# Хати истеҳсоли панелҳои EPS
> " «AFEX GROUP» барои мизоҷон бо омӯзиши бозори дохилии кишварамон пешниҳоди «ЛОИҲАИ НАВ» ва технологияҳои муосирро ба соҳибкорони мо барои…
Каталог: Хатҳои тайёр
Навсозӣ шуд: 2026-07-14

" «AFEX GROUP» барои мизоҷон бо омӯзиши бозори дохилии кишварамон пешниҳоди «ЛОИҲАИ НАВ» ва технологияҳои муосирро ба соҳибкорони мо барои дар кишвар истеҳсол кардани маҳсулоти воридотӣ идома медиҳад! Бо маълумоти муфассал оид ба марҳилаҳо ва технологияҳои истеҳсоли маҳсулоти ПЕНОПОЛИСТИРОЛ шинос мешавем.

## Нишондиҳандаҳои асосӣ

- **Модел:** WNS 1.0-1.0-Y
- **Шиддати идоракунӣ:** 220 В/50 Гц/1P
- **Шиддати корӣ:** 380 В/50 Гц/3P
- **Баромади буғ:** 1000 кг дар як соат
- **Фишори буғ:** 1.0 МПа
- **Самаранокӣ:** \>92%

## Хусусиятҳои техникӣ

### Деги буғӣ (истеҳсоли буғ)

| | |
|---|---|
| Модел | WNS 1.0-1.0-Y |
| Баромади буғ | 1000 кг дар як соат |
| Фишори буғ | 1.0 МПа |
| Самаранокӣ | >92% |
| Сарфи сӯзишворӣ | 30 кг/соат/50 м3/соат |
| Шиддати идоракунӣ | 220 В/50 Гц/1P |
| Шиддати корӣ | 380 В/50 Гц/3P |
| Навъи сӯзишворӣ | Гази табиӣ |
| Вазн | 6,8 т |

### Генератори буғ

| | |
|---|---|
| Иқтидор | 6 м3 |
| Фишори корӣ | Ҳадди аксар 8 бар |
| Андоза | 3750*1500 мм |
| Вазн | 1 т |

### Таҷҳизоти ғанигардонии зарраҳои EPS

| | |
|---|---|
| Модел | PSJ-1100 |
| Зарфи васеъкунанда | F1100x1500(h) |
| Диапазони зичӣ | 12-60 кг/м3 |
| Самаранокӣ | 150-300 кг/соат |
| Фишори буғ | 0,4-0,8 МПа |
| Фишори ҳаво | 0,6-0,8 МПа |
| Вуруди буғ | 50 мм |
| Вуруди ҳаво | 50 мм |
| Истеъмоли буғ | 3-8 кг/давр |
| Сарфи ҳаво | 0,5-0,9 м3/давр |
| Вазн | 2500 кг |
| Андозаи умумӣ | 2800*2200*4600 мм |

### Зарфҳои махсуси EPS

| | |
|---|---|
| Шумораи зарфҳои махсус | 4 дона |
| Ғунҷоиш | 19 м3 /дона |
| Ғунҷоиши умумӣ | 76 м3 |
| Ҳаҷм | 2.2x2.2x4 м |
| Вазн | 800 кг |

### Компрессори ҳаво (истеҳсоли ҳавои фишурда)

| | |
|---|---|
| Ҷараён | 2.4 м3/мин, фишори корӣ 8 бар |
| Иқтидор | 15 кВт |

### Зарфи ҳавои фишурда бо лавозимот

| | |
|---|---|
| Иқтидор | 3 м3 |
| Фишори корӣ | Ҳадди аксар 10 бар |

### Таҷҳизоти вакуумии автоматии шаклдиҳӣ

| | |
|---|---|
| Модел | PSZ-1720 |
| Ҳаҷм | 1720*1600 мм |
| Ҳаҷми маҳсулот | 1550x1370x350 (баландӣ) мм |
| Кушодашавии ҳадди аксар | 1400 мм |
| Кушодашавии ҳадди ақал | 200 мм |
| Вуруди буғ | 80 мм |
| Ҷои вуруди об | 80 мм |
| Ҷои вуруди ҳаво | 80 мм |
| Фишори буғ | 0,5-0,7 МПа |
| Фишори об | 0,3-0,6 МПа |
| Фишори ҳаво | >0.5 МПа |
| Фишори ронандаи моеъ | 5,5 кВт |
| Иқтидори насос | 5,5 кВт |
| Иқтидори насоси инспиратор | 165 м3/с |
| Вазн | 5700 кг |
| Ҳаҷми умумӣ | 5000x2300x3300 мм |

