AFEX

Хати истеҳсоли коғази ҳоҷатхона аз коғазпора 0.8-1 т/шабонарӯз

Хати истеҳсоли коғази ҳоҷатхона — тиҷорати фоиданок ва устувор.

Пешниҳоди инфиродӣ
Диаметри маҳсулоти ниҳоӣ
F50-1800 мм
Диаметри втулкаи дохилӣ
F30-55 мм
Диаметри ғалтаки ашёи хом
Стандартӣ 1100 мм
Суръати печонидан
150-280 м/мин
Андоза
6200*2600*800 мм
Втулкаи дохилии ғалтаки ашёи хом
76 мм
Нарх

Тавсиф

Нишондиҳандаҳои асосӣ

  • Диаметри маҳсулоти ниҳоӣ

    F50-1800 мм (паҳно ва диаметр тағйир меёбад)

  • Диаметри ғалтаки ашёи хом

    Стандартӣ 1100 мм (андозаҳои дигар низ мумкин)

Дар бораи таҷҳизот

Хати истеҳсоли коғази ҳоҷатхона — тиҷорати фоиданок ва устувор. Афзалиятҳо: Истеҳсол аз коғазпора — ашёи хоми арзон ва дастрас Талаботи доимӣ ба маҳсулот — ҳамеша фурӯхта мешавад Таҷҳизоти автоматӣ — истеҳсоли самаранок бо қувваи кории кам Баргашти зуди сармоя Ҳалли аз ҷиҳати экологӣ тоза — партовро ба фоида табдил медиҳад Барои бозори дохилӣ ва хориҷӣ мувофиқ Ин лоиҳа барои корхонаи хурд ё ташкилотҳои истеҳсолӣ варианти беҳтарин буда, даромади устувор меорад.

Маълумоти умумии техникӣ

  1. Ашёи хом: коғази партов (коғази кӯҳнаи истифодашуда)
  2. Маҳсулот: коғази гигиенӣ (ҳоҷатхона)
  3. Вазни коғаз: 15–30 грамм барои ҳар метри мураббаъ
  4. Паҳнои коғаз: 1800 мм
  5. Паҳнои қолаби силиндрӣ: 1100 мм
  6. Иқтидори истеҳсолӣ: аз 0.8 то 1 тонна дар як шабонарӯз
  7. Суръати лоиҳавӣ: 50 метр/мин
  8. Суръати корӣ: 20–40 метр/мин
  9. Технология: суръати муҳаррики барқӣ тавассути басомади AC идора карда мешавад

Марҳилаҳои истеҳсоли коғази ҳоҷатхона

  • Тайёр кардани коғаз аз коғазпора: коғази истифодашуда (коғазпора) бо об омехта карда шуда, ба массаи коғазӣ табдил дода мешавад. Сипас ин масса дар таҷҳизоти махсус ба коғази тунук табдил ёфта, хушк карда мешавад ва ба ғалтаки калон печонида мешавад.
  • Табдил додани ғалтаки калон ба ғалтаки хурд: таҷҳизоти махсус онро ба ғалтакҳои хурд табдил медиҳад ва ба сатҳи онҳо хатҳои буриш (перфоратсия) гузошта мешаванд.
  • Буридани ғалтакҳо: ғалтакҳои хурд ба андозаҳои стандартӣ бурида мешаванд.
  • Бастабандӣ: ғалтакҳои тайёр аз 4, 6 ё 12 адад ба пакет ҷойгир ва бастабандӣ карда мешаванд.

Таҷҳизоти тайёр кардани массаи коғазӣ

Майдакунаки массаи сахт

Вазифа: Коғази партовро майда карда омехта мекунад ва партовҳои калони дохили онро — санг, мех, пластик, порчаҳои чарм ва ғайраро ҷудо мекунад. Бо ёрии ин таҷҳизот барои тайёр кардани коғаз массаи тоза ва якхела ба даст оварда мешавад. Об кам сарф мешавад, вале омехта ғализ мешавад. Иқтидори умумӣ: 11 кВт Ҳаҷм: 1.5 м3 Миқдор: 1 маҷмӯа

Ғалбери ларзишӣ

 

Вазифа: Партовҳои калонро дар массаи коғазӣ — сангҳо, мехҳо, пластик, порчаҳои чарм ва омехтаҳои ба онҳо монандро ғалбер карда ҷудо мекунад. Ин таҷҳизот массаи коғазиро тавассути ларзиш ғалбер карда, танҳо қисми нарм ва барои коркард мувофиқро мегузаронад, партовҳои калони боқимонда бошанд хориҷ карда мешаванд. Иқтидори умумӣ: 1.5 кВт Ҳаҷм: 0.5 м3 Миқдор: 1 маҷмӯа

