
Тавсиф
Дар бораи таҷҳизот
Ассалому алайкум, хонандагон ва мизоҷони азизи AFEX-GROUP. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки дар кишвари мо соҳаи истеҳсолот торафт рушд меёбад ва механизмҳои истеҳсолӣ низ такмил меёбанд. Ин мақола дар бораи маҷмӯи таҷҳизоти хати истеҳсоли тӯрҳои оҳанӣ (сетка) мебошад, ки дар хоҷагии деҳот ва хонагӣ, инчунин дар соҳаи сохтмон васеъ истифода мешаванд.
Маълумоти умумӣ
- Ғафсии сим: 3 мм-6 мм
- Масофаи байни симҳо: 50-200 мм
- Ҳосилнокии кор: 30-40 м/мин
- Дарозии ҳадди аксари тӯр: 30 м
- Паҳнии ҳадди аксари тӯр: 2 м
- Шумораи электродҳо: 41 адад
- Суръати кафшеркунӣ: 0-80 маротиба/мин
- Шиддат: 380 В 50 Гц
- Иқтидор: 125 кВА
- Вақти кафшеркунӣ: 10 мс-100 мс
- Панели идоракунӣ: экрани сенсории PLC
- Андозаҳои умумии хат: 5100*2800*1700 мм
- Усули хунуккунӣ: бо об (5,12 м3/соат, дар ҳарорати 25-30 °C)
Мо фаҳмидем, ки бо ёрии хати истеҳсолии худ кадом тӯрҳои оҳаниро истеҳсол карда метавонем. Акнун бо он ки дар таркиби хати истеҳсолии мо кадом таҷҳизот мавҷуд аст, шинос мешавем.
Маҷмӯи таҷҳизот
- Таҷҳизоти автоматии кафшеркунӣ
- Таҷҳизоти интиқоли симҳо
- Таҷҳизоти ростакунӣ ва буриши симҳо
- Таҷҳизоти ҳамворкунии симҳо
- Таҷҳизоти печонанда
- Таҷҳизоти буриши маҳсулоти тайёр
- Системаи хунуккунӣ бо об
Ҳамаи таҷҳизоти зарурӣ аз инҳо иборат аст. Акнун ба равандҳои истеҳсол гузаштан мумкин аст.
Марҳилаи якум – симҳоро тайёр мекунем
Пеш аз оғози истеҳсол, пеш аз ҳама, мо бояд ашёи хомро ба ҳолати барои мо зарурӣ оварем. Симҳо дар ҳолати рулонӣ мешаванд. Барои истеҳсол бошад сими рост лозим аст. Барои ин ба мо 4 навъ таҷҳизот лозим мешавад: 2 навъ таҷҳизот барои рост кардани симҳои уфуқӣ ва боз 2 навъ таҷҳизот барои рост кардани симҳои амудӣ.
Симҳо дар аввал дар ҳолати рулонӣ мешаванд. Вазифаи ин ду таҷҳизот ҳамвор кардани симҳои рулонӣ ва буридани онҳо ба дарозии зарурӣ мебошад. Диққат диҳед: паҳнии ҳадди аксари тӯрҳои оҳании мо 2 м мебошад. Таҷҳизоти якуми мо симҳои рулониро ба дарозии талабшуда мебурад. Таҷҳизоти дуюм бошад вазифаи ба таҷҳизот расонидани симҳои рулониро дорад.

