# Хати истеҳсоли профили гипсокартон AF-L030
> Ба саноати муосири сохтмон маҳсулоти гипсокартон бо суръати баланд ворид гардид ва дар навбати худ талабот ба лавозимоти зарурӣ барои насби…
Каталог: Хатҳои тайёр
SKU: 60a36a640bd70c3f6669389f
Навсозӣ шуд: 2026-07-15

Ба саноати муосири сохтмон маҳсулоти гипсокартон бо суръати баланд ворид гардид ва дар навбати худ талабот ба лавозимоти зарурӣ барои насби ин маҳсулот низ хеле афзуд. Ҳамзамон бо афзоиши талабот дар бозор ҷои рейкаҳои чӯбиро профилҳои металлӣ зуд ишғол карданд. Аммо ба назари мо дар раванди истеҳсоли профили гипсокартон дар бозор баъзе камбудиҳо мавҷуданд:

## Нишондиҳандаҳои асосӣ

- **Шиддат:** 380 В 50 Гц
- **Суръати кор:** 8-12 м/мин
- **Вазн:** 600 кг
- **Ғафсии тунука:** 0,3-0,8 мм
- **Ғафсии асос:** 16 мм
- **Паҳнии тунукаи воридшаванда:** 600-1250 мм

## Хусусиятҳои техникӣ

### Таҷҳизоти буриши уфуқии варақҳо ба қисмҳо

| | |
|---|---|
| Истеҳсолкунанда | Чин |
| Шаҳр | Ботоу |
| Ғафсии тунука | 0,3-0,8 мм |
| Маводи ролик | Металли хромдори 45# |
| Суръати кор | 8-12 м/мин |
| Ғафсии асос | 16 мм |
| Паҳнии тунукаи воридшаванда | 600-1250 мм |
| Шиддат | 380 В 50 Гц |
| Вазн | 600 кг |
| Сарфи барқ | 3 кВт/соат |

| | |
|---|---|
| Истеҳсолкунанда | Чин |
| Шаҳр | Ботоу |
| Ғафсии тунука | 0,3-0,8 мм |
| Маводи ролик | Металли хромдори 45# |
| Суръати кор | 8-12 м/мин |
| Ғафсии асос | 16 мм |
| Андозаи таҷҳизот | 5000*1000*1500 мм |
| Шиддат | 380 В 50 Гц |
| Вазн | 2 т |
| Системаи идоракунӣ | PLC touch screen |

### ТАҶҲИЗОТИ ТАМҒАГУЗОРИИ ЛАЗЕРӢ

| | |
|---|---|
| Истеҳсолкунанда | Чин |
| Шаҳр | Гуанчжоу |
| Усули хунуккунӣ | Бо ёрии ҳаво |
| Барномаи корӣ | EZCAD |
| Иқтидори лазер | 20 Вт |
| Дараҷаи дақиқӣ | 0,02 мм |
| Суръати тамғагузорӣ | 0-7000 мм/с |
| Шиддат | 220 В 50 Гц |
| Сарфи барқ | 500 Вт |

## Тавсиф

- Азбаски сатҳи профили гипсокартон ҳамвор аст, маҳкам кардани мехи печдор, яъне саморез ба он каме душворӣ эҷод мекунад ва баъзан ба он оварда мерасонад, ки на ҷои пешбиникардаи Шумо, балки ҷои дигар сӯрох мешавад;
- Профили гипсокартон дарозии стандартӣ дорад ва мизоҷон барои маҳсулоти дарозии дигар интихоб надоранд. Ин дар корҳои сохтмонии ҳаҷми калон каме душворӣ эҷод мекунад;
- Азбаски дар профилҳои гипсокартон хатҳои махсуси ченкунӣ нестанд, ҳангоми кор бо онҳо ҳамеша бояд аз метр истифода бурд ва ин дар ҷараёни сохтмон боиси сарфи зиёдатии вақт ва меҳнат мегардад;
- Шумо як бор аз профилҳои босифати гипсокартон истифода бурдед ва дафъаи дигар онро ёфта наметавонед, зеро истеҳсолкунандагон бренди худро ба профилҳо чоп намекунанд ва ин боис мешавад, ки мизоҷон онҳоро нашиносанд;
- Дар ҳар як профил бояд маълумот дар бораи андоза ва ғафсии металли он бошад; ин дар дигар кишварҳои хориҷӣ ҳаст, аммо дар мо ба роҳ монда нашудааст;