### Манораи хунуккунандаи об

| | |
|---|---|
| Иқтидор | 30 т/соат |
| Ҳарорати оби воридшаванда | 60 °C |
| Ҷараёни об | 50 м3/соат, t=5 °C |
| Диаметр | 2215*2830 мм |
| Ҷараёни ҳаво | 28000 м3/соат |
| Диаметри вентилятор | 1400 мм |
| Иқтидори муҳаррик | 1,5 кВт |
| Фишори оби таъминотӣ | (104 Па):2.65 |

### Таҷҳизоти ламинатсия

| | |
|---|---|
| Ҳаҷм | 7200 мм x 2200 мм x 2600 мм |
| Вазни умумӣ | 4.8 т |
| Андоза | 3750*1500 мм |
| Вазн | 1 т |
| Шаклдиҳӣ (дарозӣ) | 1500 мм |
| Шаклдиҳӣ (паҳнӣ) | 900 мм |
| Шаклдиҳӣ (баландӣ) | 100 мм |
| Гармкунии плёнка | 3-7 дона/мин |
| Сатҳи истеҳсол | 8x11=88 дона |
| Иқтидори барқ | 60 кВт |
| Ашёи хом | ПВХ,PP,PS,PET,PE,HIPS B.тарҳ ва хусусияти функсия |

## Тавсиф

EPS – бо забони англисӣ (Enlarged Poli Stirol), яъне полистироли калонкардашуда маъно дорад. Пенополистирол (пенопласт) – маводи бо газ пуркардашуда мебошад, ки аз полистирол ва ҳосилаҳои он, инчунин сополимерҳои стирол ба даст оварда мешавад. Полистироли кафкдор яке аз навъҳои маъмули полистирол ба ҳисоб меравад. Технологияи муқаррарии истеҳсоли полистироли кафкдор чунин аст: гранулаҳои стирол, ки дар массаи полимер ҳал шудаанд, бо газ пур карда мешаванд ва баъдан масса бо буғ гарм карда мешавад. Дар ин раванд ҳаҷми донаҳои аслӣ то он даме калон мешавад, ки онҳо тамоми шакли блокро ишғол карда, якҷоя пухта нашаванд. Дар полистироли кафкдори анъанавӣ гази табиӣ истифода мешавад, ки дар стирол хеле хуб ҳал мешавад. Бо ёрии технологияҳое, ки мо ба Шумо пешниҳод мекунем, ҳамаи навъҳои маҳсулоти пенополистиролро истеҳсол кардан мумкин аст. Аммо «AFEX GROUP» ба мизоҷон тавсия медиҳад, ки тиҷорати худро бо истеҳсоли маҳсулоти нав оғоз кунанд. «МАҲСУЛОТИ НАВ» – ба маҳсулоте, ки дар ин лоиҳа истеҳсол кардан мумкин аст, талабот баланд аст ва муҳимтар аз ҳама, истеҳсоли он дар кишвари мо ҳанӯз ба роҳ монда нашудааст. Набудани рақобат имконияти Шуморо барои истеҳсоли ин маҳсулот ва шиносонидани бренди худ боз ҳам зиёд мекунад. Панелҳои ESP – панелест бо имкониятҳои муосир, осон ва қулай барои корҳои насби шлангҳои гармкунии фарш. Панелҳои ESP хонаи Шуморо тобистон аз гармӣ, зимистон аз сармо, аз об ва намӣ муҳофизат мекунанд. Дараҷаи сӯзишаш паст буда, дар давоми мӯҳлати истифода, ки аз 50 сол ҳам зиёд аст, хосияти худро гум намекунад.

