1 / 12Хати истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ (15000 дона дар як шабонарӯз)
Имрӯз ҳама гуна маҳсулот бастабандӣ шуда фурӯхта мешавад.
Тавсиф
Дар бораи таҷҳизот
Имрӯз ҳама гуна маҳсулот бастабандӣ шуда фурӯхта мешавад. Аз ин рӯ, халтаҳои полипропиленӣ барои масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти орд, маҳсулоти шакар ва ҳатто маҳсулоти полизӣ ҳамчун зарфи бастабандии олӣ хизмат мекунанд. Бинобар ин ширкати AFEX-GROUP тасмим гирифт, ки ин тиҷорати сердаромадро ба Шумо пешниҳод намояд. Барои истеҳсолот пеш аз ҳама инфрасохтори зарурӣ инҳоянд:
- Бино: ҷойи истеҳсолӣ на камтар аз 1300 м2;
- Манбаи барқ: ҷараёни барқи шиддаташ 380 В 50 Гц ва трансформатори иқтидораш 500 кВт·соат;
- Оби техникӣ барои хунуккунӣ;
- Қувваи корӣ: 12 нафар
- Дар бино бояд системаи вентилятсия мавҷуд бошад
МИКСЕР
Истеҳсолот пеш аз ҳама аз омехтани маҳсулот дар миксер оғоз меёбад. Ашёи хоми асосӣ PP (полипропилен) буда, ба он миқдори ками мастербатч ва дигар полимерҳо илова карда мешаванд.
ХАТИ ЭКСТРУДЕР
Экструдер яке аз қисмҳои асосии истеҳсолот ба ҳисоб меравад. Иқтидори истеҳсолии экструдер вобаста ба шумораи таҷҳизоти бофандагие, ки Шумо харидорӣ мекунед, интихоб карда мешавад. Экструдер қисмест, ки аз гранула барои бофтани халта ришта тайёр мекунад. Вобаста ба навъи халта ғафсӣ ва бари онро тағйир додан мумкин аст. Таҷҳизот бо роҳи гарм кардани полипропилен ва полиэтилени зичиаш баланд тасмаҳо (риштаҳо) истеҳсол мекунад. Ин риштаҳо баъдан ба сӯи таҷҳизоти ба ғалтак печонанда равон мешаванд. Таҷҳизот метавонад ҳамчун ашёи хом PP (полипропилен) ва PE (полиэтилен)-и 100% дубора коркардшуда, PP ва PE-и зичиаш баланд дар шакли хока ё гранула истифода барад. Шнек ва силиндри экструдер аз пӯлоди хӯлаи 38CrMoA1A сохта шудаанд. Агар таҷҳизот бо азот коркард шавад, мустаҳкамии он боз ҳам меафзояд. Роликҳои таҷҳизот бо моддаи сахти Cr (хром) рӯйпӯш шудаанд.
ҚИСМИ ПЕЧОНИДАНИ РИШТАҲО БА ҒАЛТАК
Дар ин қисм риштаҳои тайёр ба ғалтакҳои махсус печонида мешаванд. Раванди печонидан тавассути системаи компютерӣ назорат карда мешавад. Ҳаҷми ин қисм низ вобаста ба шумораи таҷҳизоти бофандагии харидашаванда интихоб карда мешавад. Ин таҷҳизот бо ёрии технологияҳои навтарин барои баланд бардоштани сарфаи энергия бо мотори 2,2/3 кВт муҷаҳҳаз шудааст. Қисмҳои таҷҳизот ба осонӣ иваз карда мешаванд, аз ин рӯ қисмҳои эҳтиётӣ камтар фарсуда мешаванд, ҳаракат устувор ва печониш баробар аст.
ТАҶҲИЗОТИ БОФТАНИ ХАЛТА
Таҷҳизоти бофандагӣ вобаста ба диаметр ва зичии маҳсулоте, ки Шумо истеҳсол мекунед, гуногун мешавад. Барои халтаҳои серистеъмол мо таҷҳизоти бофандагии моделҳои 4G ва 6G дорем. Агар Шумо нияти истеҳсоли Big bag, яъне халтаҳо барои маҳсулоти 1-тоннагиро дошта бошед, ба Шумо моделҳои 10G-12G мувофиқ меоянд. Барои тағйир додани диаметри халтаҳо Шумо бояд қолибҳоро барои силиндри махсус иловатан харидорӣ кунед. Агар бо моделҳои кӯҳна муқоиса кунем, ин таҷҳизот бартариҳои бештар ва беҳтар дорад. Масалан, принсипи кори таҷҳизот соддатар ва устувортар аст, равғани махсус лозим нест ва камтар аз 82 дБ (детсибел) садо мебарорад.
ТАҶҲИЗОТИ БУРИДАН, ДӮХТАНИ ХАЛТАҲО ВА ПРИНТЕРИ 4-РАНГА
Ин таҷҳизот аз моделҳо ва равандҳои истеҳсолии пешина пеш гузашта, суръати истеҳсоли халтаро хеле баланд бардошт. Бо даст буридани халтаҳо ва дӯхтани қисми поёни онҳо раванде мебошад, ки қувваи корӣ ва меҳнати зиёдро талаб мекунад. Бинобар ин ин қисмро ба таҷҳизоти автоматӣ супоридан мувофиқи мақсад аст. Хусусиятҳои таҷҳизот 1) Азбаски таҷҳизот пурра автоматикунонида шудааст, як коргар метавонад ҳамаи равандҳои таҷҳизотро идора кунад. 2) Азбаски тамоми таҷҳизот аз оҳани Q235 сохта шудааст, зудтар ва устувор кор мекунад. 3) Дар худи як таҷҳизот ҳам бурандаи гарм ва ҳам бурандаи хунукро насб кардан мумкин аст. Барои иваз кардани кордҳои буранда пахш кардани танҳо як тугма кифоя аст. 4)Бо шарофати мавҷудияти функсияи ҷаббидани дуд ба муҳити зист зарари камтар расонида мешавад. 5) Сиёҳ ба принтер ба таври худкор рехта мешавад. 6)Системаи хушккунии дуқабата мавҷуд аст. Ин ба зудтар хушк шудани халтаҳо мусоидат мекунад.
ГРАНУЛЯТОРИ КОРКАРДИ ДУБОРАИ ХАЛТАҲОИ БЕКОРА
Хоҳем ё нахоҳем, мисли ҳар кор, дар тиҷорати истеҳсоли халта низ баъзан халтаҳои партов пайдо мешаванд. Бинобар ин баъзе халтаҳоеро, ки ба стандарт ҷавоб намедиҳанд, ба гранула табдил дода, барои аз нав истеҳсол кардани ришта ва халтаҳои нав истифода бурдан мувофиқи мақсад аст.
ТАҶҲИЗОТИ ПРЕССКУНИИ ГИДРАВЛИКИИ ХАЛТАҲОИ ТАЙЁР
Барои ба ҳадди ақал расонидани хароҷоти нақлиёт ҳангоми расонидани халтаҳои тайёр ба мизоҷ, онҳо бо қувваи 60 т пресс карда мешаванд. Ин раванди бастабандӣ кори нисбатан содда буда, кадрҳои махсуси баландихтисосро талаб намекунад.
Марҳилаҳои истеҳсоли халта аз ҳамин қисмҳо иборат буданд. Агар ба Шумо маълумот дар бораи навъҳои калонтар ё хурдтар аз ин ҳаҷми истеҳсолот лозим бошад, метавонед ба офисҳои мо муроҷиат намоед.Дархости зуди нарх
Ном ва рақами телефони худро гузоред — боқимондаро мутахассиси мо ҳал мекунад.
Маълумоти шумо ба шахсони сеюм дода намешавад
Комплектатсия
Ҷузъҳое, ки ба таркиби таҷҳизот дохил мешаванд. Нишондиҳандаҳои техникии ҳар яке дар бахши боло оварда шудаанд.
Рӯйхати таҷҳизоти таркиби хат
7 қисм
- 1Миксер 1 м3
- 2Хати экструдер
- 3Таҷҳизоти печонидани риштаҳо ба ғалтак
- 4Таҷҳизоти бофтани халта - 6 дона
- 5Таҷҳизоти буридан, дӯхтани халтаҳо ва принтери 4-ранга
- 6Гранулятори коркарди дубораи халтаҳои бекора
- 7Таҷҳизоти пресскунии гидравликии халтаҳои тайёр
Видео
Раванди кори таҷҳизот.
Расонидан ва ба кор андохтан
Аз машварат то ба кор андохтан — раванд дар чор марҳила, дар асоси шартнома.