Майдакунаки дискӣ (рафинер)

 

Вазифа: Боз ҳам майда кардани массаи коғазӣ, хуб ҷудо кардани нахҳо ва ба якхелагӣ расонидани омехта. Ин таҷҳизот массаи коғазии пешакӣ майдакардашуда ва тозашударо боз ба қисмҳои майда майда мекунад, то масса нарм, ҳамвор ва босифат шавад — ин барои истеҳсоли коғази хуб муҳим аст. Иқтидори умумӣ: 7.5 кВт Миқдор: 1 маҷмӯа

Омехтакунак (агитатор)

 

Вазифа: Массаи коғазиро доимо омехта мекунад, то масса таҳшин нашавад ва дар ҳолати якхела нигоҳ дошта шавад. Омехтакунак — массаи коғазиро дар ҳаракат нигоҳ дошта, таҳшин нашудан ва дар ҳолати якхела омехта монданашро таъмин мекунад. Иқтидори умумӣ: 5.5 кВт Миқдор: 1 маҷмӯа

Сафедкунанда

 

Вазифа: Массаи коғазиро якчанд маротиба шуста ва коркарди кимиёвӣ карда, ба ранги сафед меорад. Ин таҷҳизот массаи сиёҳтоб ё зардтоби аз коғази партов ба дастомадаро тавассути шустан ва сафед кардан барои гирифтани коғази босифати сафеди равшан омода мекунад. Иқтидори умумӣ: 1.5 кВт Миқдор: 1 маҷмӯа

Насоси интиқоли масса

Вазифа: Интиқоли массаи коғазӣ аз як таҷҳизот ба дигаре ва дар гардиш нигоҳ доштани он (яъне интиқоли масса байни ҳамаи системаҳо). Ин насосҳо массаи коғазиро тавассути қубурҳо ҳаракат медиҳанд ва ҷараёни бефосилаи онро дар тамоми системаи истеҳсолӣ таъмин мекунанд. Насоси 6-дюймӣ – иқтидори 7.5 кВт – 1 адад Насоси 3-дюймӣ – иқтидори 3 кВт – 3 адад

Тозакунак аз рег (десандер)

Вазифа: Омехтаҳои сабук ва зарраҳои регро аз массаи коғазӣ ҷудо мекунад. Ин таҷҳизот реги майда, хок ва дигар партовҳои сабуки дар масса мондаро тавассути гардиш ба поён мефурорад ва массаро боз ҳам тоза мекунад. Ҳаҷм: 400 л Миқдор: 2 адад

Миксери уфуқӣ

Вазифа: пурра омехта кардани селлюлоза бо об, то ғафсии коғази истеҳсолшуда якхела бошад. Иқтидор: 3 кВт Миқдор: 2 адад

Таҷҳизоти ғалбердори марказгурез (сентрифуга)

Вазифа:  Таҷҳизот бо суръати баланд давр зада, боқимондаҳоро (ифлосиҳоро) дар массаи коғазӣ тавассути тӯри махсус ҷудо мекунад. Массаи тозаи коғазӣ бошад аз ғалбер гузашта, ба марҳилаи навбатӣ фиристода мешавад. Иқтидори умумӣ: 5.5 кВт Ҳаҷм: 0.35 м2 Миқдор: 1 маҷмӯа

Миксери диспергатор (омехтакунак)

Вазифа: Ин таҷҳизоти навъи омехтакунак буда, хока, пигмент ё дигар моддаҳоро дар дохили моеъ ба зарраҳои майда ҷудо карда, якхела паҳн мекунад (дисперсия мекунад). Ин раванд сифати омехтаро беҳтар ва онро устувор мегардонад. Иқтидори умумӣ: 0.75 кВт Миқдор: 1 маҷмӯа

Қуттии идоракунии барқӣ

Миқдор: 2 маҷмӯа Деги газӣ Вазифа: буғи гарм истеҳсол мекунад ва ин буғ ба хушккунаки коғаз фиристода мешавад, ки тавассути он раванди хушк кардани коғаз амалӣ мегардад. Миқдор: 1 адад