### Марҳилаҳои истеҳсоли маҳсулот

Аввал марҳилаҳои истеҳсоли маҳсулотро умуман шарҳ медиҳем. Сипас бо ёрии расмҳои таҷҳизот як-як равшан менамоем. Ҳамаи равандҳои технологӣ аз генератори буғ оғоз мешаванд. Барои истеҳсоли EPS маҳз буғи гарм лозим аст. Барои таъмини бефосилагии раванди буғкунӣ деги буғии газӣ мунтазам кор мекунад. Ҳамчун ашёи хом гранулаҳои полистирол ба зарфи махсус ҷойгир карда мешаванд. Баъд маҳсулот тавассути дозатор ба дег фиристода мешавад. Дар он ҷо гранулаҳои полистирол бо ёрии оби гарм, буғ ва ҳавои гарми 90-120C° то 30-50 маротиба калон карда мешаванд. Ҳар қадар ҳарорати ҳаво баландтар бошад, гранулаҳо ҳамон қадар калон мешаванд ва зичиашон низ паст мегардад. Саққочаҳои аз гранулаҳо калоншуда тавассути шнек ба бункерҳои махсус ҷойгир карда мешаванд. Дар он ҷо дар давоми 24 соат саққочаҳо хушк мешаванд. Ба саққочаҳое, ки дар бункерҳои махсус хушк шудаанд, дар таҷҳизоти шаклдиҳӣ барои қолибрезии вазни аморфӣ буғи гарм дода мешавад. Дар таҷҳизоти шаклдиҳӣ саққочаҳо зич шуда, деформатсия мешаванд. Сипас панелҳои EPS ҳосил мешаванд. Панелҳои тайёри EPS бо ёрии таҷҳизоти ламинатсия ламинатсия карда мешаванд.

### Механизми истеҳсол

### Майдони зарурӣ

Майдоне, ки барои ин хат талаб карда мешавад, бояд на камтар аз 600 метри мураббаъ бошад. Баландии шифт аз 6 метр зиёд аст. Агар барои ворид ва хориҷ кардани ашёи хом ва маҳсулоти тайёр имконияти даромадани мошинҳои сабуки боркаш бошад, ҳосилнокии кор боз ҳам меафзояд.

### Таъминоти зарурӣ

Унсурҳои инфрасохтори иншооти саноатӣ – бояд бо гази табиӣ, энергияи барқ ва об таъмин бошад. •Сарфи гази табиӣ - 70 м³/соат •Иқтидори барқии хат - 100 кВт/380 В, 50 Гц. •Трансформатори зарурӣ - зиёда аз 160 кВт/380 В, 50 Гц. •Барои 1 тонна маҳсулот - 300 кВт сарфи энергия. •Шумораи коргарон 5-8 нафарро талаб мекунад.

### Таҷҳизот ва дастгоҳҳои таркиби хат

• Деги буғӣ. •Генератори буғ. •Таҷҳизоти ғанигардонии зарраҳои EPS. •Зарфҳои махсуси EPS. •Компрессори ҳаво. •Зарфи ҳаво (танк). •Таҷҳизоти автоматии шаклдиҳӣ. •Қолиби панелҳои системаи гармкунии ESP. •Манораи хунуккунандаи об. •Насоси марказгурези об. •Таҷҳизоти ламинатсия. •Системаи қубурҳо. Мо маълумоти зарурӣ оид ба маҳсулот ва механизми истеҳсолро муфассал донистем. Акнун бо таҷҳизоти таркиби хат шинос мешавем. Майдони гармкунии деги буғӣ 30 м² буда, он инчунин 3,5 м³ обро бо ёрии гази табиӣ буғ мекунад. Барои таъмини бефосилагии раванди буғкунӣ деги буғии газӣ мунтазам кор мекунад. Буғи ҳосилшуда тавассути қубурҳо ба аккумулятори буғ фиристода мешавад. Вазифаи асосии генератори буғ дар як маром нигоҳ доштани ҳарорати буғи ҳосилшуда мебошад. Барои сарфаи энергия тарафи берунии он бо маводи изолятсионӣ пӯшонида шудааст, ки ин барои нигоҳ доштани гармӣ муҳим аст. Генератори буғ буғро тавассути қубурҳо ба таҷҳизоти ғанигардонии зарраҳои EPS мефиристад. Таҷҳизоти ғанигардонии зарраҳои EPS – ин таҷҳизот дили ин хат ба ҳисоб меравад. Барои таҷҳизот ҳамчун ашёи хом гранулаҳои полистирол ба зарфи махсус ҷойгир карда мешаванд. Баъд маҳсулот тавассути дозатор ба дег фиристода мешавад. Дар он ҷо гранулаҳои полистирол бо ёрии оби гарм, буғ ва ҳавои гарми 90-120C° то 30-50 маротиба калон карда мешаванд. Ҳар қадар ҳарорати ҳаво баландтар бошад, гранулаҳо ҳамон қадар калон мешаванд ва зичиашон низ паст мегардад. Маҳсулоти ҳосилшуда, яъне саққочаҳои аз гранулаҳо калоншуда тавассути шнек ба бункерҳои махсус ҷойгир карда мешаванд. Саққочаҳои калоншуда тавассути шнек ба бункерҳои махсус ҷойгир карда мешаванд. Дар он ҷо дар давоми 24 соат саққочаҳо хушк мешаванд. Саққочаҳои хушкшуда тавассути қубурҳо ба таҷҳизоти автоматии шаклдиҳӣ фиристода мешаванд. Компрессори ҳаво – ин дастгоҳ барои таҷҳизоти ғанигардонии зарраҳои EPS ва таҷҳизоти автоматии шаклдиҳӣ дастгоҳи ёрирасон ба ҳисоб меравад. Зарфи ҳаво (танк) – ин дастгоҳ, ки ҳавои фишурдаро нигоҳ медорад, барои таҷҳизоти ғанигардонии зарраҳои EPS ва таҷҳизоти автоматии шаклдиҳӣ дастгоҳи ёрирасон ба ҳисоб меравад. Дар таҷҳизоти автоматии шаклдиҳӣ барои шакл додани маҳсулот буғи гарм дода мешавад. Дар натиҷаи шаклдиҳӣ саққочаҳо зич шуда, ба ҳолати маҳсулоти яклухт меоянд. Андозаи маҳсулот 150x75 см. Вақти коркарди таҷҳизот 100-120 сония. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда 155x1370 см, ғафсиаш 35 см. Бо иваз кардани қисми қолиби таҷҳизот Шумо метавонед навъҳои дигари маҳсулотро истеҳсол кунед.

