1 / 12Хати истеҳсоли чӯбчаҳои тоза кардани гӯш
Аъзои дастаи AFEX-GROUP пешниҳоди навъҳои фоиданок ва сердаромади тиҷоратро ба Шумо идома медиҳанд.
Тавсиф
Дар бораи таҷҳизот
Аъзои дастаи AFEX-GROUP пешниҳоди навъҳои фоиданок ва сердаромади тиҷоратро ба Шумо идома медиҳанд. Хати истеҳсолии навбатии мо низ аз соҳаҳои сердаромад ба шумор меравад. Маҳсулотро дар ҳаёти ҳаррӯза, нигоҳубини кӯдак, соҳаҳои тиб ва косметология истифода бурдан мумкин аст. Бо ёрии таҷҳизоти мо Шумо метавонед чӯбчаҳои тоза кардани гӯшро бо андозаҳо ва қолабҳои (намуди) гуногун истеҳсол кунед.
Маълумоти умумӣ
Суръати истеҳсол: 1200 дона/мин
Шиддат: 380 В
Иқтидор: 13 кВт·соат
Навъи тампонкунӣ: яктарафа / дутарафа
Навъи чӯбчаҳо: пластикӣ, коғазӣ, чӯбӣ, бамбукӣ
Андозаҳои таҷҳизот: 7806*940*1790 мм
Навъҳои бастабандӣ: таҷҳизоти бастабандӣ иваз карда мешавад
Навъи сарчаҳои пахтагӣ: қолабҳо иваз карда мешаванд
Нақшаи ҷойгиршавӣ
Барои ҷойгир кардани таҷҳизот майдоне бо дарозии 8 метр ва бари 1 метр лозим аст. Дар маҷмӯъ майдони 30-40 метри мураббаъ кифоя аст.
Раванди истеҳсол
Қисми якум
Барои фаҳмидани раванди истеҳсол пеш аз ҳама бо қисмҳои таҷҳизот аз наздик шинос шудан лозим аст.
- Насоси ширеш. Ширешро ба қолаб мерасонад.
- Қисми танзими сарчаҳои пахтагӣ. Дар ин қисм танзим карда мешавад, ки пахтаро бо кадом ғафсӣ-вазн печондан лозим аст.
- Қисми коркарди чӯбчаҳо. Вазифаи ин қисм ду хел аст: агар чӯбчаи пластикӣ бошад, онро барои хуб часпидан хам кардан, ё ба чӯбчаҳои бамбукӣ/коғазӣ, чӯбӣ ширеш молидан.
- Пахтаро мебурад.
- Қолаб. Бо иваз кардани қолаб навъи печонданро муайян мекунад.
Намунаҳо аз раванди истеҳсол
Қисми дуюм
Вазифаи асосии ин таҷҳизот бартараф кардани намӣ дар маҳсулоти тайёр аст.
Қисми сеюм
- Қисми интиқолдиҳанда. Пас аз 100% тайёр шудани маҳсулот онҳоро бастабандӣ кардан зарур аст. Бо риояи талаботи гигиенӣ қисми махсус чӯбчаҳоро ба таври автоматӣ ба таҷҳизоти бастабандӣ мерасонад.
- Таҷҳизоти бастабандӣ. Дар қисми охири хати истеҳсолӣ таҷҳизоти бастабандӣ ҷойгир аст. Ба таркиби хат 1 таҷҳизоти бастабандӣ дохил карда шудааст. Агар бастабандии навъи дигар лозим бошад, бо пардохти иловагӣ таҷҳизоти бастабандӣ илова карда мешавад.
Дархости зуди нарх
Ном ва рақами телефони худро гузоред — боқимондаро мутахассиси мо ҳал мекунад.
Маълумоти шумо ба шахсони сеюм дода намешавад
Видео
Раванди кори таҷҳизот.
Расонидан ва ба кор андохтан
Аз машварат то ба кор андохтан — раванд дар чор марҳила, дар асоси шартнома.

Машварат
Эҳтиёҷоти шуморо муайян карда, конфигуратсия ва пешниҳоди тиҷоратӣ омода мекунем.

Шартнома
Мӯҳлат, тартиби пардохт ва шартҳои кафолат дар шартнома қайд карда мешаванд.

Расонидан
Таҷҳизот аз истеҳсолкунанда то иншооти шумо расонида мешавад.

Насб ва омӯзиш
Мутахассисони мо таҷҳизотро ба кор андохта, операторҳоро меомӯзонанд.
Саволҳои маъмул
Саволҳои аз ҳама бештар додашаванда оид ба расонидан, шартнома ва пайгирӣ.
Оё фармоишҳоямро онлайн пайгирӣ кардан мумкин аст?
Борҳо дар чанд муддат расонида мешаванд?
Кадом усулҳои расонидан мавҷуданд?
Барои бастани шартнома аз ман чӣ талаб карда мешавад?
Лоиҳаи шуморо якҷоя муҳокима мекунем
Барои гирифтани маслиҳат оид ба интихоби таҷҳизот, ҳалли техникӣ ва пешниҳодҳо бо мо тамос гиред.
Моро пайгирӣ кунед
Таҷҳизоти нав, ба кор андохтан ва равандҳои истеҳсолӣ — дар каналҳои расмии мо.
Таҷҳизоти монанд

Таҷҳизоти истеҳсоли чӯбчаҳои гӯштозакунак

Хати нимавтоматии истеҳсоли капсулаҳои моеъ
Дар анбор мавҷудТаҷҳизоти дискии шумурдан ва андохтани капсулаҳо

Хати автоматии истеҳсоли шамъҳои тиббӣ (суппозиторияҳо) AF-1LS

Хати истеҳсоли бинти тиббии стерилизатсияшуда ва ғайристерилӣ
Дар анбор мавҷудТаҷҳизоти нимавтоматии ултрасадоии кафшер кардани резина ба ниқоб

Таҷҳизоти истеҳсоли прокладкаҳои гигиении занона
