AFEX

Хати истеҳсоли панелҳои шифери асбестӣ

Ҳангоми сохтани бино қисми болоии он, яъне бом низ аҳамияти калон дорад, зеро он вазифаи соябонеро иҷро мекунад, ки иморатро аз таъсироти…

Пешниҳоди инфиродӣ
Нарх

Тавсиф

Дар бораи таҷҳизот

Ҳангоми сохтани бино қисми болоии он, яъне бом низ аҳамияти калон дорад, зеро он вазифаи соябонеро иҷро мекунад, ки иморатро аз таъсироти берунӣ муҳофизат менамояд. Дар бозорҳои кишвари мо ба намудҳои боми аз маводи гуногун тайёршуда чашматон меафтад. Дар байни онҳо аз ҳама бештар шиферҳои аз асбестсемент тайёршуда дида мешаванд. Оё аҳамият додаед, ки ин шиферҳо ҳамеша вуҷуд доштанд ва истифодаашон қатъ нагардидааст. Барои ин сабабҳои худ ҳаст ва ба туфайли ҳамин хусусиятҳо шиферҳои асбестӣ ҳамеша истеъмол мешаванд ва ҳамчун маводи сохтмонии сертаталабтарин боқӣ мемонанд. Ширкати «AFEX Group» бошад ба Шумо маҳз чунин ХАТИ ИСТЕҲСОЛИ ШИФЕРҲОИ АСБЕСТИРО пешниҳод мекунад. Медонед, ки чаро ин маҳсулот то ҳол харидор дорад? Зеро:

  •  Ба туфайли мустаҳкамиаш вазни калонро бардошта метавонад;
  •  Баръакси маводи черепитсаи металлӣ ва профнастил, дар зери нури офтоб суст гарм мешавад;
  •  Имконияти истифодаи дарозмуддат мавҷуд аст;
  •  Мисли дигар маводи металлӣ занг намезанад;
  •  Хосияти хеле хуби электроизолятсионӣ дорад;
  •  Камсадо аст, яъне дар ҳавои боронӣ ва жолагии шадид садоро қариб намегузаронад;
  •  Сӯзанда нест ва ҳангоми сӯхтор аз худ буғи заҳрнок хориҷ намекунад;
  •  Аз дигар маводи барои бом истифодашаванда якчанд маротиба арзонтар аст.
  •  Бо ёрии технологияи муосир имконияти истеҳсол бо рангҳои гуногун мавҷуд аст

Бо ёрии таҷҳизоте, ки мо пешниҳод мекунем, Шумо имконияти истеҳсоли чунин маҳсулоти босифатро пайдо мекунед. Бовар кунед, бо «AFEX Group» «кори Шумо ҳатман пеш меравад»!

Барои лоиҳа:

Майдони зарурӣ: ҷои сарпӯшида на камтар аз 1000 м2

Баландии бино: на камтар аз 6 м

Инфрасохтор: оби техникӣ, системаи канализатсия;

Таъминоти барқ: 380 В 50 Гц

Сарфи барқ: 210 кВт/соат

Шумораи коргарон: 6 нафар

Дастури тайёркунии маҳсулот: дода мешавад

Барои истеҳсоли шифери асбестӣ якчанд ашёи хом истифода мешавад; ба харидорони таҷҳизот консентратҳо ва миқдори ашёи хом омӯзонида мешавад.

Истеҳсол якчанд марҳиларо дар бар мегирад:

  • Таҷҳизоти автоматии дозаронӣ ашёи хомро ба мошини омехтакунӣ мерасонад, таҷҳизоти омехтакунӣ бошад тамоми ашёи хомро якхела омехта карда, ба маҳлул табдил медиҳад
  • Омехта тавассути насос ба блендери махсус гузаронида мешавад ва аз он ба таҷҳизоти Hatschek фиристода мешавад. Дар таҷҳизоти беобкунӣ омехта тавассути тӯри махсус беоб карда мешавад,

Барои ҷойгир кардани хат ҷои андозааш 1000 м2 ва баландиаш на камтар аз 6 метр зарур мешавад.