Таҷҳизоти истеҳсоли коғаз

Таркиби таҷҳизот

1) Қисми шаклдиҳии коғази тар:
  • Қолаби силиндршакли аз пӯлоди зангногир бо диаметри 700 мм ва паҳнои 1100 мм – 1 адад
  • Вали фишурдан бо диаметри 200 мм ва паҳнои 1100 мм – 1 адад, бо каучук рӯйпӯш шудааст
  • Сахтии каучук: 40 дараҷа
  • Ба ваннае, ки нахи коғаз дар он шино мекунад, мутобиқ карда шудааст
2) Қисми хушккунӣ:
  • Барабани гарми хушккунӣ бо диаметри 1000 мм ва паҳнои 1100 мм – 1 адад
  • Валики пахшкунанда бо диаметри 280 мм ва паҳнои 1100 мм – 1 адад
  • Системаи фишурдан бо фишори ҳаво, харошкунаки металлии тозакунандаи коғаз
  • Бо каучук рӯйпӯш шудааст, сахтӣ: 90 дараҷа
3) Муҳаррикҳои барқӣ:
  • Барои барабани хушккунӣ – бо иқтидори 4 киловатт
  • Барои печонидани коғаз ба ғалтак – муҳаррики 0.75 киловаттӣ
4) Қисми ҳаракатдиҳанда ва идоракунанда:
  • Системаи муосири идоракунӣ, ки суръатро ба таври автоматӣ танзим мекунад
  • Ҳар як қисм алоҳида идора карда мешавад

Таҷҳизоти ёрирасон

  1. Насоси оби фишордор: фишори обро барои шустани тӯри коғаз ва матои филтр зиёд мекунад
  2. Мосламаи пошидани об: барои тоза кардани мато ва тӯр
  3. Насоси вакуумӣ: оби зиёдатиро аз коғази тар мекашад
  4. Қуттии кашиш: якҷоя бо насоси вакуумӣ кор мекунад ва дар раванди истеҳсоли коғаз барои кашидани намӣ истифода мешавад.
  5. Сарпӯши ҷамъкунандаи буғ дар қисми хушккунӣ: буғро ҷамъ карда хориҷ мекунад
  6. Вентилятори хориҷкунандаи ҳаво бо диаметри 400 мм: ҳангоми хушккунӣ буғро хориҷ мекунад
  7. Тасмаи истеҳсоли коғаз: барои интиқоли коғази тар дар таҷҳизот
  8. Тӯри махсус барои қолаби силиндрӣ – 2 адад

Таҷҳизоти истеҳсоли коғази ҳоҷатхона

Вазифа:
Коғази ғалтаки калон ба таҷҳизот ҷойгир карда мешавад. Таҷҳизот ин коғазро 1–3-қабата карда, дар шакли лентаи дароз ба ғалтакҳои хурд мепечонад. Ҳамзамон ба сатҳи коғаз ороиш (embossing — нақши барҷаста) низ гузошта мешавад.

01

Таҷҳизоти печонидан аз ғалтаки калон ба ғалтаки хурд

14 параметр
Таҷҳизоти печонидан аз ғалтаки калон ба ғалтаки хурд
Паҳнои коғаз (мм)
1800
Иқтидори истеҳсолӣ (дар 8 соат)
1,2 т
Диаметри маҳсулоти ниҳоӣ
F50-1800 мм (паҳно ва диаметр тағйир меёбад)
Диаметри втулкаи дохилӣ
F30-55 мм
Диаметри ғалтаки ашёи хом
Стандартӣ 1100 мм (андозаҳои дигар низ мумкин)
Втулкаи дохилии ғалтаки ашёи хом
76 мм
Суръати печонидан
150-280 м/мин
Тартиби танзим
Тавассути идоракунии компютерии PLC
Шумораи қабатҳо
3-қабата
Нишонагузории хати канда
2 корд, 150-300 мм
Системаи пневматикӣ
Компрессори 3-клапана
Истеъмоли иқтидор
5.5 кВт-15 кВт, вобаста ба суръат тағйир меёбад
Андоза
6200*2600*800 мм
Вазн
5 тонна
Ин арра барои тақсим кардани ғалтакҳои хурде, ки таҷҳизоти дар боло зикршуда ҳосил кардааст, ба ҳаҷми махсуси хурд хизмат мекунад. Агар Шумо хоҳед коғази ҳоҷатхона созед, бояд бо дарозии 10-12 см буред, агар хоҳед дастмолчаҳои коғазӣ истеҳсол кунед, бояд дарозтар буред. Ин таҷҳизотро барои коғазҳои ҳоҷатхонаи дорои втулкаи дохилӣ ва бе втулка низ истифода бурдан мумкин аст.
02

