# Хати истеҳсоли нон
> Халқи мо аз қадим нонро гиромӣ медорад.
Каталог: Озуқаворӣ
SKU: 60dc60dc0bd70c3893591850
Навсозӣ шуд: 2026-07-15

Халқи мо аз қадим нонро гиромӣ медорад. Нон яке аз арзишҳои миллии халқи ӯзбек мебошад. Инчунин бояд қайд кард, ки технологияҳо ва пешрафтҳо ба ҳар соҳа ворид шудаанд. Умедворем, ки таҷҳизоти зерини мо низ маҳз ба рушди истеҳсоли нон саҳм мегузорад.

## Тавсиф

### Таҷҳизоти хамиршӯрӣ

Ҳамин тавр, пеш аз ҳама ба мо таҷҳизоти хамиршӯрӣ лозим мешавад. Мо метавонем ба Шумо таҷҳизоти хамиршӯриеро, ки сураташ дар боло оварда шудааст, пешниҳод кунем. Нишондиҳандаҳои техникии таҷҳизот дар расми зерин оварда шудаанд.

### Ҷевони расонидани хамир

Дар кишвари мо нонвойҳо одатан хамирро дар шароити кушод мерасонанд, яъне аз ягон таҷҳизот истифода намебаранд. Ин таҷҳизоти мо бошад метавонад хамирҳои Шуморо дар муддати кӯтоҳ бо сифати баланд расонад. Раванди расонидани хамир ба ҳисоби миёна 25-30 дақиқа вақт мегирад ва дар ин муддат Шумо барои боз тайёр кардани хамир вақт пайдо мекунед.

### Таҷҳизоти пресс-қолибкунии нон

Акнун ба таҷҳизоти асоситарини хати истеҳсолии худ расидем. Принсипи кори таҷҳизот чунин аст: аз қисми болоии таҷҳизот хамири тайёри ворасида андохта мешавад. Худи таҷҳизот хамирҳои вазнашон муайяншударо дар шакли мудаввар мепартояд. Сипас пресси қолибдори таҷҳизот хамирҳоро паҳн мекунад. Дар ин ҷо ёдовар шудани баъзе маълумот бамаврид аст. Бо ёрии таҷҳизот Шумо метавонед нонҳои ғафсиашон гуногун истеҳсол кунед. Ба қолиб бошад метавонед бренди худ ё маълумоти гуногунро (ном, рақами телефон) ворид кунед. Ин маънои инфиродӣ будани ҳар як таҷҳизотро дорад. Қолибҳои пресси таҷҳизотро иваз кардан мумкин аст. Барои ин қувваи зиёд талаб карда намешавад. Дар ин ҷо зикр кардани як хусусияти таҷҳизот низ бамаврид аст: Агар ба таҷҳизот бо пардохти иловагӣ қисмҳои дигар илова кунед, Шумо метавонед ба дохили нон маҳсулоти дигарро низ гузоред. Масалан, нонҳои гӯштдор ва пудинагӣ тайёр кардан мумкин аст. Вазифаи қисмҳои дар расмҳои боло ҷойгиршуда аз ҳамин иборат аст.

## Видео

- https://youtu.be/Gny9ikFCoYg

Тегҳо: afexuz, аз чин, истеҳсоли нон, таҷҳизот, технология, фатир

**Нарх:** Расонидан, насб, кафолат — нархро дархост кунед.

---
Саҳифа (HTML): https://afex.uz/tj/product/khati-istehsoli-non/
tg · [ru](https://afex.uz/ru/product/liniya-po-proizvodstvu-khleba.md) · [kk](https://afex.uz/kz/product/nan-ondiru-jelisi.md) · [uz](https://afex.uz/product/non-ishlab-chiqarish-liniyasi.md) · [en](https://afex.uz/en/product/bread-production-line.md) · [zh-CN](https://afex.uz/cn/product/nang-bing-shengchan-xian.md)
