# Хати истеҳсоли оби минералии филтршудаи бегаз AF-L32
> Ҳар қадар тарзи зиндагии мо беҳтар шавад, ҳамон қадар ба сифати молҳои истеъмолии ҳаррӯза диққати ҷиддӣ медиҳем.
Каталог: Озуқаворӣ › Об ва нӯшокиҳо
SKU: 60b1e6e30bd70c2eab0442d2
Навсозӣ шуд: 2026-07-15

Ҳар қадар тарзи зиндагии мо беҳтар шавад, ҳамон қадар ба сифати молҳои истеъмолии ҳаррӯза диққати ҷиддӣ медиҳем. Махсусан оби нӯшокӣ барои ҳаёти инсон неъмати заруртарин ва муҳимтарин аст. Аз қадим ниёгони мо ифлос нашудани оби чашмаҳоро сахт назорат мекарданд ва бо мурури замон, ҳар қадар замон рушд кард, анъанаи бо ёрии филтрҳои муосир боз ҳам амиқтар коркард кардани об ва бо нигоҳ доштани минералҳояш ба мардум расонидани он пайдо шуд. Тиҷорати истеҳсоли об дар вақтҳои охир аз сабаби баланд будани талабот рушд мекунад. албатта, бо назардошти он ки талаботи қишри васеи аҳолӣ асосан ба оби бегаз баланд аст, мо пешниҳодро таҳия кардем. Аз ин рӯ ширкати AFEX-GROUP хати истеҳсоли обҳои минералии бегазро ба диққати Шумо пешниҳод мекунад.

## Нишондиҳандаҳои асосӣ

- **Ҳосилнокии кор:** 1000 л/соат
- **Андоза:** 1870x650x1850 мм
- **Иқтидори истеъмолӣ:** 2,5 кВт/соат
- **Самаранокии истифодаи об:** 50%
- **Диаметри дохилии капсула:** F5 мм-38 мм
- **Иқтидори муҳаррик:** 22 кВт/соат

## Хусусиятҳои техникӣ

### ТАҶҲИЗОТИ 8-МАРҲИЛАИИ ФИЛТРКУНИИ ОБ БО ОСМОСИ БАРЪАКС

| | |
|---|---|
| Кишвари истеҳсол | Чин |
| Шаҳр | Шанхай |
| Ҳосилнокии кор | 1000 л/соат |
| Марҳилаҳои филтркунӣ | 8-марҳилагӣ |
| Мавод | Металли зангногири SUS 304 |
| Мембранаи осмос | 4040 |
| Иқтидори истеъмолӣ | 2,5 кВт/соат |
| Самаранокии истифодаи об | 50% |
| Андоза | 1870x650x1850 мм |

### ГЕНЕРАТОРИ ОЗОН

| | |
|---|---|
| Навъи об | Оби оддӣ · Оби нӯшокӣ · Оби чашма |
| Консентратсияи озон | 0,1-0,3 мг/л · 0,2-0,4 мг/л · 0,4-0,6 мг/л |
| Миқдори илованамоии озон | 1-2 грамм/тонна · 2-3 грамм/тонна · 3-5 грамм/тонна |

### Зарфи нигоҳдории об 2 т

| | |
|---|---|
| Кишвари истеҳсол | Чин |
| Шаҳр | Шанхай |
| Ғунҷоиши об | 2000 л |
| Ғафсии металл | 1,0 мм |
| Мавод | Металли зангногири SUS 304 |
| Ҷойгиршавӣ | Амудӣ |

### Таҷҳизоти қолабгирии зарфҳои ПЭТ бо ҳавои фишори баланд

| | |
|---|---|
| Кишвари истеҳсол | Чин |
| Шаҳр | Шанхай |
| Иқтидори истеҳсолӣ | 800-1200 дона/соат |
| Андозаҳои зарф | 0.25 л-2 л |
| Мавод | Металли карбонӣ |
| Печи гармкунӣ | Бо ёрии гармкунаки кварсӣ |
| Андозаи таҷҳизоти асосӣ | 160x60x161 см |
| Андозаи таҷҳизоти гармкунӣ | 187x63x145 см |
| Дарозии капсула | 15 мм-350 мм |
| Диаметри дохилии капсула | F5 мм-38 мм |

### Компрессори махсуси ҳавоии фишори баланд

| | |
|---|---|
| Кишвари истеҳсол | Чин |
| Шаҳр | Шанхай |
| Иқтидори фишордиҳӣ | то 3.0 МПа |
| Ҳаҷми ҳаводиҳӣ | 2 м3/мин |
| Иқтидори муҳаррик | 22 кВт/соат |
| Суръати гардиш | 630 гардиш/дақ |
| Вазн | 680 кг |

