# Хати истеҳсоли чӯбчаҳои тоза кардани гӯш
> Аъзои дастаи AFEX-GROUP пешниҳоди навъҳои фоиданок ва сердаромади тиҷоратро ба Шумо идома медиҳанд.
Каталог: Таҷҳизоти тиббӣ
Навсозӣ шуд: 2026-07-14

Аъзои дастаи AFEX-GROUP пешниҳоди навъҳои фоиданок ва сердаромади тиҷоратро ба Шумо идома медиҳанд. Хати истеҳсолии навбатии мо низ аз соҳаҳои сердаромад ба шумор меравад. Маҳсулотро дар ҳаёти ҳаррӯза, нигоҳубини кӯдак, соҳаҳои тиб ва косметология истифода бурдан мумкин аст. Бо ёрии таҷҳизоти мо Шумо метавонед чӯбчаҳои тоза кардани гӯшро бо андозаҳо ва қолабҳои (намуди) гуногун истеҳсол кунед.

## Тавсиф

### Маълумоти умумӣ

Суръати истеҳсол: 1200 дона/мин Шиддат: 380 В Иқтидор: 13 кВт·соат Навъи тампонкунӣ: яктарафа / дутарафа Навъи чӯбчаҳо: пластикӣ, коғазӣ, чӯбӣ, бамбукӣ Андозаҳои таҷҳизот: 7806\*940\*1790 мм Навъҳои бастабандӣ: таҷҳизоти бастабандӣ иваз карда мешавад Навъи сарчаҳои пахтагӣ: қолабҳо иваз карда мешаванд

### Нақшаи ҷойгиршавӣ

Барои ҷойгир кардани таҷҳизот майдоне бо дарозии 8 метр ва бари 1 метр лозим аст. Дар маҷмӯъ майдони 30-40 метри мураббаъ кифоя аст.

### Раванди истеҳсол

### Қисми якум

Барои фаҳмидани раванди истеҳсол пеш аз ҳама бо қисмҳои таҷҳизот аз наздик шинос шудан лозим аст.

- Насоси ширеш. Ширешро ба қолаб мерасонад.
- Қисми танзими сарчаҳои пахтагӣ. Дар ин қисм танзим карда мешавад, ки пахтаро бо кадом ғафсӣ-вазн печондан лозим аст.
- Қисми коркарди чӯбчаҳо. Вазифаи ин қисм ду хел аст: агар чӯбчаи пластикӣ бошад, онро барои хуб часпидан хам кардан, ё ба чӯбчаҳои бамбукӣ/коғазӣ, чӯбӣ ширеш молидан.
- Пахтаро мебурад.
- Қолаб. Бо иваз кардани қолаб навъи печонданро муайян мекунад.

### Намунаҳо аз раванди истеҳсол

### Қисми дуюм

Вазифаи асосии ин таҷҳизот бартараф кардани намӣ дар маҳсулоти тайёр аст.

### Қисми сеюм

- Қисми интиқолдиҳанда. Пас аз 100% тайёр шудани маҳсулот онҳоро бастабандӣ кардан зарур аст. Бо риояи талаботи гигиенӣ қисми махсус чӯбчаҳоро ба таври автоматӣ ба таҷҳизоти бастабандӣ мерасонад.
- Таҷҳизоти бастабандӣ. Дар қисми охири хати истеҳсолӣ таҷҳизоти бастабандӣ ҷойгир аст. Ба таркиби хат 1 таҷҳизоти бастабандӣ дохил карда шудааст. Агар бастабандии навъи дигар лозим бошад, бо пардохти иловагӣ таҷҳизоти бастабандӣ илова карда мешавад.

## Видео

- https://youtu.be/ls_4f_TBr4A

Тегҳо: гӯшковак, гӯшковак, гӯшпоккунак, тозакунии гӯш

**Нарх:** Расонидан, насб, кафолат — нархро дархост кунед.

---
Саҳифа (HTML): https://afex.uz/tj/product/khati-istehsoli-chubchahoi-toza-kardani-gush/
tg · [en](https://afex.uz/en/product/ear-cleaning-stick-production-line.md) · [uz](https://afex.uz/product/quloq-tozalash-tayoqchalari-ishlab-chiqarish-liniyasi.md) · [ru](https://afex.uz/ru/product/liniya-po-proizvodstvu-palochek-dlya-chistki-ushey.md) · [kk](https://afex.uz/kz/product/qulaq-tazalaityn-tayaqshalar-ondiru-jelisi.md) · [zh-CN](https://afex.uz/cn/product/mian-qian-shengchan-xian.md)