ТАРКИБИ ХАТ АЗ ИНҲО ИБОРАТ АСТ:

I. СИСТЕМАИ ТАЙЁРКУНИИ АВВАЛИЯ:

1.Зарфи об барои коркард, зарф барои нигоҳдории маводи семент

2.Дастгоҳи омехтакунии обҳои партов

3.Системаи коркард ва интиқоли омехта

4.Таҷҳизоти автоматии омехтакунӣ

5.Блендер барои омехта

7. ТАҶҲИЗОТИ НУСХАБАРДОРӢ

8.Системаи вакуумии беобкунӣ

9.Дастгоҳи танзим

10.Таҷҳизоти тозакунии умумӣ

11.Таҷҳизоти автоматии буриш

12. Системаи блок-хост

13.Таҷҳизоти коркарди партовҳо

14. Системаи идоракунии нерӯ

II. ҚИСМИ ҚОЛИБРЕЗИИ ВАКУУМӢ:

1.Таҷҳизоти чидан

2.Системаи сӯзишворӣ

3.Платформаи бардорандаи гидравликӣ

4.Дастгоҳи интиқол

5.Истгоҳи газ

6.Таҷҳизоти қолибрезӣ

Маводро бо рангҳои силикатӣ ва фосфатӣ ранг кардан мумкин аст; он ба нури офтоб, намӣ ва дигар таъсирот боз ҳам тобовартар мегардад.

Лаҳзаҳо аз раванди кор

AFEX · МАШВАРАТ
Операторҳо онлайн

Дархости зуди нарх

Ном ва рақами телефони худро гузоред — боқимондаро мутахассиси мо ҳал мекунад.

ТаҷҳизотХати истеҳсоли панелҳои шифери асбестӣ

Маълумоти шумо ба шахсони сеюм дода намешавад

Видео

Раванди кори таҷҳизот.

Расонидан ва ба кор андохтан

Аз машварат то ба кор андохтан — раванд дар чор марҳила, дар асоси шартнома.

  1. 1

    Машварат

    Эҳтиёҷоти шуморо муайян карда, конфигуратсия ва пешниҳоди тиҷоратӣ омода мекунем.

  2. 2

    Шартнома

    Мӯҳлат, тартиби пардохт ва шартҳои кафолат дар шартнома қайд карда мешаванд.

  3. 3

    Расонидан

    Таҷҳизот аз истеҳсолкунанда то иншооти шумо расонида мешавад.

  4. 4

    Насб ва омӯзиш

    Мутахассисони мо таҷҳизотро ба кор андохта, операторҳоро меомӯзонанд.

Саволҳои маъмул

Саволҳои аз ҳама бештар додашаванда оид ба расонидан, шартнома ва пайгирӣ.

Оё фармоишҳоямро онлайн пайгирӣ кардан мумкин аст?
Шумо метавонед фармоишҳоро онлайн пайгирӣ кунед. Дар Ӯзбекистон яке аз аввалинҳо механизме таҳия карда шуд, ки тавассути системаи GPS борҳоро назорат намуда, ҷойгиршавии онҳоро муайян мекунад ва вақти расиданашонро тахминан ҳисоб мекунад. Шумо ин маълумотро танҳо бо ворид кардани рақами шартнома гирифта метавонед.
Борҳо дар чанд муддат расонида мешаванд?
Мӯҳлати расонидани борҳо дар аксари ҳолатҳо ба истеҳсолкунанда вобаста аст. Расонидани аксари таҷҳизоти истеҳсолии ҳаҷман калон нисбат ба таҷҳизоти оддӣ 2-3 маротиба вақти зиёдтар талаб мекунад. Дар сурати мавҷуд будани таҷҳизоти тайёр мӯҳлати расонидан аз 30 рӯз оғоз мешавад.  Вақте, ки барои расмиятдарории гумрукии таҷҳизот дар ҳудуди Ӯзбекистон ва равандҳои сертификатсия сарф мешавад, ба ин дохил намешавад.
Кадом усулҳои расонидан мавҷуданд?
Вобаста ба навъи мол ва мӯҳлати қабули фармоиш борҳо аз хориҷа ба ҳудуди Ӯзбекистон бо усулҳои зерин расонида мешаванд: Тавассути роҳҳои ҳавоӣ Тавассути роҳи оҳан Тавассути нақлиёти заминӣ Тавассути нақлиёти омехта
Барои бастани шартнома аз ман чӣ талаб карда мешавад?
Барои мизоҷи ширкати мо шудан аз Шумо инҳо талаб карда мешаванд: ШАҲОДАТНОМАИ тасдиқкунандаи субъекти соҳибкорӣ; Реквизитҳои бонкӣ; Рақами мушаххаси андозсупоранда (СТИР); Нусхаи шиносномаи роҳбар; Мӯҳри корхона барои тасдиқи шартнома
Машварат

Лоиҳаи шуморо якҷоя муҳокима мекунем

Барои гирифтани маслиҳат оид ба интихоби таҷҳизот, ҳалли техникӣ ва пешниҳодҳо бо мо тамос гиред.

Занг занед+998 93 381 6699Дш–Шб: 9:00 – 18:00
AFEX · ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

Моро пайгирӣ кунед

Таҷҳизоти нав, ба кор андохтан ва равандҳои истеҳсолӣ — дар каналҳои расмии мо.

Таҷҳизоти монанд

Ҳамаро дидан