# Хати истеҳсоли найчаҳои яккарата барои нӯшокиҳо AF-L019
> Ба ҳамаи мо маълум аст, ки истеҳсоли маҳсулоти яккаратаи серталаб, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо доимо истифода мешаванд, даромади хуб меорад.
Каталог: Хатҳои тайёр
SKU: AF-L019
Навсозӣ шуд: 2026-07-14

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки истеҳсоли маҳсулоти яккаратаи серталаб, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо доимо истифода мешаванд, даромади хуб меорад. Найчаҳои яккарата барои нӯшокиҳо, ки дастаи «AFEX-GROUP» ба диққати Шумо пешниҳод мекунад, низ ба қатори маҳсулоти серталаб дохил мешаванд. Чунин найчаҳо дар қаҳвахонаҳо, барҳо, тарабхонаҳо, махсусан дар шабакаҳои фаст-фуд ва дар шароити хона низ ба таври васеъ истифода мешаванд. Чунин найчаҳо махсусан барои модарони мо ёрдамчии хуб ба ҳисоб мераванд. Зеро барои кӯдакон бо чунин найчаҳо истеъмол кардани маҳсулоти ширӣ ва шарбатҳо яке аз машғулиятҳои дӯстдоштаашон аст. Инчунин ҳангоми розӣ кардани кӯдаконе, ки аз нӯшидани маҳсулоти ширӣ, шарбатҳо ва дигар нӯшокиҳо саркашӣ мекунанд, найчаҳои зебои рангоранг, қулай ва ҷалбкунандаи диққати кӯдак ба ёрии модарон мерасанд.

## Нишондиҳандаҳои асосӣ

- **Ҳосилнокӣ:** 400-1800 дона/мин
- **Модел:** AF-ML12
- **Диаметри найча:** Ø 3.0-Ø12 мм
- **Шиддат:** 380 В 50 Гц
- **Андоза:** 8000x1200x1600 мм
- **Вазн:** 2100 кг

## Хусусиятҳои техникӣ

### Экструдер

| | |
|---|---|
| Ҷои истеҳсол | Чин |
| Соли истеҳсол | 2019 |
| Модел | AF-ML12 |
| Навъи ашёи хом | PP |
| Диаметри найча | Ø 3.0-Ø12 мм |
| Ғафсии найча | 0.10-0.35 мм |
| Ҳосилнокӣ | 400-1800 дона/мин |
| Шиддат | 380 В 50 Гц |
| Сарфи барқ | 16 кВт·соат |
| Андоза | 8000x1200x1600 мм |
| Вазн | 2100 кг |

### Таҷҳизоти қаткунии найча

| | |
|---|---|
| Ҷои истеҳсол | Чин |
| Соли истеҳсол | 2019 |
| Модел | AF-ML21-5 |
| Ҳосилнокӣ | 250-280 дона/мин |
| Функсияи ҳисобкунии автоматӣ | Мавҷуд |
| Функсияи қатъшавии автоматӣ | Мавҷуд |
| Шиддат | 380 В 50 Гц |
| Дарозии найчаи рост | 190-260 мм |
| Дарозии найчаи қатшуда | 175-245 мм |
| Сарфи барқ | 1,5 кВт·соат |
| Андоза | 1200x1600 мм |
| Вазн | 1000 кг |

### Таҷҳизоти бастабандӣ

| | |
|---|---|
| Соли истеҳсол | Чин |
| Модел | 2019 |
| Ҳосилнокӣ | AF-ML31 |
| Функсияи ҳисобкунии автоматӣ | 350-450 дона/мин |
| Шиддат | Мавҷуд |
| Бастабандӣ | 380 В 50 Гц |
| Бари баста | Коғаз ё пакет |
| Сарфи барқ | Коғаз 25-33, пакет 25-60 |
| Андоза | 1,5 кВт·соат |
| Вазн | 600 кг |

## Тавсиф

Ин хат аз қисмҳои зерин иборат аст

Экструдер барои истеҳсоли ҳама навъи найчаҳои як ва дуранга пешбинӣ шудааст. Бо иваз кардани матритсаҳои экструдер андозаи найчаҳоро тағйир додан мумкин аст. Инчунин дар таркиби экструдер таҷҳизоти хунуккунӣ бо ёрии резервуари об ва буридан ба андозаи зарурӣ мавҷуд аст.

Найчаҳои росте, ки аз экструдер мебароянд, бо ёрии таҷҳизоти қаткунӣ қат карда мешаванд. Мақсади қат кардани найчаҳо дар он аст, ки бо чунин найчаҳо нӯшидани нӯшокӣ қулайтар аст. Функсияи ҳисобкунии автоматӣ мавҷуд аст.

Пас аз қат шудан дар таҷҳизоти қаткунӣ, найчаҳо ба таҷҳизоти бастабандии дорои сифат ва суръати баланд гузошта мешаванд. Таҷҳизот барои донагӣ бастабандӣ кардани найчаҳо пешбинӣ шудааст. Барои баста коғаз ё пакетҳоро истифода бурдан мумкин аст. Дар таҷҳизот функсияи ҳисобкунии автоматӣ низ мавҷуд аст. Албатта, азбаски найчаҳо маҳсулоти яккарата ба ҳисоб мераванд, бастабандии онҳо муҳим аст.

Акнун метавонед маҳсулоти худро озодона ба бозор бароред. Барору кор насибатон гардад.

## Видео

- https://youtu.be/KLY85chkkGE

Тегҳо: аз чин, истеҳсол, найчаҳо, чин

**Нарх:** Расонидан, насб, кафолат — нархро дархост кунед.

---
Саҳифа (HTML): https://afex.uz/tj/product/khati-istehsoli-naychahoi-yakkarata-baroi-nushokiho-af-l019/
tg · [ru](https://afex.uz/ru/product/liniya-po-proizvodstvu-odnorazovykh-tub-dlya-napitkov-af-l019.md) · [uz](https://afex.uz/product/ichimliklar-uchun-bir-martalik-naychalar-ishlab-chiqarish-liniyasi-af-l019.md) · [en](https://afex.uz/en/product/production-line-of-disposable-tubes-for-drinks-af-l019.md) · [kk](https://afex.uz/kz/product/susyndarga-arnalgan-bir-rettik-tutiksheler-ondiru-jelisi-af-l019.md) · [zh-CN](https://afex.uz/cn/product/yici-xing-yinliao-xiguan-shengchan-xian-af-l019.md)
