1 / 6Фризери яхмос бо системаи PRE-COOLING AF-B001
Бо фаро расидани рӯзҳои гарм талаботи мардум ба маҳсулоти хунуккунанда (яхмос, нӯшокиҳои хунук) якбора афзоиш меёбад.
Тавсиф
Дар бораи таҷҳизот
Бо фаро расидани рӯзҳои гарм талаботи мардум ба маҳсулоти хунуккунанда (яхмос, нӯшокиҳои хунук) якбора афзоиш меёбад. Дар ин ҷо яке аз намудҳои олии тиҷорат барои соҳибкорони ҷавони мо тиҷорати яхмоси нарм аст. Ин тиҷорат, сарфи назар аз мавсимӣ буданаш, хеле сердаромад ҳисоб мешавад. Бо ин тиҷорат Шумо метавонед дар як сол бемалол 7-8 моҳ кор кунед. Ҳеҷ кас инкор намекунад, ки тиҷорати яхмос ба қатори тиҷоратҳои сердаромадтарин дохил мешавад ва ин нишондиҳанда бозгашти маблағи гузоштаи Шуморо то 300% таъмин мекунад. Муҳимтар аз ҳама, хавфи Шумо хеле кам хоҳад буд. Оғози ҳар гуна тиҷорат пеш аз ҳама ба таваккал асос меёбад; бо назардошти ин, бартарии ин тиҷорат дар он аст, ки маблағи ба таваккал гузоштаи Шумо кам аст ва ҳатто агар аз уҳдааш набароед, таҷҳизотро зуд ба каси дигар фурӯхта метавонед. Соҳибкорони ҷавон ва навкор пеш аз ҳама аз гум кардани маблағи худ метарсанд. Ширкати мо AFEX-GROUP барои Шумо аз байни зиёда аз 30 истеҳсолкунанда фризери аз ҳама босифатро интихоб кард, ки ба шароити иқлимии мо аз ҳар ҷиҳат мувофиқ аст, дар рӯзҳои гарми тобистон бемалол дар ҳавои кушод кор карда метавонад ва компрессори воридотӣ дорад. Фризери яхмоси мо аз дигар таҷҳизот чӣ фарқ дорад?
- Бо шиддати 220 В 50 Гц кор мекунад. (Ин ба Шумо имкон медиҳад, ки дар ҳар ҷо кор кунед ва хароҷоти барқро сарфа мекунад)
- Full stainless steel body, яъне пурра аз металли зангногир сохта шудааст, хизмати дарозмуддатро таъмин мекунад ва қисмҳо ба зангзанӣ дучор намешаванд.
- Системаи идоракунӣ бо панели LCD (имкон медиҳад, ки тамоми равандро аз экран назорат кунед)
- Системаи PRE-COOLING бо фармоиши махсус насб шудааст. Ин система дар шароити иқлимии мо хеле зарур аст, яъне тавассути он Шумо метавонед қисмеро, ки дар он омехтаи ширӣ нигоҳ дошта мешавад, низ хунук кунед. Ин дар навбати худ хатари вайрон шудани омехтаро дар қисм дар рӯзҳои тафсон аз байн мебарад. Баъзан овозаҳо мешунавем, ки касе аз яхмос заҳролуд шудааст, аммо дар Шумо чунин ногувориҳо рух намедиҳанд.
- Easy Move, яъне бо ёрии чархҳои махсус Шумо метавонед таҷҳизотро худатон, бе кумаки дигарон, аз як ҷо ба ҷои дигар кӯчонед.
- Italian ultra silent compressor – ин компрессор барои зуд тайёр шудани яхмоси Шумо ва системаи пурқуввати хунуккунӣ масъул аст. Инчунин ин компрессор бо фреони R404A кор мекунад, ки таъсири манфиаш ба экология камтарин ҳисоб мешавад. Ҳангоми кори компрессор садои он қариб шунида намешавад.
- Баъзе мизоҷон аз сальникҳои резинии таҷҳизот бо мурури замон шикоят мекунанд. Мо бошем, ин талаби Шуморо ба назар гирифта, ба он сальникҳои эҳтиётӣ ройгон пешниҳод мекунем.
- Дастакҳои махсус барои рехтани яхмос ба ҷои пластики муқаррарӣ аз металли зангногири SS304 сохта шудаанд. Ин онҳоро аз оқибатҳои манфӣ, аз қабили зард шудани ранг ва шикананда шудан дар рӯзҳои гарм эмин медорад.
- Дастурамали истифода бо забони англисӣ метавонад барои харидор ҳангоми мустақилона анҷом додани таъмири сабук ёрдамчии наздик бошад.




Дархости зуди нарх
Ном ва рақами телефони худро гузоред — боқимондаро мутахассиси мо ҳал мекунад.
Маълумоти шумо ба шахсони сеюм дода намешавад
Расонидан ва ба кор андохтан
Аз машварат то ба кор андохтан — раванд дар чор марҳила, дар асоси шартнома.

Машварат
Эҳтиёҷоти шуморо муайян карда, конфигуратсия ва пешниҳоди тиҷоратӣ омода мекунем.

Шартнома
Мӯҳлат, тартиби пардохт ва шартҳои кафолат дар шартнома қайд карда мешаванд.

Расонидан
Таҷҳизот аз истеҳсолкунанда то иншооти шумо расонида мешавад.

Насб ва омӯзиш
Мутахассисони мо таҷҳизотро ба кор андохта, операторҳоро меомӯзонанд.
Саволҳои маъмул
Саволҳои аз ҳама бештар додашаванда оид ба расонидан, шартнома ва пайгирӣ.
Оё фармоишҳоямро онлайн пайгирӣ кардан мумкин аст?
Борҳо дар чанд муддат расонида мешаванд?
Кадом усулҳои расонидан мавҷуданд?
Барои бастани шартнома аз ман чӣ талаб карда мешавад?
Лоиҳаи шуморо якҷоя муҳокима мекунем
Барои гирифтани маслиҳат оид ба интихоби таҷҳизот, ҳалли техникӣ ва пешниҳодҳо бо мо тамос гиред.
Моро пайгирӣ кунед
Таҷҳизоти нав, ба кор андохтан ва равандҳои истеҳсолӣ — дар каналҳои расмии мо.
Таҷҳизоти монанд

Таҷҳизоти насли нави яхмоси нарм Frigomix AF-350IC

Таҷҳизоти тайёр кардани мукаабҳои ях
Дар анбор мавҷудТаҷҳизоти frigomix барои яхмоси нарм

Хати истеҳсоли шарбати ангур

Таҷҳизоти истеҳсоли попкорни амрикоӣ

Таҷҳизоти тоза кардани пӯсти сирпиёз

Таҷҳизоти майда кардани гӯшт ва устухон
