# Хати истеҳсоли собун
> Дар ҳама намудҳои тиҷорат даромади баланд гирифтан мумкин аст.
Каталог: Хатҳои тайёр
Навсозӣ шуд: 2026-07-14

Дар ҳама намудҳои тиҷорат даромади баланд гирифтан мумкин аст. Дар навбати худ ҳамчун сабаби ин якчанд омилро овардан мумкин аст. Аммо баъзе намудҳои тиҷорати истеҳсолӣ ҳастанд, ки тавассути онҳо соҳибкор дар муддати кӯтоҳ ба фоидаи баланд ноил шуда метавонад. Барои ин маҳсулот бояд баландсифат, арзон ва муҳимтар аз ҳама ба мавсим вобаста набошад. Яке аз чунин намудҳои истеҳсолот, албатта, хати истеҳсоли собун мебошад. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки сол аз сол талабот ба маҳсулоти гигиенӣ меафзояд ва ҳеҷ гоҳ кам намешавад. Дар кишвари мо талабот ба собун хеле баланд аст. Дар рӯзгори ҳар як хонадон ҷои ин маҳсулот беназир аст. Аз ин рӯ соҳибкорон тавассути ин тиҷорат ба даромади баланд ноил шуда метавонанд. Барои ин AFEX-GROUP ба Шумо дар таъмин бо таҷҳизоти баландсифат кӯмак мерасонад. Бо ёрии хати истеҳсолие, ки ба Шумо пешниҳод мекунем, Шумо метавонед 2 навъи собун истеҳсол кунед: собуни хоҷагӣ (ба забони мардум «собуни ҷомашӯӣ») ва собуни хушбӯй. Таҷҳизот аз ҷониби заводи байналмилалии Ҷумҳурии Халқии Чин, ки солҳои зиёд дар ин соҳа фаъолият дорад, истеҳсол шудааст. Биёед, дар бораи заводи истеҳсолӣ маълумоти муфассал гирем.

## Тавсиф

### Маълумоти умумӣ

Ҳаҷми истеҳсол: 100-300 кг/соат Шумораи коргарон: 6 нафар Андозаи майдони зарурӣ: 22\*8\*3,5 м (дарозӣ\*паҳно\*баландӣ) Иқтидор: 30 кВт/соат Талаботи махсус: системаи канализатсия, системаи вентилятсия, ҷараёни барқи 3-фазагӣ, майдоне, ки ба талаботи гигиенӣ ҷавобгӯ бошад.

### Раванди истеҳсол

Раванди истеҳсол аз марҳилаҳои мураккаб иборат нест. Дар ин ҳолат аз корбар дониш ва малакаҳои баланди техникӣ талаб карда намешавад. Технологҳои ботаҷрибаи мо ба Шумо дар насби таҷҳизот кӯмаки амалӣ мерасонанд.

### Марҳилаи якум — ашёи хомро тайёр мекунем

Дар марҳилаи аввал мо бояд ашёи хомро тайёр кунем. Таркиби ашёи хом вобаста ба навъи собун (собуни хоҷагӣ ва собуни хушбӯй) тағйир меёбад. Бо ёрии таҷҳизоти мо Шумо метавонед ҳама навъи собунро истеҳсол кунед. Барои ин ба мо миксер лозим аст. Миксер ҳамаи ашёи хомро барои баровардани маҳсулоти босифат тайёр мекунад.

### Марҳилаи дуюм — ашёи хомро майда мекунем

Дар марҳилаи навбатӣ ашёи хоми омехташударо барои хуб пайваст шудан майда мекунем.

### Марҳилаи сеюм — аз экструдер мебарорем

Дар ин марҳила раванди асосии истеҳсоли худро мегузаронем. Ашёи хоми майдашудаи нимтайёрро тавассути конвейер ба экструдерҳо мегузаронем. Таҷҳизоти муҳимтарин дар хати истеҳсолӣ, албатта, таҷҳизоти экструдер аст. Таҷҳизоти экструдер таҷҳизоти баландсифат буда, собунҳоро зери фишори қавӣ (пресс) истеҳсол мекунад.

### Марҳилаи чорум — шакл медиҳем

Ба собунҳое, ки аз экструдер истеҳсол шудаанд, бо ёрии вали қолабдор навиштаҷот ва нақшҳои гуногун гузоштан мумкин аст. Дар ин ҳолат мо бо ҳар як мизоҷ алоҳида кор мекунем. Ёдовар мешавем, ки тавассути ин навъи хати истеҳсолии мо Шумо метавонед 2 навъи собун истеҳсол кунед: собуни хушбӯй ва собуни хоҷагӣ. Раванди истеҳсол то ин дам аз марҳилаҳои якхела гузашт. Фарқ танҳо дар ҳамин ҷост. Собуни хоҷагӣ одатан шакли чоркунҷа дорад. Аз ин рӯ барои он танҳо худи таҷҳизоти буриш кифоя аст . Собунҳои хушбӯй бошанд мудаввар ё байзашакл мебошанд. Аз ин рӯ ба мо таҷҳизоти иловагӣ лозим аст. Барои ин ба мо мошини штампкунии собун ва қолаби махсус лозим аст. Собунҳои аз таҷҳизот баромада дар ҳолати барои фурӯш тайёр ба конвейер меафтанд. Онҳоро аз конвейер гирифта, бастабандӣ карда фурӯхтан мумкин аст. Вобаста ба он ки чӣ гуна бастабандӣ кардан мехоҳед, мо метавонем таҷҳизоти гуногун пешниҳод кунем: ба пакетча, ба қуттича ё бастабандӣ бо коғази дуқабата. Мо ба Шумо таҷҳизоти уфуқии бастабандиро пешниҳод мекунем.

## Видео

- https://youtu.be/HWYGjvUDKtc

Тегҳо: afex, afex uz, собун, собуни хушбӯй, собуни ҷомашӯӣ, собуни ҷомашӯӣ, таҷҳизот

**Нарх:** Расонидан, насб, кафолат — нархро дархост кунед.

---
Саҳифа (HTML): https://afex.uz/tj/product/khati-istehsoli-sobun/
tg · [uz](https://afex.uz/product/sovun-ishlab-chiqarish-liniyasi.md) · [zh-CN](https://afex.uz/cn/product/feizao-shengchan-xian.md) · [en](https://afex.uz/en/product/soap-production-line.md) · [ru](https://afex.uz/ru/product/liniya-po-proizvodstvu-myla.md) · [kk](https://afex.uz/kz/product/sabyn-ondiru-jelisi.md)
