# Хати истеҳсоли кетчуп (аз 3 т ашёи хом дар як рӯз) AF-L024
> Вақте ки яхдонро мекушоем, маҳсулоте, ки аввал ба чашм мерасад — кетчуп аст.
Каталог: Озуқаворӣ
SKU: 60b1e7da0bd70c142767ab21
Навсозӣ шуд: 2026-07-15

Вақте ки яхдонро мекушоем, маҳсулоте, ки аввал ба чашм мерасад — кетчуп аст. Дуруст ҳам, зеро онро бо ҳар гуна таом истеъмол кардан мумкин аст. Қариб ҳамаи таомҳои муосир бо илова кардани кетчуп тайёр карда мешаванд ё бо кетчуп истеъмол мешаванд. Махсусан нуқтаҳои Fast Food истифодаи ин иловаи универсалиро хеле дӯст медоранд, дар вақтҳои охир ибораи аз ҳама бештар истифодашавандаи мизоҷон низ: "кетчуп ҳам илова карда диҳед" мебошад. Аз ин рӯ ҳеҷ кас инкор намекунад, ки ин маҳсулот дар байни истеъмолкунандагон то чӣ андоза машҳур аст. Ширкати "AFEX-Group" бошад, мисли ҳамеша тарафдори шукуфоии тиҷорати Шумо — соҳибкорони азиз аст ва аз ин рӯ ба Шумо ин маҳсулоти серталаб, яъне ХАТИ ИСТЕҲСОЛИ КЕТЧУПро пешниҳод мекунад.

## Нишондиҳандаҳои асосӣ

- **Шиддат:** 380 В
- **Иқтидори истеъмолӣ:** 0.75 кВт
- **Диаметри осиёб:** 80 мм
- **Диаметри берунӣ:** 25 мм
- **Диаметри даромад:** 48 мм
- **Диаметр:** F900 мм

## Хусусиятҳои техникӣ

### Конвейер

| | |
|---|---|
| Мавод | SUS 304 |
| Шиддат | 380 В |
| Иқтидори истеъмолӣ | 0.75 кВт |

### Таҷҳизоти тозакунӣ бо озон

| | |
|---|---|
| Шиддат | 380В |
| Иқтидори истеъмолӣ | 5.2 кВт |
| Ҳаҷми кор | 1000-1500 кг/соат |
| Вазн | 400 кг |
| Андоза | 3300*1160*1290 мм |

### Таҷҳизоти тозакунӣ

| | |
|---|---|
| Шиддат | 380В |
| Иқтидор | 0,75 кВт |
| Ҳаҷми кор | 500-1500 кг/соат |
| Андоза | 2000*720*890 мм |

### Конвейер2

| | |
|---|---|
| Мавод | SUS304 |
| Шиддат | 380В |
| Иқтидори истеъмолӣ | 1.1 кВт |
| Вазифа | Расонидани помидорҳои тозашуда ба миксер |

### Таҷҳизоти ҷудо кардани тухми сабзавот

| | |
|---|---|
| Ҳаҷми кор | 300 кг/соат |
| Мавод | Металли зангногир SS304L |

### Таҷҳизоти коллоидии амудии майдакунанда

| | |
|---|---|
| Иқтидор | 4 кВт |
| Ғафсии коркард | 2-44 микрон |
| Диаметри осиёб | 80 мм |
| Қубурчаи хунуккунӣ | 12 мм |
| Диаметри берунӣ | 25 мм |
| Диаметри даромад | 48 мм |
| Суръати муҳаррик | 2900 гардиш/дақ |

### Гомогенизатор

| | |
|---|---|
| Ҳаҷми кор | 500 л |
| Навъи гармкунӣ | Ҷараёни барқ |
| Сарпӯши бардоштании 3-қабата | Мавҷуд |
| Усули омехтакунӣ/майдакунӣ | Миксери статсионарӣ+миксери паҳлӯии дохилӣ+кордҳои PTFE (4 кВт) |
| Суръати омехтакунӣ (тағйирёбанда) | 0-3000 гардиш/дақ |
| Иқтидор | 7,5 кВт |
| Панели идоракунӣ | Идоракунии тугмачадор, намногузар |
| Шиддат | 380 В/60 Гц |
| Танзими ҳарорат | Ҳароратсанҷи рақамӣ (<140°C) |

### Баки махсуси нигоҳдорӣ

| | |
|---|---|
| Ҳаҷми кор | 500 л |
| Ғафсӣ | 4 мм |
| Диаметр | F900 мм |
| Сарпӯши герметикии болоӣ | Мавҷуд |

### Насоси роторӣ (бо интиқол)

| | |
|---|---|
| Иқтидор | 4 кВт |
| Андозаи пайвастшавӣ | F51x1.5 |
| Часпакӣ | 1-2000000 сП |
| Сарфи истеъмол (л/соат) | 3000-5000 |

