# Хати истеҳсоли панелҳои шифери асбестӣ
> Ҳангоми сохтани бино қисми болоии он, яъне бом низ аҳамияти калон дорад, зеро он вазифаи соябонеро иҷро мекунад, ки иморатро аз таъсироти…
Каталог: Хатҳои тайёр
Навсозӣ шуд: 2026-07-14

Ҳангоми сохтани бино қисми болоии он, яъне бом низ аҳамияти калон дорад, зеро он вазифаи соябонеро иҷро мекунад, ки иморатро аз таъсироти берунӣ муҳофизат менамояд. Дар бозорҳои кишвари мо ба намудҳои боми аз маводи гуногун тайёршуда чашматон меафтад. Дар байни онҳо аз ҳама бештар шиферҳои аз асбестсемент тайёршуда дида мешаванд. Оё аҳамият додаед, ки ин шиферҳо ҳамеша вуҷуд доштанд ва истифодаашон қатъ нагардидааст. Барои ин сабабҳои худ ҳаст ва ба туфайли ҳамин хусусиятҳо шиферҳои асбестӣ ҳамеша истеъмол мешаванд ва ҳамчун маводи сохтмонии сертаталабтарин боқӣ мемонанд. Ширкати «AFEX Group» бошад ба Шумо маҳз чунин ХАТИ ИСТЕҲСОЛИ ШИФЕРҲОИ АСБЕСТИРО пешниҳод мекунад. Медонед, ки чаро ин маҳсулот то ҳол харидор дорад? Зеро:

## Тавсиф

- Ба туфайли мустаҳкамиаш вазни калонро бардошта метавонад;
- Баръакси маводи черепитсаи металлӣ ва профнастил, дар зери нури офтоб суст гарм мешавад;
- Имконияти истифодаи дарозмуддат мавҷуд аст;
- Мисли дигар маводи металлӣ занг намезанад;
- Хосияти хеле хуби электроизолятсионӣ дорад;
- Камсадо аст, яъне дар ҳавои боронӣ ва жолагии шадид садоро қариб намегузаронад;
- Сӯзанда нест ва ҳангоми сӯхтор аз худ буғи заҳрнок хориҷ намекунад;
- Аз дигар маводи барои бом истифодашаванда якчанд маротиба арзонтар аст.
- Бо ёрии технологияи муосир имконияти истеҳсол бо рангҳои гуногун мавҷуд аст

Бо ёрии таҷҳизоте, ки мо пешниҳод мекунем, Шумо имконияти истеҳсоли чунин маҳсулоти босифатро пайдо мекунед. Бовар кунед, бо «AFEX Group» «кори Шумо ҳатман пеш меравад»!

Барои лоиҳа:

Майдони зарурӣ: ҷои сарпӯшида на камтар аз 1000 м2

Баландии бино: на камтар аз 6 м

Инфрасохтор: оби техникӣ, системаи канализатсия;

Таъминоти барқ: 380 В 50 Гц

Сарфи барқ: 210 кВт/соат

Шумораи коргарон: 6 нафар

Дастури тайёркунии маҳсулот: дода мешавад

Барои истеҳсоли шифери асбестӣ якчанд ашёи хом истифода мешавад; ба харидорони таҷҳизот консентратҳо ва миқдори ашёи хом омӯзонида мешавад.

Истеҳсол якчанд марҳиларо дар бар мегирад:

- Таҷҳизоти автоматии дозаронӣ ашёи хомро ба мошини омехтакунӣ мерасонад, таҷҳизоти омехтакунӣ бошад тамоми ашёи хомро якхела омехта карда, ба маҳлул табдил медиҳад
- Омехта тавассути насос ба блендери махсус гузаронида мешавад ва аз он ба таҷҳизоти Hatschek фиристода мешавад. Дар таҷҳизоти беобкунӣ омехта тавассути тӯри махсус беоб карда мешавад,

Барои ҷойгир кардани хат ҷои андозааш 1000 м2 ва баландиаш на камтар аз 6 метр зарур мешавад.

### ТАРКИБИ ХАТ АЗ ИНҲО ИБОРАТ АСТ:

### I. СИСТЕМАИ ТАЙЁРКУНИИ АВВАЛИЯ:

### 1.Зарфи об барои коркард, зарф барои нигоҳдории маводи семент

### 2.Дастгоҳи омехтакунии обҳои партов

### 3.Системаи коркард ва интиқоли омехта

### 4.Таҷҳизоти автоматии омехтакунӣ

### 5.Блендер барои омехта

### 7. ТАҶҲИЗОТИ НУСХАБАРДОРӢ

### 8.Системаи вакуумии беобкунӣ

### 9.Дастгоҳи танзим

### 10.Таҷҳизоти тозакунии умумӣ

### 11.Таҷҳизоти автоматии буриш

### 12. Системаи блок-хост

### 13.Таҷҳизоти коркарди партовҳо

### 14. Системаи идоракунии нерӯ

### II. ҚИСМИ ҚОЛИБРЕЗИИ ВАКУУМӢ:

### 1.Таҷҳизоти чидан

### 2.Системаи сӯзишворӣ

### 3.Платформаи бардорандаи гидравликӣ

### 4.Дастгоҳи интиқол

### 5.Истгоҳи газ

### 6.Таҷҳизоти қолибрезӣ

Маводро бо рангҳои силикатӣ ва фосфатӣ ранг кардан мумкин аст; он ба нури офтоб, намӣ ва дигар таъсирот боз ҳам тобовартар мегардад.

Лаҳзаҳо аз раванди кор

## Видео

- https://youtu.be/Bcr5ITAGUpM
- https://youtu.be/6SNjq0z97pc

Тегҳо: аз чин, истеҳсол, чин, шифер

**Нарх:** Расонидан, насб, кафолат — нархро дархост кунед.

---
Саҳифа (HTML): https://afex.uz/tj/product/khati-istehsoli-panelhoi-shiferi-asbesti/
tg · [uz](https://afex.uz/product/asbest-shifer-panellari-ishlab-chiqarish-liniyasi-af-l026.md) · [en](https://afex.uz/en/product/asbestos-slate-panel-production-line.md) · [ru](https://afex.uz/ru/product/liniya-po-proizvodstvu-asboshifernykh-paneley-af-l026.md) · [kk](https://afex.uz/kz/product/asbest-shifer-panelderin-ondiru-jelisi.md) · [zh-CN](https://afex.uz/cn/product/shimian-wa-shengchan-xian.md)