### Таҷҳизоти моноблокии бастабандии 8-8-3

| | |
|---|---|
| Кишвари истеҳсол | Чин |
| Шаҳр | Шанхай |
| Иқтидори фишордиҳӣ | 2000 дона(500 мл) |
| Мавод | Металли зангногир |
| Ҳосилнокии кор | 3,5 кВт/соат |
| Андоза | 1750*1450*2350 мм |
| Вазн | 2500 кг |
| Панели идоракунӣ | Идоракунии PLC |

### Таҷҳизоти часпонидани барчасп

| | |
|---|---|
| Кишвари истеҳсол | Чин |
| Шаҳр | Шанхай |
| Иқтидори истеҳсолӣ | 1800 дона/соат |
| Майдони часпонидан | Д<300 мм, Б<120 мм |
| Суръати кор | 30 зарф/дақ |
| Дақиқии часпонидан | ±1.5 мм |
| Андоза | Д1900*П800*1450 (мм) |
| Шиддат | 220В |
| Иқтидори истеъмолӣ | 420 Вт |
| Вазн | 250 кг |

### Принтери гузоштани сана ё маълумоти мол

| | |
|---|---|
| Кишвари истеҳсол | Чин |
| Шаҳр | Шанхай |
| Чоп | 150-600 dpi |
| Захираи кори картриҷ | 1500 000 дона маҳсулот |
| Суръати кор | 60 зарф/дақ |
| Дақиқии чоп | ±0,01 мм |
| Андоза | Д1900*П300*1450 (мм) |
| Шиддат | 220В |
| Иқтидори истеъмолӣ | 50 Вт |
| Вазн | 30 кг |

### Таҷҳизоти маҷмӯъ бастабандӣ кардани маҳсулот

| | |
|---|---|
| Кишвари истеҳсол | Чин |
| Шаҳр | Шанхай |
| Андозаи максималии бастабандӣ | Д450×П560×Б360 мм |
| Суръати бастабандӣ | 2-5 блок/дақ |
| Паҳнои плёнка | ҳадди аксар 550 мм |
| Қобилияти бардоштани бори конвейер | ҳадди аксар 30 кг |
| Андоза | Д1150×П910×Б1860 мм |
| Шиддат | 220В |
| Иқтидори истеъмолӣ | 50 Вт |
| Вазн | 250 кг |

