# Хати истеҳсоли дарҳои MDF AF-L012
> Пештар мо аз корҳои устоҳои ҳунарманд дар ҳайрат мемондем, имрӯз бошад ҳунармандони мо барои сабук кардани меҳнати худ ва баланд бардоштани…
Каталог: Коркарди чӯб
SKU: AF-L012
Навсозӣ шуд: 2026-07-14

Пештар мо аз корҳои устоҳои ҳунарманд дар ҳайрат мемондем, имрӯз бошад ҳунармандони мо барои сабук кардани меҳнати худ ва баланд бардоштани сифати он ба технологияҳои муосир рӯ меоранд. Таҷҳизоти муосир кафолат медиҳад, ки кори Шумо босифат, бехато ва дар мӯҳлаташ иҷро шавад. Идора кардани ин таҷҳизот, ки дар назари аввал мураккаб менамояд, чандон душвор нест. Таҷҳизоти мо системаи идоракунии компютерӣ дорад ва мо Шуморо бо малакаҳои ибтидоӣ шинос мекунем. Ҷойи дарҳои чӯбиро рӯз то рӯз дарҳои аз профили алюминий ва MDF сохташуда ишғол мекунанд. Дар чунин шароит Шумо низ имконият доред, ки бо ба роҳ мондани ин тиҷорат даромади хуб ба даст оред. Панелҳои MDF дар шакли тайёр фурӯхта мешаванд, онҳоро бо андозаи зарурӣ бурида, ба онҳо нақши ба мизоҷ писанд тушонида мешавад, бо ёрии пресси гарм қабатҳо ба ҳамдигар мустаҳкам карда мешаванд, маҳсулот лок зада мешавад ва дар марҳилаи охир барои насби қулф сӯрохиҳо кушода мешаванд. Гарчанде раванди истеҳсол дар назари аввал содда менамояд, истеҳсоли маҳсулоти хуб аз Шумо қобилияти хуби тарроҳӣ ва дилсӯзиро талаб мекунад. Бо ёрии таҷҳизоте, ки мо пешниҳод мекунем, Шумо метавонед сохтани мебели на он қадар мураккабро низ ба роҳ монед.

## Нишондиҳандаҳои асосӣ

- **Модел:** AFX-MJ6132YII
- **Диаметри диски арра:** 305 мм
- **Андозаи умумӣ:** 3200x3150x900 мм
- **Андозаи миз:** 3200x375 мм
- **Суръати диски арра:** 4000/6000 гардиш/дақ
- **Суръати теғи асосӣ:** 8000 гардиш/дақ

## Хусусиятҳои техникӣ

### Таҷҳизоти буриши дуарра

| | |
|---|---|
| Модел | AFX-MJ6132YII |
| Андозаи умумӣ | 3200x3150x900 мм |
| Андозаи миз | 3200x375 мм |
| Бари буриш байни теғ ва девора | 1250 мм |
| Баландии буриш | 80 мм (дар 45° ҳадди аксар 55 мм) |
| Диаметри диски арра | 305 мм |
| Суръати диски арра | 4000/6000 гардиш/дақ |
| Суръати теғи асосӣ | 8000 гардиш/дақ |
| Иқтидор | 5.5 кВт |
| Вазн | 850/950 кг |

### Таҷҳизоти Rover барои кандакории нақш

| | |
|---|---|
| Модел | AF-1325CNC |
| Панели идоракунӣ | Панели алоҳида |
| Андозаи майдони корӣ | 1300x2500x220 мм |
| Навъи муҳаррик | Шпиндел 3 кВт·соат |
| Системаи хунуккунӣ | Хунуккунӣ бо об |
| Навъи драйвер | Leadshine 882 |
| Трансмиссия | X,Y,Z |
| Инвертор | 3,7 кВт |
| Андоза | 3150x2120x1950 |
| Вазн | 1000 кг |
| Барномаи корӣ | Type#ARTcam/Ucancam |

### Пресси гидравликии сатҳаш гарм (100 т)

| | |
|---|---|
| Модел | HPM 214*6 |
| Қувваи пресс | 1000 кН/100 т |
| Шумораи қабатҳо | 1 қабат |
| Ҳарорати максималӣ | 120°C |
| Системаи гармкунӣ | Гармкунии барқӣ (бо равғани термикӣ) |
| Сарфи умумии иқтидор | 28,5 кВт·соат |
| Шиддат | 380 В 50 Гц |
| Мизи корӣ (бо рӯйпӯши Mylar) | 2500x1300x42 мм |
| Андоза | 3600x1710x2080 мм |
| Вазн | 7600 кг |