### Таҷҳизоти уфуқии рехтан

| | |
|---|---|
| Ҳаҷми пуркунӣ | 100-1000 мл |
| Суръати рехтан | 20-30 дона/дақ |
| Фишори корӣ | 0,2-0,5 МПа |
| Сарфи газ | 0,05 метри мукааб/дақ |
| Усули идоракунӣ | Педали пневматикии пуркунӣ |
| Вазни умумӣ | 45 кг |

### Таҷҳизоти пӯшонидани сарпӯш

| | |
|---|---|
| Суръати пӯшонидани сарпӯш | 25-35 дона/дақ |
| Баландии баста | 50-300 мм |
| Диаметри сарпӯш | 20-50 мм |
| Фишори ҳаво | 0,4-0,6 МПа |
| Иқтидори максималӣ | 300 В |
| Шиддат | 220 В/50/60 Гц |
| Вазн | 65 кг |

## Тавсиф

Раванди истеҳсол аз 3 марҳила иборат буда, инҳоро дар бар мегирад:

### I . МАРҲИЛАИ ТОЗАКУНӢ ВА ҶУДОКУНИИ ПОМИДОРҲО

Ин таҷҳизоти бардоранда вазифаи расонидани сабзавот ва меваҳоро ба таҷҳизоти зарурӣ иҷро мекунад ва ҳамчун иловаи таҷҳизоти дигари асосӣ истифода мешавад. Ба сарфаи қувваи корӣ ва вақт ёрӣ мерасонад.

Дар таркиби бисёр меваҳо ва сабзавот (асосан дар пӯсти онҳо) моддаҳои барои организм зараровар, аз қабили пеститсид ва нитрат мавҷуданд. Ҳангоми бо оби оддӣ шустани сабзавот танҳо 10-30%-и онҳо тоза мешавад. Таҷҳизоти озонкунӣ бошад меваҳо ва сабзавотро (албатта, помидорҳоро низ) аз ҳамаи моддаҳои зараровар ва микробҳо пурра тоза мекунад ва ба муддати дарозтар нигоҳ доштани маҳсулот хизмат мекунад. Ин таҷҳизотро барои нигоҳдории меваю сабзавот низ истифода бурдан мумкин аст.

Ин конвейер барои интиқоли помидорҳои тозашуда ба таҷҳизоти навбатӣ истифода мешавад.

### II. МАРҲИЛАИ ТАЙЁР КАРДАНИ КЕТЧУП

Дар ин таҷҳизот помидорҳои нимтайёри майдашуда бо ёрии гармкунии барқӣ аз раванди гомогенизатсия мегузаранд, яъне то ба массаи якхела расидан омехта карда мешаванд. Бо як калима инро "миксери азим" номидан ҳам мумкин аст. Маҳсулот бо суръати баланд тавассути майдакунии сентрифугавӣ баробар паҳн ва омехта мешавад. Дар натиҷаи гардиши дутарафа, дохилӣ ва берунӣ кетчупи ҳамвор ва якхелаи бе ягон кафки майда тайёр мешавад.

Ин зарфи герметикӣ, яъне ҳавонагузар аз металли зангногир сохта шуда, барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр истифода мешавад. Ба шарофати хусусияти пурраи герметикӣ ба маҳсулоти нигоҳдошташаванда нарасидани ягон моддаи берунаро таъмин мекунад ва моеъ тоза нигоҳ дошта мешавад. Зарф дар асоси тарҳи махсуси илмӣ сохта шуда, таҳшинҳои зери моеъро нигоҳ медорад ва ба боло намебарорад. Ин сифати маҳсулоти Шуморо боз ҳам баланд мебардорад.

### III. МАРҲИЛАИ БАСТАБАНДӢ

Таҷҳизот барои рехтани маҳсулоти моеъ пешбинӣ шудааст. Имконияти тағйир додани ҳаҷм ва суръати рехтан мавҷуд аст.

### ТАҶҲИЗОТИ НИМАВТОМАТИИ БАРЧАСПЗАНӢ

### Вақтро аз даст надиҳед, дар ин ҷо метавонад маҳсулоти Шумо бошад.

Тегҳо: аз чин, истеҳсол, Кетчуп, чин

**Нарх:** Расонидан, насб, кафолат — нархро дархост кунед.

---
Саҳифа (HTML): https://afex.uz/tj/product/khati-istehsoli-ketchup-az-3-t-ashyoi-khom-dar-yak-ruz-af-l024/
tg · [uz](https://afex.uz/product/ketchup-ishlab-chiqarish-liniyasi-kuniga-3t-xomashyodan-af-l024.md) · [ru](https://afex.uz/ru/product/liniya-proizvodstva-ketchupa-ot-3t-syrya-v-sutki-af-l024.md) · [en](https://afex.uz/en/product/ketchup-production-line-from-3t-of-raw-materials-per-day-af-l024.md) · [kk](https://afex.uz/kz/product/ketchup-ondiru-jelisi-tauligine-3-t-shikizattan-af-l024.md) · [zh-CN](https://afex.uz/cn/product/fanqie-jiang-shengchan-xian-ri-chuli-yuanliao-3-dun-af-l024.md)
