# Хати истеҳсоли плитаҳои оҳанбетонӣ
> Тиҷорати истеҳсоли маҳсулоти бетонӣ, азбаски бисёр соҳаҳоро фаро мегирад, яке аз фаъолиятҳои даромаднок аст.
Каталог: Таҷҳизоти сохтмонӣ
SKU: 618b83e523e410348b0c6980
Навсозӣ шуд: 2026-07-15

Тиҷорати истеҳсоли маҳсулоти бетонӣ, азбаски бисёр соҳаҳоро фаро мегирад, яке аз фаъолиятҳои даромаднок аст. ''AFEX -GROUP'' дар истеҳсоли плитаҳои оҳанбетонӣ, ки яке аз маҳсулоти бетонӣ мебошанд, технологияҳои муосирро пешниҳод мекунад.

## Тавсиф

Плитаҳои оҳанбетонӣ – ин маҳсулот асосан барои сохтмони биноҳои истиқоматӣ, роҳҳо ва пулҳо истифода мешаванд. Дар тӯли солҳои зиёд санҷида шуда, яке аз маҳсулоти боэътимодтарин ба ҳисоб мераванд. Ҳоло саноати сохтмон рушд мекунад: хонаҳои нав, маҷмааҳои истиқоматӣ сохта мешаванд ва роҳҳои нав гузошта мешаванд. Ҳамаи ин талабот ба конструксияҳои бетониро зиёд мекунад. Албатта, баланд будани талабот бо рушди босуръати саноати сохтмон шарҳ дода мешавад. "AFEX-GROUP'' ба соҳибкороне, ки мехоҳанд ин фаъолияти тиҷоратиро оғоз кунанд, дар оғози фаъолият кӯмаки амалии наздик мерасонад.

акси маҳсулот

### Равандҳои технологии истеҳсоли маҳсулот

Тайёр кардани омехтаи бетон – барои баробар рехтани плита қоришмаи бетон бояд намнок бошад.

Тайёр кардани конструксияҳои арматура – бо ёрии таҷҳизоти кашидани сим арматураҳо таранг кашида мешаванд. Барои равона кардан насб кардани таҷҳизоти рехтани плитаи бетонӣ дар ҷойи зарурӣ. Расонидани ашёи хом бо ёрии мошини интиқоли ашёи хом. Буридани маҳсулоти тайёршуда бо андозаҳои муайян.

### Барои истеҳсоли плитаҳои бетонӣ ашёи хоми зерин лозим аст:

Семент, шағал, рег, арматураҳои металлӣ.

### Инфрасохтори зарурӣ барои оғози фаъолият:

Майдони зарурӣ: набояд аз 500 м² кам бошад. Энергияи барқ: 70 кВт/380 В. Шумораи коргарон: 4-5 нафар. Ҳамчун манбаи асосии тамоми инфрасохтор об низ талаб карда мешавад. Крани махсусе, ки барои ин лоиҳа лозим аст , вобаста ба талаби муштарӣ бо мувофиқа аз ҷониби ширкати мо насб карда мешавад.

### Таҷҳизоти таркиби хат:

1. Бункери нигоҳдории семент (силос). 2. Таҷҳизоти чен карда андохтани ашёи хом. 3. Миксери тайёркунандаи қоришма. 4. Мошини расонандаи ашёи хом. 5. Таҷҳизоти рехтани плитаи бетонӣ. 6. Таҷҳизоти буридани плитаҳои бетонӣ. 7. Таҷҳизоти кашидани сим. Ҳамаи равандҳои технологӣ дар истеҳсоли маҳсулот аввал аз бор кардани ашёи хом ба таҷҳизоти чен карда андохтан оғоз мешаванд.

Бункери нигоҳдории семент – ба ин зарф семент аз қисми болоӣ бор карда мешавад. Сементи боршуда бо ёрии конвейери винтӣ аз қисми поёнӣ барои тайёр кардани қоришма ба миқдори лозимии муайяншуда ба миксер бор карда мешавад.

Таҷҳизоти чен карда андохтани ашёи хом – ин таҷҳизот шағал ва реги омехта бо санги майдаро ба миқдори муайян дар тарозу чен карда, барои тайёр кардани қоришма ба бункери боркунӣ мерасонад. Таҷҳизот имкон дорад дар як соат 56 м³ ашёи хоми сангӣ ва регӣ расонад. Ҳамаи равандҳо дар панели идоракунӣ идора карда мешаванд.

Миксери тайёркунандаи қоришма – таҷҳизот бо ёрии бункери боркунӣ ашёи хоми сангӣ ва региро бор мекунад, семент аз бункери нигоҳдории семент тавассути конвейери винтӣ бевосита расонида мешавад, сипас то бо об намнок шудан омехта карда мешавад. Ҳамаи равандҳо дар панели идоракунӣ идора карда мешаванд.

Мошини расонандаи ашёи хом – қоришмаи дар миксери омехтакунанда тайёршударо ба таҷҳизоти шаклдиҳии плитаи бетонӣ мерасонад. Борбардории мошин 1.5 тонна.

Таҷҳизоти рехтани плитаи бетонӣ – қоришмаи бетонро шакл медиҳад, яъне ба ҳолати плита меорад. Таҷҳизот имконияти истеҳсоли маҳсулоти дарозиашон аз 4,5 метр то 15 метр, баландиашон 220 мм ва паҳниашон 1200мм-ро дорад. Дар ин таҷҳизот дар як рӯз (8 соат) 500 метр плитаи оҳанбетонӣ рехтан мумкин аст. Дар истеҳсоли маҳсулот навъҳои гуногуни ковокиҳои плита мавҷуданд, масалан: доира, қатра ва байзашакл. Муштарӣ ҳангоми харидани таҷҳизот метавонад яке аз ин навъҳоро харад.

Таҷҳизоти буридани плитаҳои бетонӣ – плитаҳои бетонии шаклдодашударо пас аз хушк шудан бо дарозии лозимӣ мебурад.

Таҷҳизоти кашидани сим – барои баланд бардоштани мустаҳкамии плитаҳои бетонӣ арматураҳои пӯлодӣ истифода мешаванд; ин таҷҳизот пеш аз рехтани плита арматураҳоро кашида таранг мекунад.

Қисмҳои эҳтиётӣ:

### Видеолавҳа аз раванди кор

## Видео

- https://youtu.be/6UfC100IRbg

Тегҳо: afex uz, истеҳсол, оҳан, плитаҳои бетонӣ

**Нарх:** Расонидан, насб, кафолат — нархро дархост кунед.

---
Саҳифа (HTML): https://afex.uz/tj/product/khati-istehsoli-plitahoi-ohanbetoni/
tg · [ru](https://afex.uz/ru/product/liniya-po-proizvodstvu-zhelezobetonnykh-plit.md) · [uz](https://afex.uz/product/temir-beton-plitalar-ishlab-chiqarish-liniyasi.md) · [en](https://afex.uz/en/product/reinforced-concrete-slab-production-line.md) · [kk](https://afex.uz/kz/product/temirbeton-plitalar-ondiru-jelisi.md) · [zh-CN](https://afex.uz/cn/product/gangjinhunningtu-kongxin-ban-shengchan-xian.md)