### Дастгоҳи макиши чанг ва тарошаҳо

| | |
|---|---|
| Модел | M9020 |
| Қувваи макиш | 3150 м3/соат |
| Суръати ҷараёни ҳаво | 35-40 м/с |
| Суръати муҳаррик | 2900 гардиш/дақ |
| Сарфи умумии иқтидор | 3 кВт·соат |
| Шиддат | 380 В 50 Гц |
| Андозаи халта | Ø470x2 |
| Вазн | 70 кг |

### Таҷҳизоти кушодани ҷойи қулф барои дари MDF

| | |
|---|---|
| Модел | LD2400 |
| Шиддат | 220 В 50 Гц |
| Суръати максималии сӯрохкунӣ | 2000 мм/мин |
| Идоракунӣ | Дастӣ, нимавтоматӣ |
| Сарфи умумии иқтидор | 550 Вт·соат |
| Вазн | 5 кг |

## Тавсиф

Аввал мо корро аз буридани панели MDF бо андозаи зарурӣ оғоз мекунем. Мо корро мувофиқи фармоиш ё талаботи харидорон иҷро мекунем ва дар харидорони ҳар вилоят андозаҳо гуногун мешаванд. Барои ин ба мо таҷҳизоти буриши дуарра лозим мешавад. Таҷҳизоти буриши дуарра маҳсулотро бе шикастани канораш дар як ҳамворӣ мебурад, барои ин азбаски суръати арраи хурди пешин баланд аст, маҳсулот босифат мебарояд.

Пас аз он ки панели MDF-ро бо андозаи барои дар зарурӣ бурида гирифтем, онҳоро бо нақшҳои гуногуни мувофиқи талаби мизоҷ ороиш додан лозим меояд. Агар мизоҷи Шумо дарҳои шишадорро хоҳад, сохтани онҳо низ имконпазир аст. Талаботи асосӣ ба устое, ки бо таҷҳизоти Rover кор мекунад — беҳтар аст, ки ӯ малакаи истифодаи барномаи AutoCAD-ро дошта бошад.

Барои дари MDF асос сохта мешавад, сипас ду сатҳи ин асос бо MDF рӯйпӯш карда мешавад ва қисмҳои бо асос пайвастшуда пас аз хуб ширеш кардан бо ёрии таҷҳизоти пресси гидравликии сатҳаш гарм мустаҳкам карда мешаванд. Дар ин раванд ягон мех ва дигар воситаҳои мустаҳкамкунанда истифода намешаванд, бинобар ин маҳсулоти мо босифат мебарояд.

Ин таҷҳизоти ёрирасон барои он зарур аст, ки дар сехи истеҳсолии мо партовҳои зиёдатӣ пайдо нашаванд ва таҷҳизоти мо бехато кор кунанд. Раванди кори таҷҳизот хеле содда сохта шудааст: он партовҳоро ба халтаҳои махсус ҷамъ мекунад, пас аз анҷоми кор онро тоза карда, аз нав мегузоред.

Ин таҷҳизоти мо, ки ба Шумо пешниҳод мекунем, хеле қулай аст, ҳатто онро пас аз насби дар дар хона низ истифода бурдан мумкин аст. Ҳам дар ҳолати амудӣ ва ҳам уфуқӣ кор мекунад. Истифодаи он хеле содда сохта шудааст ва эҳтимоли он ки устоҳо ҳангоми истифода хато накунанд, баланд аст.

Пас аз анҷоми корҳо дарҳоро бо ёрии ранг ва лок хуб ранг кардан лозим мешавад. Дар ин раванд ба Шумо компрессори ҳаво лозим мешавад. Азбаски ёфтани компрессорҳо дар бозори маҳаллӣ душвор нест, мо онро ба таркиби хат дохил накардем.

## Видео

- https://youtu.be/C-2gla6mteQ
- https://youtu.be/6buYDNViTzM

Тегҳо: afex, аз чин, Дарҳо, истеҳсол, МДФ, чин

**Нарх:** Расонидан, насб, кафолат — нархро дархост кунед.

---
Саҳифа (HTML): https://afex.uz/tj/product/khati-istehsoli-darhoi-mdf-af-l012/
tg · [uz](https://afex.uz/product/mdf-eshiklar-ishlab-chiqarish-liniyasi.md) · [en](https://afex.uz/en/product/mdf-door-production-line-af-l012.md) · [kk](https://afex.uz/kz/product/mdf-esikter-ondiru-jelisi-af-l012.md) · [ru](https://afex.uz/ru/product/liniya-po-proizvodstvu-dverey-iz-mdf-af-l012.md) · [zh-CN](https://afex.uz/cn/product/mdf-men-shengchan-xian-af-l012.md)
