# Хати истеҳсоли барчаспҳои бофандагӣ AF-L018
> Барчаспҳои бофандагӣ яке аз маҳсулоти асосӣ ва фоиданок ба ҳисоб мераванд, ки на ҳама ба онҳо диққат медиҳанд.
Каталог: Саноати сабук
SKU: AF-L018
Навсозӣ шуд: 2026-07-14

Барчаспҳои бофандагӣ яке аз маҳсулоти асосӣ ва фоиданок ба ҳисоб мераванд, ки на ҳама ба онҳо диққат медиҳанд. Зеро чунин барчаспҳо маълумотро дар бораи маҳсулоти асосӣ дар худ ҷамъ мекунанд. Ба ибораи дигар, онҳоро корти ташрифи маҳсулоти бофандагӣ номидан ҳам мумкин аст. Либосҳои бебарчасп ба "саворакори бесар" монанданд, зеро хусусиятҳои асосии либос, тарзи истифода, чӣ гуна нигоҳ доштан ва андозаҳои либос маҳз дар барчаспи либос навишта мешаванд. Маҳсулоти бебарчаспро бошад истеъмолкунандагон бо эътимоди комил қабул намекунанд ва ин таассуроти мусбатро дар бораи истеҳсолкунанда суст мекунад.

## Нишондиҳандаҳои асосӣ

- **Шиддат:** 220 В 50 Гц
- **Андоза:** 1800\*750\*2000 мм
- **Андозаи маҳсулот:** Ҳадди аксар: 140 мм
- **Суръати истеҳсол:** 60 м/мин
- **Вазн:** 800 кг
- **Сарфи барқ:** 6.7 кВт

## Хусусиятҳои техникӣ

### ТАҶҲИЗОТИ ЧОПИ БАРЧАСП

| | |
|---|---|
| Кишвари истеҳсол | Чин |
| Шиддат | 220 В 50 Гц |
| Андоза | 1800*750*2000 мм (Д*П*Б) |
| Сарфи барқ | 6.7 кВт |
| Андозаи маҳсулот | Ҳадди аксар: 140 мм |
| Майдони чоп | 127-254 мм |
| Суръати истеҳсол | 60 м/мин |
| Вазн | 800 кг |

| | |
|---|---|
| Кишвари истеҳсол | Чин |
| Шиддат | 220В |
| Андоза | 60*44*44 см (Д*П*Б) |
| Сарфи барқ | 1.5 кВт |
| Ҳаҷми буриш | Д:1-70 см; П:1-10 см |
| Суръати буриш | 400 дона/мин |
| Вазн | 50 кг |

## Тавсиф

Дастаи "AFEX-GROUP", ки бо пешниҳодҳои беназири худ ба Шумо шинос аст, маҳз чунин хати истеҳсоли барчаспҳои бофандагиро пешниҳод мекунад. Ин маҳсулот, ки дар назари аввал хурд менамояд, дар асл яке аз маҳсулоти серталабтарин аст. Бо оғози ин тиҷорат Шумо ба соҳибкороне, ки дар соҳаи либос ва умуман бофандагӣ фаъолият мекунанд, 'дасти ёрӣ дароз мекунед' ва муҳимтар аз ҳама, даромади хуб ба даст меоред.

Таҷҳизот барои чоп кардани маълумот ба рӯи барчаспҳо пешбинӣ шудааст. Бо насб кардани қолиби нақшдор ё навиштаҷотдори ба Шумо мувофиқ ба вали таҷҳизот Шумо метавонед ба рӯи барчасп ҳар гуна тасвирро гузоред. Таҷҳизот барои истифода қулай ва бехатар аст. Барои нақшҳои нодир имконияти истифодаи рангҳои равғанӣ ва рангҳои моеъ мавҷуд аст. Мутобиқати рангҳо амалан фарқ намекунад ва 0,1 мм-ро ташкил медиҳад. Бартарии таҷҳизот дар он аст, ки он метавонад ҳамзамон ба ду тараф нақш гузорад. Ин имкон медиҳад, ки вақти истеҳсол сарфа шавад.

### ТАҶҲИЗОТИ БУРИДАНИ ЛЕНТАҲО

Дар марҳилаи навбатӣ лентаҳои барчаспдор бо ёрии таҷҳизоти махсус бурида мешаванд

Ин таҷҳизот пурра автоматикунонида шудааст ва барои буридани барчаспҳо бо функсияи гарм ва хунук пешбинӣ шудааст. Функсияҳои буриши гарм ва хунук вобаста ба маводи лента тағйир меёбанд. Таҷҳизот ҳамаи навъҳои лентаҳои барчаспдорро бурида метавонад.

## Видео

- https://youtu.be/D4NHYAzVy6I

Тегҳо: аз чин, барчаспҳои матоӣ, истеҳсол, чин

**Нарх:** Расонидан, насб, кафолат — нархро дархост кунед.

---
Саҳифа (HTML): https://afex.uz/tj/product/khati-istehsoli-barchasphoi-bofandagi-af-l018/
tg · [en](https://afex.uz/en/product/textile-labels-production-line-af-l018.md) · [uz](https://afex.uz/product/tekstil-yorliqlari-ishlab-chiqarish-liniyasi-af-l018.md) · [ru](https://afex.uz/ru/product/liniya-po-proizvodstvu-tekstilnykh-etiketokaf-l018.md) · [kk](https://afex.uz/kz/product/toqyma-zattanbalaryn-ondiru-jelisi-af-l018.md) · [zh-CN](https://afex.uz/cn/product/fangzhi-pin-biaoqian-shengchan-xian-af-l018.md)