## Тавсиф

Мухтасар дар бораи лоиҳа: Таъминоти об: чашма, артезиан ва дигар манбаи оби нӯшокӣ Таъминоти барқ: 380 В 50 Гц Сарфи иқтидор: 13 кВт/соат Суръати кор: 1500 дона/соат (500 мл) Шумораи коргарон: 4 нафар Металли барои таҷҳизот истифодашуда: SUS304 Системаи канализатсия: мавҷуд будани он ба мақсад мувофиқ аст Майдони зарурӣ: бинои на камтар аз 100 м2 Тавсия медиҳем, ки талаботи дар боло зикршударо пеш аз фармоиш бо кормандони ширкат боз як бор мувофиқа кунед. Осмоси баръакс — гузаштани об аз мембранаи махсуси нимгузаранда ва барои ҷудо кардани он аз маҳлул ба маҳлул истифода бурдани фишори аз фишори осмотикӣ баландтар мебошад. Азбаски ин раванд ба осмос муқобил аст, он осмоси баръакс номида мешавад. Мувофиқи фишори гуногуни осмотикии маводҳои гуногун он метавонад барои ноил шудан ба ҳадафи ҷудокунӣ, истихроҷ, тозакунӣ ва консентратсияи маҳлул истифода шавад. Он метавонад бактерияҳо, заҳрҳо, манбаи гармӣ ва ғайра, қатори хурди ионҳо ва моддаҳои органикии вазни молекулавиашон пастро дар филтрат хориҷ кунад. Дастгоҳи осмоси баръакс асосан фосилаи ионҳоро дар маҳлул ҷудо мекунад. Он гармкуниро талаб намекунад ва раванди гузариши фазавӣ надорад, бинобар ин нисбат ба усулҳои анъанавӣ энергияи камтар сарф мекунад. Дастгоҳи осмоси баръакс хурд ва барои истифода қулай буда, инчунин доираи васеи истифода дорад. Дастгоҳи осмоси баръакс барои тоза кардани оби саноатӣ бе сарфи миқдори зиёди кислота ва ишқор истифода мешавад, бе ифлосшавии дуюмдараҷа ва хароҷоти истифодабарии он нисбатан паст аст. Обе, ки бо усули осмоси баръакс коркард шудааст, тозагии баланд дорад. Дар баробари хориҷ кардани ифлосиҳо дар диапазони ионҳо, инчунин моддаҳои ифлоскунандаи органикӣ, микроорганизмҳо, вирусҳо ва пирогенҳоро, ки бо усулҳои дигар хориҷ кардан душвор аст, хориҷ кардан мумкин аст. Озон ҳамчун оксидкунанда дар безараргардонӣ нисбат ба хлор хеле қавитар аст. Он на танҳо метавонад хуб стерилизатсия ва безарар кунад, балки метавонад ҷузъҳои зараровари таркиби обро безарар гардонад, ионҳои металлҳои вазнин ва дигар омехтаҳоро, аз қабили оҳан, марганес, сулфид, бензол, фенол, моддаҳои фосфорорганикӣ, хлорорганикӣ, сианид ва ғайра хориҷ кунад. Самаранокии гермитсидӣ нисбат ба безараргардонӣ бо хлор ва ултрабунафш беҳтар аст. Баръакси хлор, озони боқимонда метавонад ба оксиген тақсим шавад ва ба ифлосшавии такрорӣ оварда намерасонад. Пас аз коркард бо озон об беранг ва бебӯ мешавад, таъмаш беҳтар мегардад. Ин яке аз меъёрҳои асосии муайянкунандаи сифати оби нӯшокӣ мебошад. Ба Шумо маълум аст, ки барои нигоҳдории об пеш аз филтркунӣ ва пас аз он зарфҳо лозиманд. Мо ба Шумо 2 зарфи аз металли зангногир сохташудаи ҳар кадомаш 2 т пешниҳод мекунем. Бо талаби харидор бо пардохти иловагӣ зарфҳои калонтари нигоҳдорӣ низ оварда метавонем. 1). Ин мошин бо арзонӣ, самаранокии баланд, осонии идоракунӣ ва хизматрасонии техникӣ, инчунин кори устувор бо PLC фарқ мекунад. 2). Гардиши автоматӣ ва гардиши гармкунаки инфрасурх тақсимоти баробари гармиро таъмин мекунад, ки суръати ташаккули шишаро беҳтар мекунад. 3). Танзими сатҳи баланд тавассути танзими минтақаи идоракунии шиддат дар дохили PLC, ки ҳарорати чароғҳои инфрасурхро дар плёнкаи пешакӣ гармшаванда танзим карда, ҳарорат ва намиро доимо тағйир дода метавонад, сифати баландро таъмин мекунад. 4). Бехатарии сатҳи баланд бо дастгоҳи қулфкунии автоматии бехатарӣ дар ҳар як ҳаракати механикӣ, ки ҳатто ҳангоми вайрон шудани тартиби муайян истеҳсолотро ба муҳити комилан бехатар табдил медиҳад. 5). Барои пешгирии ифлосшавӣ ва садо силиндри ҳавоии FESTO истифода шудааст. 6). Дар нақшаи фишори ҳавои мошин бо тақсим кардани дамиш ва ҳаракат ба се қисм барои зарба ва ҳаракатҳои механикӣ фишорҳои гуногуни атмосфериро истифода мебарад. 7). Барои қулф кардани қолиб қувваи пурзӯри фишурдан бо фишори баланд ва пайвастҳои дохилӣ ва берунӣ таъмин мекунад. 8). Дар мошин диаграммаи пневматикӣ барои осон кардани фаҳмиш ва инчунин барои бехатарии ҳолат, тарҳи боэътимод ва беназир хизмат мекунад. 9). Системаи беҳтарини хунуккунӣ зарфҳои тайёрро бенуқсон мегардонад. 10). Сатҳи пасти хатогӣ: камтар аз 0,2%. Барои истеҳсоли зарфҳои ПЭТ ба мо компрессори махсусе лозим аст, ки фишори 3.0 МПа медиҳад. Бо ёрии ин компрессор таҷҳизоти Шумо бенуқсон ва мунтазам кор мекунад. Бо гузоштани компрессорҳое, ки дар фишори зарурӣ ҳаво дода наметавонанд, Шумо маҳсулоти босифат истеҳсол карда наметавонед ва боиси зиёд шудани маҳсулоти яроқнопазир мегардед. Таҷҳизоти рехтани об бо 3 функсияи якҷоя: ҳамаи равандҳо бе иштироки инсон дар дохили таҷҳизоти бо шиша муҳофизатшуда ба амал меоянд. Таҷҳизоти мо аз металли зангногири баландсифати sus304 сохта шудааст ва бо ёрии хат 500-1,5 л об рехтан мумкин аст. Таҷҳизот пеш аз рехтани об ба зарфҳои ПЭТ онҳоро хуб мешӯяд, барои ин 8 канали шустушӯй мавҷуд аст ва боз тавассути 8 канали рехтани об зарфҳои ПЭТ-ро бо об пур мекунад. Зарфҳои ПЭТ-и бо об пуршударо тавассути 3 канал мепӯшонад. Дар он шустан, пур кардан ва фарогирии се қисм дар як корпус дохил мешавад. Мошини пуркунӣ асосан барои нӯшокиҳои бегаз, аз қабили оби минералӣ, оби тоза, шароби бегаз ва нӯшокиҳо истифода мешавад ва суръаташ 2000 дона дар як соат аст. Тарҳи мошин вақти тамоси нӯшокиро бо муҳити беруна кам мекунад, ҳолати санитариро беҳтар мекунад ва бехатарии онро кафолат медиҳад. Барои додани маълумот дар бораи номи мол ва бренд ба зарфҳои ПЭТ барчаспҳои ширешдор истифода мешаванд. Онҳо дар навбати худ бо ёрии таҷҳизоти махсус часпонида мешаванд. Таҷҳизот автоматӣ буда, ҳар як маҳсулотро тавассути датчикҳои махсуси лазерӣ ҳис мекунад ва амалан хато намекунад. Принтери муосири махсус сохташудаи картриҷдор ба Шумо муддати дароз ва бенуқсон хизмат мекунад. Бо ёрии ин таҷҳизот ба қуттиҳои картонӣ ва ҳар сатҳи дигар сана ва дигар маълумотро гузоштан мумкин аст.

