# Хати истеҳсоли ҷӯроб AF-L003
> Бо сабаби дархостҳо ва таваҷҷуҳи зиёд қарор додем, ки хати истеҳсоли ҷӯробро ба Шумо пешниҳод намоем.
Каталог: Саноати сабук › Таҷҳизоти ҷуроббофӣ
SKU: AF-L003
Навсозӣ шуд: 2026-07-14

Бо сабаби дархостҳо ва таваҷҷуҳи зиёд қарор додем, ки хати истеҳсоли ҷӯробро ба Шумо пешниҳод намоем. Дар поён пешниҳод мекунем, ки чаро маҳз ба таҷҳизоти ҷӯроббофӣ талабот зиёд аст, таваҷҷуҳ ба он ва вариантҳои гуногуни таҷҳизот. «Зимистон бошад ё тобистон, муҳим он аст, ки кор бошад» — соҳибкорон беҳуда намегӯянд. Хати истеҳсоли ҷӯроб ягон фасл (мавсим) интихоб намекунад, зеро ҷӯробро ҳам дар зимистон ва ҳам дар тобистон мепӯшанд! Кофист, ки ба бозор ворид шавед, тиҷорати Шумо албатта рушд мекунад. «Сабаби харидоргир будани ҷӯроб дар чист?!» — шояд фикр кунед, барои ин бисёр сар гаронӣ кардан лозим нест. Мувофиқи натиҷаҳои омор, ҳоло таваллуд нисбат ба фавти одамон бештар мушоҳида мешавад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки аз кӯдаки навзод то одамони 80-90-сола ба ҷӯроб ниёз доранд. Аз ин рӯ талабот ба ҷӯроб дар бозор рӯз аз рӯз меафзояд, албатта талабот ба сифат аз ин ҳам баландтар аст. Шояд мушоҳида карда бошед, ки дар бозор ҷӯробҳои бесифат зиёданд?! Мо кафолат медиҳем, ки бо ёрии се навъи таҷҳизот ва хати умумии мо Шумо метавонед маҳсулоти аз беҳтарин ҷӯробҳои бозор ҳам босифаттарро пешниҳод кунед. Агар гӯям, ки шояд таҷҳизоти мо, ки мехоҳем ба Шумо нишон диҳем, ба Шумо писанд ояд, муболиға нахоҳад буд. Пулро кӣ дӯст намедорад?! Агар хоҳед, мо метавонем Шуморо бо ҷойҳои фурӯши яклухти ашёи хом ва мутахассисон/технологҳои баландихтисос шинос кунем. Барои ин бо мо тамос гирифта ё ба офиси мо ташриф оварда, аз хизмати машваратии мо истифода баред. Мо тарафдори рушди тиҷорати Шумо ҳастем.

## Тавсиф

Таҷҳизоти истеҳсоли ҷӯроби модели RB-6FTP

Таҷҳизоти истеҳсоли ҷӯроби модели FS-6FTP

Таҷҳизоти истеҳсоли ҷӯроби модели FX-7FTP (таҷҳизоти насли 7)

Инҳо бошад мосламаҳое мебошанд, ки барои кори таҷҳизоти дар боло зикршуда заруранд.

Мосламаҳои кашидани ҳаво

Таҷҳизоти оверлок

Компрессори ҳаво

Таҷҳизоти дарзмолкунӣ

Хати ҷӯроби "Midi"

Хати Midi ба ду қисм тақсим мешавад:

Дар маҷмӯи якум таҷҳизоти дорои хусусиятҳои ҳадди ақал ҷамъ оварда шудааст ва нархи умумии он 4 350$-ро ташкил медиҳад. Фарқи он аз варианти дуюм дар модели RB-6FTP-и таҷҳизоти ҷӯроббофӣ ва дарзмоли дастсохт аст.

Маҷмӯи дуюм бошад бо таҷҳизоти ҷӯроббофии насли ҳафтуми FX-7FTP ва дарзмоли аз заводи Чин овардашуда аз маҷмӯи якум фарқ мекунад. Нархи умумии маҷмӯи дуюм 6 550$-ро ташкил медиҳад.

Хати "Pro" ба ду қисм тақсим мешавад.

Маҷмӯи дуюм бошад аз 5 адад таҷҳизоти бофандагии маркаи FX-7FTP ва таҷҳизоти дорои хусусиятҳои ҳадди аксар иборат аст. Нархи умумии он 33 350$-ро ташкил медиҳад.

Диққат! Нархҳои дар боло овардашуда мувофиқи нархҳои санаи 01.11.2018 нишон дода шудаанд ва онҳо метавонанд тағйир ёбанд.

Харидорон таҷҳизоти худро аз анбори "Afex-Group" LLC дар Тошкент қабул мекунанд ва ширкати мо расонидани ройгони таҷҳизот ва ашёи хоми Шуморо ба ҳар минтақаи Ӯзбекистон ба ӯҳда мегирад.

(Хароҷоти насбро харидор алоҳида пардохт мекунад)

## Видео

- https://www.youtube.com/watch?v=YgquJA1KGPk

Тегҳо: аз чин, истеҳсол, чин, ҷӯроб

**Нарх:** Расонидан, насб, кафолат — нархро дархост кунед.

---
Саҳифа (HTML): https://afex.uz/tj/product/khati-istehsoli-jurob-af-l003/
tg · [en](https://afex.uz/en/product/socks-production-line-af-l003.md) · [uz](https://afex.uz/product/paypoq-ishlab-chiqarish-liniyasi-af-l003.md) · [zh-CN](https://afex.uz/cn/product/wazi-shengchan-xian-af-l003.md) · [ru](https://afex.uz/ru/product/liniya-po-proizvodstvu-noskov-af-l003.md) · [kk](https://afex.uz/kz/product/shulyq-ondiru-jelisi-af-l003.md)