Таҷҳизоти буридани ғалтаки хурд

7 параметр
Таҷҳизоти буридани ғалтаки хурд
Дарозии буриш (мм)
Тағйирёбанда
Иқтидори корӣ (тонна/шабонарӯз)
1.5
Дарозии буриш (мм)
3750
Диаметр (мм)
1300*70*1800
Вазн (кг)
560
Бо втулка ва бе втулка
Барои ҳарду пешбинӣ шудааст
Истеъмоли иқтидор (кВт)
1.1

Таҷҳизоти махсуси дарзмолкунӣ барои бастабандии донагӣ

Бо ёрии ин таҷҳизот як ё ду адад коғази ҳоҷатхонаро бастабандӣ кардан мумкин аст, ки дар мо ҳанӯз карда нашудааст ва ба одамон лозим мешавад. Охир, дар ҳар кор бояд талабот ба назар гирифта шавад. Маҳсулоти донагӣ бастабандишуда ҳангоми сафар ба кӯҳҳо ё ҷойҳои дигар ба кор омаданаш мумкин. Инчунин тавассути ин таҷҳизот Шумо имконият пайдо мекунед, ки онро барои бастабандии маҳсулоти дигар (салфеткаҳо, дигар маҳсулоти ба шакли конверт пӯшидашаванда) низ истифода баред.

Таҷҳизоти бастабандӣ ба шакли маҷмӯа

Марҳилаи охирин, мисли ҳамеша, таҷҳизоти бастабандӣ ба шакли блок барои қулай расонидани маҳсулот ба харидор мебошад. Дар ин ҳолат вобаста ба талаботи харидорон дар минтақае, ки Шумо зиндагӣ мекунед ва фурӯши маҳсулоти худро ба нақша гирифтаед, то 2;4;6;8 адад бастабандӣ кардан мумкин аст. Ҳангоми фармоиш додани пакети бастабандӣ фаромӯш накунед, ки дар он сӯрохиҳои барои бо даст доштан қулай гузоред. Ин барои харидоре, ки маҳсулоти Шуморо мегирад, қулайии иловагӣ фароҳам меорад. Пакети бастабандӣ дар ҳолати тайёр ва се тарафаш пӯшида мебошад. Сипас ба он маҳсулотро бо даст гузошта, бо ёрии таҷҳизоти зерин қисми болоӣ хуб пӯшонида мешавад.

Маҳсулоти тайёр

AFEX · МАШВАРАТ
Операторҳо онлайн

Дархости зуди нарх

Ном ва рақами телефони худро гузоред — боқимондаро мутахассиси мо ҳал мекунад.

ТаҷҳизотХати истеҳсоли коғази ҳоҷатхона аз коғазпора 0.8-1 т/шабонарӯз

Маълумоти шумо ба шахсони сеюм дода намешавад

Хусусиятҳои техникӣ

Маълумот аз ҷониби истеҳсолкунанда пешниҳод шудааст; конфигуратсия метавонад вобаста ба фармоиш тағйир ёбад.

Таҷҳизоти печонидан аз ғалтаки калон ба ғалтаки хурд

14 параметр
Паҳнои коғаз (мм)
1800
Иқтидори истеҳсолӣ (дар 8 соат)
1,2 т
Диаметри маҳсулоти ниҳоӣ
F50-1800 мм (паҳно ва диаметр тағйир меёбад)
Диаметри втулкаи дохилӣ
F30-55 мм
Диаметри ғалтаки ашёи хом
Стандартӣ 1100 мм (андозаҳои дигар низ мумкин)
Втулкаи дохилии ғалтаки ашёи хом
76 мм
Суръати печонидан
150-280 м/мин
Тартиби танзим
Тавассути идоракунии компютерии PLC
Шумораи қабатҳо
3-қабата
Нишонагузории хати канда
2 корд, 150-300 мм
Системаи пневматикӣ
Компрессори 3-клапана
Истеъмоли иқтидор
5.5 кВт-15 кВт, вобаста ба суръат тағйир меёбад
Андоза
6200*2600*800 мм
Вазн
5 тонна

Таҷҳизоти буридани ғалтаки хурд

7 параметр
Дарозии буриш (мм)
Тағйирёбанда
Иқтидори корӣ (тонна/шабонарӯз)
1.5
Дарозии буриш (мм)
3750
Диаметр (мм)
1300*70*1800
Вазн (кг)
560
Бо втулка ва бе втулка
Барои ҳарду пешбинӣ шудааст
Истеъмоли иқтидор (кВт)
1.1

Комплектатсия

Ҷузъҳое, ки ба таркиби таҷҳизот дохил мешаванд. Нишондиҳандаҳои техникии ҳар яке дар бахши боло оварда шудаанд.