### Қолиби панел

Қолиби панелҳои системаи гармкунии ESP – барои истеҳсоли панелҳо бо имкониятҳои муосир, осон ва қулай барои корҳои насби шлангҳои гармкунии фарш. Системаи хунуккунӣ асосан барои кӯмак ба хунук кардани об дар раванди истеҳсол истифода мешавад. Барои хунук кардани об ҳавзҳои калони об заруранд. Ҳавзи об 4x4x2,5 м. Агар замин барои ҳавзҳои калони об маҳдуд бошад ва ҳарорати маҳаллӣ баланд бошад, он гоҳ барои зудтар хунук кардани об манораи хунуккунандаи об илова карда мешавад

### Насоси марказгурези об

Насоси марказгурез ҳамчун дастгоҳи ёрирасон барои манораи об ё ҳавзи оби системаи хунуккунӣ истифода мешавад. Бо мақсади беҳтар кардани сифати маҳсулот истифодаи ин таҷҳизот осон ва қулай аст. Дараҷаи майдашавии маҳсулоти ламинатсияшудаи ESP паст мешавад. Аз гузаштани об ва намӣ пешгирӣ мекунад. Маҳсулоти ламинатсияшудаи ESP бо намуди дизайнии худ сифатнокии худро нишон медиҳанд.

### Системаи қубурҳо

Системаи қубур барои хати истеҳсолӣ – таҷҳизоти ғанигардонии зарраҳои EPS, таҷҳизоти автоматии шаклдиҳӣ, аз ҷумла қубурҳои пайвасткунандаи буғ (вуруд ва хориҷ), компрессори ҳаво (вуруд ва хориҷ) ва оби хунуккунӣ ба ҳисоб меравад. Барои идоракунии устувори буғ клапани пасткунандаи фишор истифода мешавад. Он байни дег ва аккумулятор насб карда мешавад.

### Видео аз раванди кори хат

## Видео

- https://youtu.be/HSl_8G2mvYc

Тегҳо: afex uz, eps, истеҳсол, панелҳо, пенопласт, таҷҳизот

**Нарх:** Расонидан, насб, кафолат — нархро дархост кунед.

---
Саҳифа (HTML): https://afex.uz/tj/product/khati-istehsoli-panelhoi-eps/
tg · [kk](https://afex.uz/kz/product/eps-panelderin-ondiru-jelisi.md) · [en](https://afex.uz/en/product/eps-panels-production-line.md) · [uz](https://afex.uz/product/eps-panellari-ishlab-chiqarish-liniyasi.md) · [ru](https://afex.uz/ru/product/liniya-po-proizvodstvu-paneley-eps.md) · [zh-CN](https://afex.uz/cn/product/eps-paomo-ban-shengchan-xian.md)
