# Хати истеҳсоли ҳасиб ва сосиска
> Маълум аст, ки маҳсулоти ҳасиб ва сосиска ҳамеша бо завқ истеъмол карда мешаванд.
Каталог: Озуқаворӣ
SKU: 60dc58a60bd70c486e3781a6
Навсозӣ шуд: 2026-07-15

Маълум аст, ки маҳсулоти ҳасиб ва сосиска ҳамеша бо завқ истеъмол карда мешаванд. Онҳоро қариб дар дастархони ҳар як оила вохӯрдан мумкин аст. Ҳам серғизо, ҳам болаззат! Ба "пухту сӯз"-и зиёдатӣ ҳам ҳоҷат нест! Талабот ба ин маҳсулот ҳеҷ гоҳ кам намешавад. Ин маънои онро дорад, ки маҳсулоти ҳасиб ва сосискаро бемалол ва бе тарс истеҳсол кардан мумкин аст. Чунин имкониятро ба Шумо ширкати "AFEX Group" медиҳад.Аз ин рӯ, бо назардошти талаботи истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагон мо қарор додем, ки ин тиҷоратро, яъне ХАТИ ИСТЕҲСОЛИ ҲАСИБ ВА СОСИСКАРО ба Шумо пешниҳод кунем. Боз як чизро фаромӯш накунед! Дар таҷҳизоти мо ҳасибҳо аз гӯшт истеҳсол карда мешаванд.

## Нишондиҳандаҳои асосӣ

- **Андозаҳои берунӣ:** 950\*550\*900 мм
- **Вазн:** 190 кг
- **Ҳаҷми кор (кг):** 300-500 кг/соат
- **Иқтидори умумӣ:** 5.5 кВт
- **Диаметри пуркунии ҳасиб (сосиска):** 10-48 мм
- **Диаметри ҳасиб (сосиска):** 9-40 мм

## Хусусиятҳои техникӣ

### Таҷҳизоти майда кардани гӯшт

| | |
|---|---|
| Ҳаҷми кор (кг) | 300-500 кг/соат |
| Иқтидори умумӣ | 5.5 кВт |
| Андозаҳои берунӣ | 950*550*900 мм |
| Вазн | 190 кг |

### Таҷҳизоти қиймакунӣ

| | |
|---|---|
| Ҳаҷми кор (кг) | 30 кг/дар як вақт |
| Иқтидори умумӣ | 4 кВт |
| Шумораи қиймакунакҳо | 3 дона |
| Андозаҳои берунӣ | 1100*830*1080 мм |
| Вазн | 300 кг |

### Таҷҳизоти омехтакунӣ

| | |
|---|---|
| Ҳаҷми кор (кг) | 100 кг/дар як вақт |
| Иқтидори умумӣ | 2.2 кВт |
| Андозаҳои берунӣ | 940*700*1160 мм |
| Вазн | 200 кг |

### Таҷҳизоти дутарафаи пур кардани ҳасиб

| | |
|---|---|
| Ғунҷоиши бункер | 30 л |
| Иқтидори умумӣ | 2.2 кВт |
| Диаметри пуркунии ҳасиб (сосиска) | 10-48 мм |
| Андозаҳои берунӣ | 1150*700*1680 мм |
| Ҳаҷми кор (кг) | 200-300 кг/соат |

### Таҷҳизоти бастани ҳасиб (сосиска)

| | |
|---|---|
| Ҳаҷми кор (кг) | 10-100 даста/дар як вақт |
| Иқтидори умумӣ | 1 кВт |
| Диаметри ҳасиб (сосиска) | 9-40 мм |
| Андозаҳои берунӣ | 1080*520*980 мм |

### Таҷҳизоти автоматии дуддиҳӣ

| | |
|---|---|
| Ҳаҷми кор (кг) | 100 кг/дар як вақт |
| Иқтидори умумӣ | 5 кВт |
| Андозаҳои берунӣ | 1200*1120*2000 мм |
| Вазн | 400 кг |

## Тавсиф

Акнун дар бораи хат маълумоти муфассалтар медиҳем. Хати истеҳсоли ҳасиб аз марҳилаҳо ва таҷҳизоти зерин иборат аст:

Дар ин таҷҳизот гӯшти майдашуда аз нав қийма карда мешавад. Азбаски танҳо майда кардани гӯшт кофӣ нест, дар ин марҳила гӯшт боз қийма шуда, ба ҳолати омехтаи хеле майда меояд.

Медонем, ки маҳсулоти ҳасибӣ танҳо аз гӯшт тайёр карда намешаванд. Ба он ҳамчун илова маҳсулоти ёрирасон, аз қабили тухм, маҳсулоти ширӣ ва ҳанутҳо илова карда мешаванд. Дар ин таҷҳизот ҳамаи онҳо омехта шуда, ба массаи якхела оварда мешаванд.

Омехтаи тайёршуда тавассути бункер ба пӯсти ҳасиб пур карда мешавад. Дар ин ҷо ба мо таҷҳизоти пуркунии дар боло зикршуда ёрӣ мерасонад.

Маҳсулоти қариб тайёри ҳасиб ва сосиска тавассути таҷҳизоти бастан бо риштаҳои махсус баста мешаванд.

6. ТАҶҲИЗОТИ АВТОМАТИИ ДУДДИҲӢ

Ва ниҳоят, дар марҳилаи охирин маҳсулоти тайёр ба таҷҳизоти дуддиҳӣ гузошта мешаванд ва дар он ҷо бо додани дуд дуддода мешаванд. Дуддиҳӣ яке аз равандҳои муҳим буда, дар ин раванд микроорганизмҳое, ки метавонанд дар таркиби маҳсулот бошанд, нобуд карда мешаванд ва ба нигоҳдории дарозтари маҳсулоти дуддодашуда мусоидат мекунад.

## Видео

- https://youtu.be/zMawvolpV4A

Тегҳо: аз чин, истеҳсол, озуқаворӣ, ҳасиб, чин

**Нарх:** Расонидан, насб, кафолат — нархро дархост кунед.

---
Саҳифа (HTML): https://afex.uz/tj/product/khati-istehsoli-hasib-va-sosiska/
tg · [ru](https://afex.uz/ru/product/liniya-po-proizvodstvu-kolbas-i-kolbasnykh-izdeliyaf-l027.md) · [uz](https://afex.uz/product/kalbasa-va-sosiskalar-ishlab-chiqarish-liniyasi-af-l027.md) · [en](https://afex.uz/en/product/sausage-and-sausage-production-line.md) · [kk](https://afex.uz/kz/product/shujyq-pen-sosiska-ondiru-jelisi.md) · [zh-CN](https://afex.uz/cn/product/xiangchang-ji-regou-chang-shengchan-xian.md)