Ин таҷҳизот барои марҳилаи ниҳоии истеҳсоли маҳсулот истифода мешавад. Таҷҳизот бо ёрии плёнкаи махсуси рулонӣ маҷмӯи маҳсулотро печонида, ба туннели гарм мефиристад. Дар натиҷаи то дараҷаи зарурӣ гарм кардани плёнка аз ҷониби ҳарорати туннел маҳсулот ба ҳамдигар зич ҷойгир мешавад ва дар ҳавои муқаррарӣ сахт мешавад. Ҳамин тавр маҳсулот барои фурӯш дар бозор омода мегардад. 1. Санҷиш ва муҳофизати маҳсулот дар фосилаи вақт. 2. Системаи ду баробар калони гузаронандаи вентилятсионӣ бастабандиро дар сатҳи олӣ таъмин мекунад. 3. Ҳарорат ба таври автоматӣ назорат карда мешавад. 4. Табдилдиҳандаи воридотии басомад барои идоракунии тези қадамҳо хизмат мекунад 5. Системаи хунуккунӣ, ки зуд ба шакли комил нишастани маҳсулотро таъмин мекунад. 6. Панели идоракунӣ бехатар ва содда кор мекунад. 7. Мавқеи ҳисобкунӣ метавонад танзимро вобаста ба андозаи маҳсулот дақиқ кунад 8. Андозаҳои туннелро ба талаботи Шумо мутобиқ кардан мумкин аст. Таҷҳизот барои печонидани оби минералӣ, пивои шишагӣ, нӯшокиҳо ва ғайра бе қабати поёнӣ (ё бо табақи поёнӣ) мувофиқ аст. Барои бастабандии комили мол истифодаи плёнкаи аз маводи PE ба мақсад мувофиқ аст. Тамоми раванди истеҳсол техникаи мутобиқшудаеро қабул мекунад, ки дар асоси технологияҳои Олмон сохта шудааст. Дар қисмҳои асосӣ маҳсулоти ширкатҳои маъруф, аз қабили OMRON, MITSUBISHI, FUJI ET истифода шудаанд, ки кори устувор ва дарозмуддатро таъмин мекунанд.

Тегҳо: аз чин, истеҳсол, Об, оби минералӣ, таҷҳизот

**Нарх:** Расонидан, насб, кафолат — нархро дархост кунед.

---
Саҳифа (HTML): https://afex.uz/tj/product/khati-istehsoli-obi-mineralii-filtrshudai-begaz-af-l32/
tg · [ru](https://afex.uz/ru/product/liniya-po-proizvodstvu-filtrovannoy-negazirovannoy-mineralnoy-vody-af-l32.md) · [zh-CN](https://afex.uz/cn/product/guolv-buhan-qi-kuangquan-shui-shengchan-xian-af-l32.md) · [kk](https://afex.uz/kz/product/suzilgen-gazsyz-mineraldy-su-ondiru-jelisi-af-l32.md) · [uz](https://afex.uz/product/filtlangan-gazsiz-mineral-suv-ishlab-chiqarish-liniyasi-af-l32.md) · [en](https://afex.uz/en/product/filtered-still-mineral-water-production-line-af-l32.md)