  • Таҷҳизоти печонидан аз ғалтаки калон ба ғалтаки хурд01

    Таҷҳизоти печонидан аз ғалтаки калон ба ғалтаки хурд

    14 параметр

    • Паҳнои коғаз (мм): 1800
    • Иқтидори истеҳсолӣ (дар 8 соат): 1,2 т
    Нишондиҳандаҳо
  • Таҷҳизоти буридани ғалтаки хурд02

    Таҷҳизоти буридани ғалтаки хурд

    7 параметр

    • Иқтидори корӣ (тонна/шабонарӯз): 1.5
    • Дарозии буриш (мм): 3750
    Нишондиҳандаҳо
  • Қисмҳои асосӣ

    6 қисм

    1. 1Қолаби силиндрии шаклдиҳандаи коғаз
    2. 2Ваннаи калон барои массаи коғазӣ
    3. 3Барабани гарми хушккунӣ
    4. 4Дастгоҳи ба ғалтак ҷамъкунандаи коғаз
    5. 5Чорчӯбаи металлии мошин
    6. 6Интиқолдиҳандаҳои пасткунандаи суръат

Расонидан ва ба кор андохтан

Аз машварат то ба кор андохтан — раванд дар чор марҳила, дар асоси шартнома.

  1. 1

    Машварат

    Эҳтиёҷоти шуморо муайян карда, конфигуратсия ва пешниҳоди тиҷоратӣ омода мекунем.

  2. 2

    Шартнома

    Мӯҳлат, тартиби пардохт ва шартҳои кафолат дар шартнома қайд карда мешаванд.

  3. 3

    Расонидан

    Таҷҳизот аз истеҳсолкунанда то иншооти шумо расонида мешавад.

  4. 4

    Насб ва омӯзиш

    Мутахассисони мо таҷҳизотро ба кор андохта, операторҳоро меомӯзонанд.

Саволҳои маъмул

Саволҳои аз ҳама бештар додашаванда оид ба расонидан, шартнома ва пайгирӣ.

Оё фармоишҳоямро онлайн пайгирӣ кардан мумкин аст?
Шумо метавонед фармоишҳоро онлайн пайгирӣ кунед. Дар Ӯзбекистон яке аз аввалинҳо механизме таҳия карда шуд, ки тавассути системаи GPS борҳоро назорат намуда, ҷойгиршавии онҳоро муайян мекунад ва вақти расиданашонро тахминан ҳисоб мекунад. Шумо ин маълумотро танҳо бо ворид кардани рақами шартнома гирифта метавонед.
Борҳо дар чанд муддат расонида мешаванд?
Мӯҳлати расонидани борҳо дар аксари ҳолатҳо ба истеҳсолкунанда вобаста аст. Расонидани аксари таҷҳизоти истеҳсолии ҳаҷман калон нисбат ба таҷҳизоти оддӣ 2-3 маротиба вақти зиёдтар талаб мекунад. Дар сурати мавҷуд будани таҷҳизоти тайёр мӯҳлати расонидан аз 30 рӯз оғоз мешавад.  Вақте, ки барои расмиятдарории гумрукии таҷҳизот дар ҳудуди Ӯзбекистон ва равандҳои сертификатсия сарф мешавад, ба ин дохил намешавад.
Кадом усулҳои расонидан мавҷуданд?
Вобаста ба навъи мол ва мӯҳлати қабули фармоиш борҳо аз хориҷа ба ҳудуди Ӯзбекистон бо усулҳои зерин расонида мешаванд: Тавассути роҳҳои ҳавоӣ Тавассути роҳи оҳан Тавассути нақлиёти заминӣ Тавассути нақлиёти омехта
Барои бастани шартнома аз ман чӣ талаб карда мешавад?
Барои мизоҷи ширкати мо шудан аз Шумо инҳо талаб карда мешаванд: ШАҲОДАТНОМАИ тасдиқкунандаи субъекти соҳибкорӣ; Реквизитҳои бонкӣ; Рақами мушаххаси андозсупоранда (СТИР); Нусхаи шиносномаи роҳбар; Мӯҳри корхона барои тасдиқи шартнома
Машварат

Лоиҳаи шуморо якҷоя муҳокима мекунем

Барои гирифтани маслиҳат оид ба интихоби таҷҳизот, ҳалли техникӣ ва пешниҳодҳо бо мо тамос гиред.

Занг занед+998 93 381 6699Дш–Шб: 9:00 – 18:00
AFEX · ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

Моро пайгирӣ кунед

Таҷҳизоти нав, ба кор андохтан ва равандҳои истеҳсолӣ — дар каналҳои расмии мо.

Таҷҳизоти монанд

Ҳамаро дидан