Машварат
Эҳтиёҷоти шуморо муайян карда, конфигуратсия ва пешниҳоди тиҷоратӣ омода мекунем.

Шартнома
Мӯҳлат, тартиби пардохт ва шартҳои кафолат дар шартнома қайд карда мешаванд.

Расонидан
Таҷҳизот аз истеҳсолкунанда то иншооти шумо расонида мешавад.

Насб ва омӯзиш
Мутахассисони мо таҷҳизотро ба кор андохта, операторҳоро меомӯзонанд.
Саволҳои маъмул
Саволҳои аз ҳама бештар додашаванда оид ба расонидан, шартнома ва пайгирӣ.
Оё фармоишҳоямро онлайн пайгирӣ кардан мумкин аст?
Борҳо дар чанд муддат расонида мешаванд?
Кадом усулҳои расонидан мавҷуданд?
Барои бастани шартнома аз ман чӣ талаб карда мешавад?
Лоиҳаи шуморо якҷоя муҳокима мекунем
Барои гирифтани маслиҳат оид ба интихоби таҷҳизот, ҳалли техникӣ ва пешниҳодҳо бо мо тамос гиред.
Моро пайгирӣ кунед
Таҷҳизоти нав, ба кор андохтан ва равандҳои истеҳсолӣ — дар каналҳои расмии мо.
Таҷҳизоти монанд
Дар анбор мавҷудХати ихчами истеҳсоли хӯроки паррандагон (8-12 т/шабонарӯз)

Хати истеҳсоли шарбати ангур

YFX-200 таҷҳизоти майдакунии пластик

Хати истеҳсоли ваннаҳои акрилӣ

Таҷҳизоти навъбандии шишаҳо ва сарпӯшҳои онҳо

Таҷҳизоти навъбандии лазерии партовҳои пластикӣ

Хати истеҳсоли бонкаҳои PET
