1 / 10Хати истеҳсоли исфанҷҳои ошхона
Барои ҳар як хонадон навъҳои муайяни маҳсулоти доимӣ лозим мешаванд.
Тавсиф
Дар бораи таҷҳизот
Барои ҳар як хонадон навъҳои муайяни маҳсулоти доимӣ лозим мешаванд. Бо истеҳсоли онҳо, пеш аз ҳама, бо расонидани маҳсулоти баландсифат бори мардуми моро сабук мекунед ва барои худ даромади хуб ба даст оварда метавонед. Биёед, суханро дароз накарда, ба додани маълумоти муфассал дар бораи ин хати истеҳсолӣ гузарем.
Маълумоти умумӣ:
Ба маҷмӯи таҷҳизоти барои мо зарурӣ инҳо дохил мешаванд:- Таҷҳизоти часпонанда
- Таҷҳизоти пресс
- Таҷҳизоти буриши амудӣ
- Таҷҳизоти гидравликии буриш бо қолиб (ихтиёрӣ)
- Таҷҳизоти буридани қисмҳои канорӣ
- Қисми исфанҷӣ (зард) ва қисми тозакунанда (сабз)
- Ширеши махсуси PU
Дар марҳилаи аввал ду қисм бо ёрии ширеши PU ба ҳамдигар часпонда мешаванд
Барои иҷрои ин марҳила ба мо яке аз калонтарин таҷҳизоти хати истеҳсолӣ — таҷҳизоти часпонанда лозим мешавад.
Ба қисми ибтидоии таҷҳизот (дар расм дар тарафи рост) ду қисми алоҳидаро бо рехтани ширеш дар байни онҳо ворид мекунем. Пас аз гузаштан аз байни ду ғалтак, он ба ғалтаки калон мегузарад. Дар ин ҷо зери фишори баланд ва таъсири гармӣ ду қисми алоҳида бо сифат пайваст карда мешаванд. Дар ин раванд аз ҳам ҷудо нашудан ва лағжида нарафтани қисмҳо аҳамияти калон дорад.
Бо параметрҳои техникии таҷҳизот тавассути ҷадвали зерин шинос шуда метавонед.
Дар марҳилаи дуюм қисмҳои часпонидашуда пресс карда мешаванд
Ҳадафи асосии ин кор танҳо ва танҳо баланд бардоштани сифати маҳсулоти мост. Бо пресс кардани онҳо бо ин таҷҳизот дар давоми вақти муайян ширеш боз ҳам мустаҳкамтар ҷойгир мешавад ва сифати маҳсулот меафзояд. Дар поён расми ин таҷҳизоти пресси мо оварда шудааст.
Биёед бо хусусиятҳои техникии таҷҳизот шинос шавем
Дар марҳилаи сеюм исфанҷҳо бурида мешаванд
Фикр мекунем, ки шарҳ додани ин марҳила ҳеҷ зарурат надорад. Ба мо танҳо як дона таҷҳизоти буранда кифоя аст.
Дар марҳилаи чорум бо ёрии қолибҳо шакл дода мешавад (ихтиёрӣ)
Бо мақсади зиёд кардани ҳаҷми фурӯш ва гуногунии маҳсулот исфанҷҳоро бо қолибҳои шаклашон гуногун коркард кардан мумкин аст. Барои ин кордҳои шаклҳои гуногун лозим мешаванд.
Дар марҳилаи охирин паҳлӯи исфанҷ бурида мешавад
Яке аз бартариҳои асосии ин раванд он аст, ки дар даст гирифтани исфанҷро осон мекунад. Ин раванд бо ёрии гармӣ анҷом дода мешавад.
Ҳамин тавр, ҳамаи равандҳо ба охир расиданд. Танҳо бастабандии онҳо боқӣ монд. Бо истеҳсолкунандагони маҳаллӣ дар бораи пакетчаҳои селлофанӣ созиш мекунед ва исфанҷҳоро ба пакетчаҳо меандозед. Акнун онҳо барои фурӯш тайёранд.
Акнун биёед ба ҳисобу китоб гузарем.
Нархҳои умумии таҷҳизотро дар ҷадвали зерин дида метавонед. Ба ин нарх хизматрасонии насб ва расонидани таҷҳизот дохил намешавад.
Дархости зуди нарх
Ном ва рақами телефони худро гузоред — боқимондаро мутахассиси мо ҳал мекунад.
Маълумоти шумо ба шахсони сеюм дода намешавад
Расонидан ва ба кор андохтан
Аз машварат то ба кор андохтан — раванд дар чор марҳила, дар асоси шартнома.

Машварат
Эҳтиёҷоти шуморо муайян карда, конфигуратсия ва пешниҳоди тиҷоратӣ омода мекунем.

Шартнома
Мӯҳлат, тартиби пардохт ва шартҳои кафолат дар шартнома қайд карда мешаванд.

Расонидан
Таҷҳизот аз истеҳсолкунанда то иншооти шумо расонида мешавад.

Насб ва омӯзиш
Мутахассисони мо таҷҳизотро ба кор андохта, операторҳоро меомӯзонанд.
Саволҳои маъмул
Саволҳои аз ҳама бештар додашаванда оид ба расонидан, шартнома ва пайгирӣ.
Оё фармоишҳоямро онлайн пайгирӣ кардан мумкин аст?
Борҳо дар чанд муддат расонида мешаванд?
Кадом усулҳои расонидан мавҷуданд?
Барои бастани шартнома аз ман чӣ талаб карда мешавад?
Лоиҳаи шуморо якҷоя муҳокима мекунем
Барои гирифтани маслиҳат оид ба интихоби таҷҳизот, ҳалли техникӣ ва пешниҳодҳо бо мо тамос гиред.
Моро пайгирӣ кунед
Таҷҳизоти нав, ба кор андохтан ва равандҳои истеҳсолӣ — дар каналҳои расмии мо.
Таҷҳизоти монанд

Хати истеҳсоли поролон (лифа)

Хати истеҳсоли антифриз

Хати истеҳсоли шарбати ангур

Хати истеҳсоли ваннаҳои акрилӣ

Хати истеҳсоли крекер аз крахмали картошка

Хати ягонаи тозакунӣ ва хушкунии сабзавот AF-500T

Хати истеҳсоли хокаи ҷомашӯӣ
Дар анбор мавҷуд