Таҷҳизоти ростакунӣ ва буриш

- Диаметри сим
- 3 мм-6 мм
- Дарозии ҳадди аксари буриш
- 3 м
- Муҳаррики асосӣ
- 2,2 кВт
- Муҳаррики иловагӣ
- 0,75 кВт
- Ҳаҷми истеҳсол
- 30-40 м/мин
Таҷҳизоти ростакунӣ барои симҳои амудӣ
Навбат ба таҷҳизоти навбатӣ расид. Дар ин марҳила симҳо бурида намешаванд. Симҳо аз рулони тайёр ҷудо карда шуда, пеш аз таҷҳизоти кафшеркунӣ ҳамвор карда мешаванд. Дар ин раванд низ 2 навъ таҷҳизот иштирок мекунад: таҷҳизоти интиқоли сим ва таҷҳизоти ростакунӣ. Таҷҳизот дар маҷмӯъ аз 41 электрод иборат аст.
Марҳилаи дуюм – симҳо кафшер карда мешаванд
Ба марҳилаи асосии раванди истеҳсоли худ расидем. Дар ин марҳила симҳои тайёркардаамонро дар ҳолати амудӣ ва уфуқӣ пайваст карда кафшер мекунем. Таҷҳизоти мо иқтидори дар як дақиқа 80 маротиба кафшер карданро дорад ва аз 41 электрод иборат аст. Принсипи кори таҷҳизот чунин аст: Ба қисми болоии таҷҳизот симҳоеро, ки дар марҳилаи якум буридаем, ҷойгир мекунем. Қисми дуюмро бошад бо таҷҳизоти доимии интиқоли сим пайваст мекунем. Таҷҳизоти кафшеркунӣ ин симҳоро уфуқӣ ва амудӣ кафшер мекунад. Тавассути видеои дар поён овардашуда Шумо ҷараёни корро дида метавонед.
Марҳилаи сеюм – симҳо дар шакли рулон печонида мешаванд
Пас аз анҷоми марҳилаи кафшеркунӣ тӯрҳои оҳанӣ бо ёрии таҷҳизоти махсуси буриш дарозии воридшударо чен карда бурида мешаванд. Дарозии тӯри оҳанӣ ҳадди аксар 30 метр буда метавонад. Тӯрҳое, ки аз таҷҳизоти кафшеркунӣ мебароянд, ба таври автоматӣ ба таҷҳизоти печонанда равона мешаванд. Пас аз печонидани тӯрҳои оҳании мо онҳо барои фурӯш тайёранд!!!
Дархости зуди нарх
Ном ва рақами телефони худро гузоред — боқимондаро мутахассиси мо ҳал мекунад.
Маълумоти шумо ба шахсони сеюм дода намешавад
Хусусиятҳои техникӣ
Маълумот аз ҷониби истеҳсолкунанда пешниҳод шудааст; конфигуратсия метавонад вобаста ба фармоиш тағйир ёбад.
Таҷҳизоти ростакунӣ ва буриш
5 параметр- Диаметри сим
- 3 мм-6 мм
- Дарозии ҳадди аксари буриш
- 3 м
- Муҳаррики асосӣ
- 2,2 кВт
- Муҳаррики иловагӣ
- 0,75 кВт
- Ҳаҷми истеҳсол
- 30-40 м/мин
Видео
Раванди кори таҷҳизот.
Расонидан ва ба кор андохтан
Аз машварат то ба кор андохтан — раванд дар чор марҳила, дар асоси шартнома.

Машварат
Эҳтиёҷоти шуморо муайян карда, конфигуратсия ва пешниҳоди тиҷоратӣ омода мекунем.

Шартнома
Мӯҳлат, тартиби пардохт ва шартҳои кафолат дар шартнома қайд карда мешаванд.

Расонидан
Таҷҳизот аз истеҳсолкунанда то иншооти шумо расонида мешавад.

Насб ва омӯзиш
Мутахассисони мо таҷҳизотро ба кор андохта, операторҳоро меомӯзонанд.
Саволҳои маъмул
Саволҳои аз ҳама бештар додашаванда оид ба расонидан, шартнома ва пайгирӣ.
Оё фармоишҳоямро онлайн пайгирӣ кардан мумкин аст?
Борҳо дар чанд муддат расонида мешаванд?
Кадом усулҳои расонидан мавҷуданд?
Барои бастани шартнома аз ман чӣ талаб карда мешавад?
Лоиҳаи шуморо якҷоя муҳокима мекунем
Барои гирифтани маслиҳат оид ба интихоби таҷҳизот, ҳалли техникӣ ва пешниҳодҳо бо мо тамос гиред.
Моро пайгирӣ кунед
Таҷҳизоти нав, ба кор андохтан ва равандҳои истеҳсолӣ — дар каналҳои расмии мо.
Таҷҳизоти монанд
Дар анбор мавҷудХати ихчами истеҳсоли хӯроки паррандагон (8-12 т/шабонарӯз)

Хати истеҳсоли шарбати ангур

Хати васлкунии хомут (фишорандаи шланг)

Дастгоҳи буриши лазерӣ AFX-6015 6000W

Дастгоҳи буриши лазерӣ AFX-6015 3000W

Дастгоҳи пневматикии хамкунии варақ AFL-1250e

AFEX таҷҳизоти портативии тамғагузории металл
