# Хати ихчами истеҳсоли печене
> Азбаски мо дар асри технологияҳои пешрафта зиндагӣ мекунем, талаботи мо ба онҳо рӯз то рӯз меафзояд.
Каталог: Озуқаворӣ
SKU: 60dc65200bd70c09c12b1f6a
Навсозӣ шуд: 2026-07-15

Азбаски мо дар асри технологияҳои пешрафта зиндагӣ мекунем, талаботи мо ба онҳо рӯз то рӯз меафзояд. Агар гӯем, ки технологияҳои муосир ба ҳар як ҷанбаи ҳаёти мо, қариб ба ҳамаи соҳаҳо ворид шудаанд, хато намекунем. Яке аз чунин соҳаҳо, албатта, соҳаи хӯрокворӣ мебошад. Таҷҳизоте, ки имрӯз ба Шумо пешниҳод кардан мехоҳем, низ барои истеҳсоли маҳсулоте хизмат мекунад, ки на танҳо мардуми ӯзбек, балки тамоми ҷаҳон бо завқ истеъмол мекунанд – печене. Ин маҷмӯи таҷҳизот барои истеҳсоли печене пешбинӣ шудааст. Чунин печенеҳоро дар суратҳои боло дида метавонед. AFEX-GROUP ба Шумо маҷмӯи таҷҳизоти истеҳсоли ин навъи печенеҳоро пешниҳод мекунад. Умедворем, ки печенеҳои истеҳсолкардаи Шуморо мардум бо завқ истеъмол хоҳанд кард ва дар муддати кӯтоҳ муштариёни азизи худро ҷамъ карда метавонед.

## Тавсиф

Тавассути хати истеҳсоли печене навъҳои гуногуни печене, аз қабили нарм ва сахт, сэндвич тайёр кардан мумкин аст. Ба хати автоматии истеҳсолӣ миксер, таҷҳизоти шаклдиҳии печене, қолибҳои туннелӣ, таҷҳизоти равғанпошӣ, конвейери хунуккунӣ, қуттии идоракунӣ ва таҷҳизоти бастабандӣ дохил мешаванд. Бисквитро мувофиқи хоҳиши Шумо тартиб додан мумкин аст, масалан, шакл, шакли ороиш ва ғафсии печене ва ғайра.

### Таҷҳизоти тайёр кардани хамир барои печене бо ёрии миксер

Мошин як навъи миксер аст, ки барои истеҳсоли ҳама навъҳои маҳсулоти хӯрокворӣ мувофиқ мебошад. Сифати хамири дар он омехташуда хеле хуб аст. Миксери хамир ба стандарти сифати SB / T 10127-92 мувофиқат мекунад, ки стандарти зарурии сифати саноати хӯрокворӣ мебошад. Редуктори навъи наве, ки дар миксер истифода шудааст, равандро автоматӣ мегардонад ва ба осон гузаштани он мусоидат мекунад.

### Таҷҳизоти шаклдиҳии печенеи нарм ва сахт

Вазифаи ин таҷҳизот – тайёр кардани печенеи нарм ва сахт, печенеи ширин ва дигар навъҳои печенеи ғафс. Бо иваз кардани қолибҳои таҷҳизот печенеҳои шаклҳои гуногунро истеҳсол кардан мумкин аст. Дар ин таҷҳизот барои паҳн кардани хамир се воситаи ченкунӣ мавҷуд аст. Дар таҷҳизот се раванд ба амал меояд: хамирро паҳн мекунад, печенеи сахтро қолаб мезанад, хамири зиёдатиро бармегардонад. Дар таҷҳизот ҳамагӣ панҷ тасма истифода шудааст. Дар таги мошин чор чархи резинӣ мавҷуд аст, ки ҳангоми истеҳсол ва хизматрасонии техникӣ ба осонӣ ҳаракат мекунад.

### Кӯраи туннелӣ (навъи барқӣ)

Ин кӯраи туннелӣ аз туннел, конвейер, системаи идоракунии конвейер, дудбаро, қубурҳои гармкунии барқӣ ва ҷевони идоракунӣ иборат аст. Инверторҳои басомадӣ ҳароратро дар сатҳи дақиқ якмаром нигоҳ медоранд. Ҳароратро танзим кардан мумкин аст, ки ин на танҳо энергияро сарфа мекунад, балки боиси босифат ва болаззат баромадани печене мегардад.

### Таҷҳизоти равғанпошӣ ба сатҳи печенеҳои тайёр

Печенеи пухтаи гарм пас аз кӯраи туннелӣ фавран ба таҷҳизоти равғанпошӣ расонида мешавад, ки ин барои истеҳсоли печенеи баландсифат ва беҳтар шудани таъми он зарур аст. Барои рехтани равған аз зарфи равған насоси марказгурез истифода шудааст. Бо муҳаррик кор мекунад. Дар қубур барои идора кардани ҳаҷми равған якчанд клапан мавҷуд аст. Бо дастгоҳи идоракунии ҳарорат муҷаҳҳаз аст. Паҳнии равғанпошӣ 360°.

### Конвейери хунуккунӣ

Пас аз анҷоми марҳилаи равғанпошӣ бо ёрии ин таҷҳизот печенеҳо хунук карда мешаванд. Суръати хунуккуниро тағйир додан мумкин аст.

### Қолибҳо барои печене

Ин таҷҳизот барои шакл додани ғафсии печене зарур аст.

### Қуттии идоракунӣ барои танзими ҳарорат

## Видео

- https://youtu.be/HJoqn8QghPk

Тегҳо: истеҳсол, кулча, озуқаворӣ, таҷҳизот

**Нарх:** Расонидан, насб, кафолат — нархро дархост кунед.

---
Саҳифа (HTML): https://afex.uz/tj/product/khati-ikhchami-istehsoli-pechene/
tg · [ru](https://afex.uz/ru/product/kompaktnaya-liniya-po-proizvodstvu-pechenya.md) · [en](https://afex.uz/en/product/compact-biscuit-production-line.md) · [uz](https://afex.uz/product/pechenyelar-ishlab-chiqarish-liniyasi-2.md) · [kk](https://afex.uz/kz/product/pechene-ondirudin-yqsham-jelisi.md) · [zh-CN](https://afex.uz/cn/product/xiaoxing-binggan-shengchan-xian.md)