Вақте ки Шумо ба бозор маҳсулоти нав ворид мекунед, бояд ба он ноил шавед, ки маҳсулоти Шумо дар бозор зуд ҷои худро ёбад. Барои ин маҳсулоти рақибони худро дар бозор амиқ таҳлил кунед ва ба он қулайиҳоеро илова намоед, ки рақибонатон надоранд ё тавассути ин маҳсулот ба одамон пешниҳод кардан мумкин аст; боварӣ дорем, ки Шумо мизоҷони худро зуд хоҳед ёфт. Бовар кунед, интихобкунандагони маҳсулоти босифат ва брендӣ ҳамеша пайдо мешаванд. Акнун биёед мо ба Шумо бо бартараф кардани камбудиҳои дар боло зикршуда таҷҳизотро барои навъи нави профилҳои муосири гипсокартон пешниҳод кунем. AFEX-GROUP ба Шумо танҳо таҷҳизот намефурӯшад, мо ба Шумо ғояҳои муосир мефурӯшем. Бинобар ин тиҷорате, ки бо мо оғоз мекунед, ҳатман натиҷаи худро медиҳад. Ин хати мо қулайиҳои хоси худро дорад:

- Таҷҳизот дар системаи муосири идоракунии touch screen PLC кор мекунад;
- Таҷҳизот барои кор бо дақиқии баланд бо ИНВЕРТОР таъмин шудааст;
- Таҷҳизот фармонҳоро дар хотира нигоҳ дошта метавонад; (масалан, агар ба таҷҳизот фармон диҳед, ки 200 профили 5-метра барорад, он фармони Шуморо иҷро мекунад);
- Таҷҳизот метавонад профили дарозиаш маҳдуднашуда истеҳсол кунад;
- Ба таҷҳизот таҷҳизоти ёрирасони иловагии тамғагузории лазерӣ илова шудааст, ки барои гузоштани хатҳои дарозӣ ба сатҳи профил барои ченкунӣ истифода мешавад ва дар ҳар 10 см хати махсус мегузорад. Инчунин ин таҷҳизот ба сатҳи маҳсулот параметрҳои техникии онро ворид мекунад.
- Таҷҳизот бо варақҳои металлии рангкардашуда ва руҳандудшуда кор карда метавонад.
- Барои осон гузаронидани шуруп ба профил дар сатҳ изи махсуси хурди сӯрохмонанди чуқурӣ мегузорад ва ин нуқтаҳо мустаҳкамии профилро низ баланд мебардоранд.

### ТАҶҲИЗОТИ ИСТЕҲСОЛИ ПРОФИЛ

Таҷҳизоти истеҳсоли профил аз ҷониби ширкати пешрафтаи Чин истеҳсол шудааст ва барои он ки роликҳояш зуд хӯрда нашаванд, аз металли обдодашудаи CR12 сохта шудаанд. Тарҳи нави берунӣ ва алоҳида будани панели идоракунӣ ҳангоми истифода ба Шумо қулайиҳои зиёд медиҳанд. Бо таҷҳизот қисмҳои зерин дода мешаванд:

- Дастгоҳи нигоҳдории тунукаи рулонӣ
- Қисми шаклдиҳии профил
- Қисми насоси гидравликӣ
- Панели идоракунии PLC
- Мизи махсус барои маҳсулоти тайёр
- Қисмҳои эҳтиётӣ

Таҷҳизоти тамғагузории лазерӣ барои гузоштани маълумоти зарурӣ ба профил истифода мешавад. Дар байни ин маълумот ворид кардани андоза ба профил низ ҳаст. Бо ёрии мисоли боло Шумо натиҷаи ҳисоби вазни профили металлии дарозиаш 1 метр ва ғафсиаш 0,3 мм-ро мебинед. Акнун нархро аз ҷои фурӯши яклухти тунука муайян карда, ҳисоб мекунем, ки 1 метр профили мо ба чӣ нарх баробар мешавад. Албатта, ин барои Шумо муҳим аст. Баъдан бо назардошти ҳамин ҳисоб ҳангоми ба бозор баровардани мол нарх пешниҳод карда метавонед. Албатта, андоз, энергияи барқ ва қувваи кориро илова карданро фаромӯш накунед. Баъзе намунаҳо аз соҳаҳои истифодаи профили металлӣ:

## Видео

- https://www.youtube.com/watch?v=iDOwYNpo620

Тегҳо: аз чин, Гипсокартон, Профил, чин

**Нарх:** Расонидан, насб, кафолат — нархро дархост кунед.

---
Саҳифа (HTML): https://afex.uz/tj/product/khati-istehsoli-profili-gipsokarton-af-l030/
tg · [uz](https://afex.uz/product/gipsakarton-profil-ishlab-chiqarish-liniyasi-af-l030.md) · [ru](https://afex.uz/ru/product/liniya-po-proizvodstvu-profilya-dlya-gipsokartona-af-l030.md) · [en](https://afex.uz/en/product/gypsum-board-profile-production-line-af-l030.md) · [kk](https://afex.uz/kz/product/gipsokarton-profilin-ondiru-jelisi-af-l030.md) · [zh-CN](https://afex.uz/cn/product/shigao-ban-qing-gang-longgu-shengchan-xian-af-l030.md)
